Таҷлили бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_7152

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантони лаёқатманд вобаста ба рушди анъанаҳои миллӣ ҳамасола дар Академияи идоракунии давлатӣ ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил мегардад.

– Наврӯз ва пойандози сабзе, ки фасли баҳор дар сарзамини биҳиштии мо эҳё кардааст, моро ба сӯи мақсади олӣ-татбиқи волотарин ормонҳои давлатдорӣ ва сиёсати Ҳукумати мамлакат дилпурона ҳидоят менамояд, -ин нукта дар тантанаҳои имсолаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки  Абдухалил Ғафурзода – ректори Академия, Олимшо Меҳрӣ – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Бибиосия Аюбӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Амирбекзода – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати маориф ва илм, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Академия баргузор шуд, иброз гардид.

Нахуст ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, кулли ҳозиринро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз, бедоршавии табиат, ки дар худ садоқати ҷовидонаро барои анъанаҳо, умедвориҳои неку равшанро баҳри оянда таҷассум менамояд, муборакбод намуд.

 – Наврӯзи имсола барои мо – устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантони ин боргоҳ саҳифаи наверо оғоз намуд. Дар арафаи ин ҷашни бостониву некқадам тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академия табдил дода шуд ва имсол бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону кормандони Академия ҷашни Наврӯзро дар бинои нав таҷлил менамоянд” – афзуд Абдухалил Давлаталӣ.

Олимшо Меҳрӣ перомуни аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани Рӯзи байналмилалии Наврӯз ёдрас шуда, онро барои мардуми Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони асосии ба сатҳи ҷашни байналмилалӣ баровардани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, боиси ифтихор номид.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ як қатор устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли Академия барои саҳми арзанда, дастовардҳои назаррас дар раванди таълиму тарбия ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ бо нишонҳои Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорнома ва туҳфаҳои вазорату идораҳои давлатӣ ва Академия сарфароз гардонида шуданд.

Баъдан барномаи театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия, ки тараннумгари бузургдошти Наврӯз, сулҳу ваҳдат ва ободонию созандагӣ буд, аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ гардид.

Дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ аъзои ҳакамони озмуни наврӯзӣ аз растаҳои наврӯзии Раёсати Академия ва донишҷӯёну магистрантон, ки фарогири урфу одатҳои гузаштагонам буд дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Пас аз анҷоми қисмати фарҳангии чорабинии наврӯзӣ дар саҳни Академия бо иштироки ректори Академия ва сармураббии тими миллии кишвар оид ба дзудо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки он хоси наврӯзист. Дар мусобиқа беш 60 нафар паҳлавон аз муассисаҳои олии кишвар иштирок намуданд. Ғолибони нерӯсанҷ бо туҳфаҳои пурарзиши моливу пулӣ қадршиносӣ шуданд. “Шоҳҷоиза” насиби Фаррух Ҳалимов – донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

        Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода А.Д. Наврӯзи оламафрӯзро бори дигар ҳамчун як рукни худшиносии миллӣ, василаи дӯстию рафоқат ва ҳамчун ҷашни ниёгони аҷдоди маънидод карда, эҳё гардидани ҷашнҳои мардумиро ба Истиқлолияти давлатӣ рабт дод. Мавриди зикр аст, ки дар доираи омодагиҳо ба пешвози ин иди хуҷаста дар гирду атрофи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 5000 гулҳои лолаи гуногунранги мавсимӣ шинонида шудаанд, ки ба ҳусни ин боргоҳи таълимӣ ҳусни дигар зам намуд.

Blog Attachment

Похожие записи