Терроризм – таҳдид ба амнияти ҷаҳон

IMG_5011

Дар Академияи идоракунии давлатии наздиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ семинари илмӣ – малӣ таҳти унвони “Терроризм – таҳдид ба амнияти ҷаҳон” баргузор гардид.

Дар семинари мазкур, Салоҳиддинов Восит, сардори раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, Бобозода Фаридун, декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, Мавлоназаров Силмон, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ, Равшаналиев Фирӯз, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ибодуллоев Муҳаммадӣ, директори фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет, устодон, донишҷӯёну магистрантон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Силмон Мавлоназаров, семинаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад.

Фирӯз Равшаналиев изҳор дошт, ки дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои гурӯҳҳои террористӣ нигарон набошад.Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғайриинсонии худ ба зӯроварӣ, вайрону валангор намудани мероси фарҳангии бостонии халқу миллатҳо даст мезананд.

Дар марҳалаи ҳозира рушд ёфтани фаъолияти таълимоти экстремистӣ ва террористӣ аҳли ҷомеаи кишварро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишварамон самарабахш амалӣ созем.

Зикр гашт, ки рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Ибодуллоев Муҳаммадӣ , вобаста ҷалби ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳои ифротӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, оид ба масъалаи мазкур корҳои босамар амалӣ гашта, тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар охир изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони шарафманди тоҷик бо дарки пойдории ваҳдату истиқлолият ва фароҳамии шароити мусоид омода ҳастанд, ки бо донишу малакаи муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди ватандўстиву ифтихори миллӣ ба Тоҷикистони азизи худ хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, ҳар гўшаву канори онро ҳифз намоянд ва барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузоранду ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бошанд.

Blog Attachment

Похожие записи