|
Давлатова Рухсора Олимовна
Мудири китобхонаи илмӣ
Тел: (+992) 905-95-27-22
E-mail: @mail.ru
ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАИ ИЛМӢ ВА ЭЛЕКТРОНИИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Китобхонаи илмӣ ва электронӣ як ҷузъи таркибии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун воҳиди сохтории Академия соли 2019 дар заминаи Китобхонаи илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Фаъолияти Китобхона дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, “Дар бораи табъу нашр”, “Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академия, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Академия ва Низомномаи китобхона амал менамояд.
Китобхона бо хадамоти китобдорию библиографӣ ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ, тарбиявӣ, китобҳои дарсӣ, манобеи илмӣ ва бадеиро таъмин намуда, дар баробари он маркази андўхтани дониш, мулоқоти маънавию фарҳангӣ мебошад.
СОХТОРИ КИТОБХОНА
Сохтори Китобхонаи илмӣ ва электронӣ дар асоси Низомномаи китобхона, ки аз ҷониби Шўрои олимони Академия аз 30 сентябри соли 2021, №2/11 тасдиқ шудааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» мутобиқ аст, ташкил ёфтааст.
Китобхонаи илмӣ ва электронӣ аз фонди умумии адабиётҳои илмӣ, таълимӣ, тахассусӣ, адабиётҳои сиёсӣ ва бадеӣ, толори хизматрасонии абонемент, коркарди адабиёт, бахши илмӣ, методӣ-библиографӣ ва китобхонаи электронии ба шабакаи интернет пайвастбуда таркиб ёфтааст.
Китобхонаи илмӣ ва электронӣ бо 75 адад моноблокҳои замонавӣ дар се синфхона муҷҷаҳаз гардонида шуда, ба шабакаи интернет пайваст мебошанд ва ба фонди китобҳои электронӣ дастрасӣ доранд.
Дар толори хониш низ 10 адад моноблокҳои замонавӣ ба шабакаи интернет пайвастанд ва барои озодона аз маводҳои мавҷуда истифода бурдани хонандагон фароҳам гардидаанд. Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки Китобхонаи электронӣ таввасути шабакаи интернетӣ ба барномаи автоматикунонии низоми таълим пайваст буда, ҳамаи донишҷӯён дар дилхоҳ таҷҳизоти дорои интернет метавонанд ба воситаи кабинети инфиродии хеш аз китобҳои электронӣ истифода намоянд.
Инчунин Академия бо 17 муассисаҳои таълимии дуру наздик, аз ҷумла бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Туркманистон, Академияи миллии идоракунии Хитой, Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Н. Гумилёв, Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмиллалии Москва ва як қатор инсититутҳои илмӣ-тадқиқотӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, ба фонди электронии Китобхонаҳои муассисаҳои зикргардида, дастрасӣ дорад.
ФОНДИ КИТОБХОНА
Фонди Китобхонаи илмӣ ва электронӣ 2 280 252 (ду миллиону дусаду ҳаштод ҳазору дусаду панҷоҳу ду) нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 24 252 (бисту чор ҳазору дусаду панҷоҳу ду) нусха дар хазинаи асосӣ ва 2 256 000 (ду миллиону дусаду панҷоҳу шаш ҳазор) маводҳои электронӣ дар фонди Китобхона дастрас мебошанд.
Фонди Китобхона тариқи картотекаи электронӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон ба воситаи ин барнома хизматрасонӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар хобгоҳи донишҷӯён, дар Маркази омӯзишии Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, Маркази СҲШ ва факултетҳо гӯшаҳои сайёри китобҳо ташкил карда шудаанд, ки донишҷӯёну устодони Академия озодона аз ин китобҳо истифода менамоянд.
ДАСТГОҲИ МАЪЛУМОТДИҲӢ - БИБЛИОГРАФӢ
Дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ дар китобхона анъанавӣ-электронӣ ва рақамӣ буда, пурра фонди китобхонаро дар бар мегирад ва ба тариқи рақамӣ созмон дода шудааст.
Аз рўйи нақшаи кории Китобхона дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ ба таснифи фонди китобхона ва фондсозии талаботи илмӣ мураттаб карда шуда, феҳристи комили таснифии электронӣ ва феҳристи рақамӣ барои аъзоёни китобхона ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин радиф, корҳои феҳристнигории электронӣ барои дўстдорон ва истифодарбарандагони китоб тариқи барномаи картотека пешниҳод карда шудааст, ки ҳамарўза аз он хонандагон истифода мебаранд.
ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ – ОММАВИИ
КИТОБХОНАИ ИЛМӢ ВА ЭЛЕКТРОНӢ
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луѓавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар Китобхона тибқи нақшаи корӣ маҳфилҳои доимамалкунандаи “Китобхон” ва “Хирад афсари шаҳриёрон бувад”амал менамояд.
Маҳфили “Китобхон” ҳафтае як маротиба роҳандозӣ гардидааст. Дар он донишҷӯёне, ки завқи баланди китобхонӣ доранд, ҷалб гардидаанд.
Маҳфили “Хирад афсари шаҳриёрон бувад” моҳе як маротиба роҳандозӣ гардидааст. Дар ин маҳфил китобҳои тозанашре, ки ба Китобхона ворид мегарданд, ба хонандагону устодон муаррифӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, тибқи нақшаи корӣ соле як маротиба байни донишҷӯёну кормандон, устодон озмуни “Китобхони беҳтарин” доир мегардад.
Озмун тибқи тартиби Низомномаи озмуни “Китобхони беҳтарин” амал намуда, ѓолибон аз рўйи номинатсияҳо муайян мегарданд. Ғолибонро аз рӯйи номинатсияҳо ҳайати комиссия муайян намуда, бо мукофотҳои молиявӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Мӯҳтавои чорабиниҳои доиргардида тавассути бонки иттилоотии электронӣ дар сомонаи расмии Академия гузошта мешаванд ва ҳамагон метавонанд, тавассути шабакаи интернет бо навидҳои Китобхона шинос шаванд.