LCD SMART-ЭКРАНҲОИ ИТЕРАКТИВӢ ВА САМАРАНОКИИ ОН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои дақиқ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи васеи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд”.
Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафакури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиқ гузоштаанд. Яқин мегардад, ки танҳо инсони фарҳангӣ ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.
Тахтаи электронӣ яке аз таҷҳизоти замонавӣ мебошад, ки тавассути проектори мултимедӣ ва компютер ба кор дароварда мешавад. Имкониятҳои бениҳоят зиёд дошта, баҳри баланд бардоштани сифати машғулиятҳо мавқеи муҳим мебозад. Аввалин тахтаи электронии таълимӣ солҳои 90-уми асри ХХ аз тарафи ширкати “Smart” ихтироъ карда шуд.
Мафҳуми Smart дар соҳаи информатика ва технологияи иттилоотӣ маънои истифодаи технологияҳои муосир дар беҳтарсозии фаъолияти мост. Он аз зеҳни сунъӣ, Интернет ва дигар воситаҳои технологие, ки барои боло бурдани самаранокии раванди таълим ва кор дар фаъолияти мо нигаронида шудаанд, иборат мебошад. Технологияи Smart-ҳои интерактивӣ ё донно технологияҳое, ки имкон медиҳанд синфхонаҳо ба таври фосилавӣ тариқи замимаи мобилӣ ва ё кӯмакрасонандаи овозӣ идора карда шавад. Бо ин усул, ба омӯзгор ё таълимдиҳанда имкон ҳаст, ки рӯнамоҳои худро ба тариқи визуали намоиш диҳанд истифода бурда мешаванд.
Чихеле, ки борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон қайд кардаанд, барои расидан ба стандартҳои ҷаҳонӣ мо бояд пеш аз ҳама заминаҳои моддию техникии таълимро пурқувват намоем.
Хушбахтона, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи истифодаи тахтаи электронӣ, проекторҳои мултимедӣ ва Smart экранҳои интерактивии таълими мавҷуд аст. Ба ғайр аз синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаҳои электронӣ боз чанд синфхонаҳои дигар низ бо тахтаи электронӣ ва Smart-экранҳои интерактивии таълими таъмин карда шудаанд. Академия дорои 4 факултет ва дар ҳар як факултет дорои синфхонаҳои муҷаҳаз аз тахтаи электронӣ ва Smart-экранҳои интерактивӣ мебошад, ки бо компютерҳои замонавӣ ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 124 адад компютерҳои фардӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, 17 тахтаи электронӣ, 17 проектори мултимедӣ ва 37 адад Smart-экранҳои интерактивӣ мавҷуд аст, ки омӯзгорон ва устодонро мебояд аз чунин шароити муосид ба таври васеъ истифода бояд бурд.
Имрӯз қариб тамоми синфхонаҳои таълимии компютерӣ, толорҳои лексионӣ, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳу толорҳои семинарӣ, конфронсӣ ва ғайра бо тахтаҳои электронӣ ва Smart-экранҳои интерактивӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Аммо барои дар шакли дастрас, ва шавқовар пешниҳод намудани муҳтавои маъруза ё матни лексия онро бо ёрии барномаи махсус тайёр кардан лозим аст. Синфи ин гуна барномаҳоро виросторони рӯнамосоз меноманд.
Албатта, дарси пурмазмун ҳунармандии омӯзгорро талаб мекунад. Аз ин рӯ, мо, омӯзгорони Академия бояд пайваста бикӯшем, ки бо тахтаи электронӣ ва Smart-экранҳои интерактивӣ дарси худро самаранок гузаронем. Истифодаи дасгоҳҳои электронӣ имконият медиҳад, ки дарс шавқовар, ҷолиби диққат, пурмуҳтаво ва мувофиқи матлаб гузарад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Шунидан кай бувад монанди дидан”.
Истифодаи тахтаи электронӣ ва Smart-экранҳои интерактивии таълими ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки вақти худро сарфакорона истифода барад, чунки ҳангоми истифодаи дасгоҳҳои техникӣ нисбат ба тахтаи муқаррарӣ 30%-и вақт сарфа мегардад.
Омӯзгорони мо бояд пайваста дар дарсҳои худ аз наворҳои таълимӣ, намойишномаҳо ва рӯнамоҳо (презентация) истифода баранд.
Намойишнома ё рӯнамо – ин худ айёнияти электронӣ мебошад. Ин ҷо солҳои мактабии худро ба хотир овардан ба маврид аст. Устодони мо барои фаҳмонидани мавзӯи нав аз ватман (плакатҳо)-и дастӣ кашидашуда истифода мебурданд. Ҳоло бошад тараққиёти илму техника ба мо шароит фароҳам меоварад, ки мо ин айёниятҳоро бо сифати баланд ва бе харҷи зиёдатӣ омода намоем.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тахтаи электронӣ ё Smart-экранҳои интерактивиро ҳамчун тахтаи муқаррарӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Фақат дар ин ҷо вазифаи бӯрро маркер ва вазифаи латтаро хатпоккунак иҷро мекунад.
Тахтаи электронӣ ё Smart-экранҳои интерактивии таълими дар вақти гузаронидани машғулиятҳои ҳамаи фанҳои таълимӣ истифода бурдан мумкин аст. Он оид ба фанҳои алоҳида дорои якчанд функсияҳо мебошад, ки кори омӯзгорро хеле осон мегардонад.
Асри XXI, ки асри технологияи инноватсионӣ аст, ҳамаи омӯзгоронро водор месозад, ки дар ҷараёни ҳар як дарс технологияи навро истифода баранд. Барои ноил шудан ба сифати баланди таълим шароити мусоид фароҳам овардан лозим, зеро бе техника ва технологияи иттилоотӣ ҷамъият тараққӣ карда наметавонад.
Файзализода БАҲРУЛЛО,
профессори кафедраи технологияи
иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академия,
доктори илмҳои педагогӣ