Дар асоси дастуру супоришҳои Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои садорати факултети дипломатия ва сиёсат вохӯрии декани факултет Исматуллозода Фаридун Исматулло бо донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Вохӯриро декани факултет Фаридун Исматуллозода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки тайёр намудани мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ, забондону суханвар ва донишманд тақозои замон буда, аз ҷониби давлату Ҳукумат ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Донишҷӯёнро мебояд, дар давраи таҳсил фаъолияти хуб нишон дода, дар озмуну мусобиқаҳо ширкат варзида, номи факултет ва Академияро муаррифӣ намоянд.
Дар ин баробар зикр шуд, ки дар Академия барои донишҷӯён ҳамаи шароитҳо ҷиҳати ташаккули шахсият ва қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонӣ муҳайё гардонида шуда, аз донишҷӯён танҳо интизому омӯзиш талаб карда мешавад. Донишҷӯёнро зарур аст, ки ба риояи интизому одоб ва таъмини иштироки ҳамешагӣ дар дарсҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, аз пайи омӯзиши илму дониш ва сайқал додани маҳорати худ талош намоянд. Садорати факултет ва раёсати Академия ҳамеша донишҷӯёнро дастгирӣ намуда, барои ҳал намудани мушкилоту муаммоҳои онҳо тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби декани факултет Фаридун Исматуллозода ба донишҷӯён таҳсили муваффақона ва комёбиҳои илмиву касбӣ таманно карда шуд.