Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2024, таҳти №478/ди “Дар бораи додани дараҷаи илмӣ” рисолаи доктории мудири кафедраи менеҷмент Қодирова Гулмо Толибовна тасдиқ гардида, дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дода шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки Қодирова Гулмо Толибовна рисолаи доктории худро санаи 06.05.2024 дар назди Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Ташаккули низоми баҳисобгирии муҳосибии субъектҳои хоҷагидорӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ: назария, методология, амалия” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.08 – Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, таҳти мушовири илмӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонов А.К. дифоъ намуда буд.
Раёсат ва ҳайати кормандону омӯзгорони Академия муаллимаи гиромиро бо ин дастоварди илмӣ дар риштаи иқтисодӣ табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназирро орзуманданд.