МАЪЛУМОТ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ВОРИД НАМУДАН ДАР СОМОНА
Муассисаи давлатии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дорои ҳуқуқи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 –уми феврали соли 2020 №1463 Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд.
Низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Таърихи Академия. Дар оғози Истиқлоли давлатӣ мактабҳои ҳизбӣ, ки дар тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар замони Шӯравӣ нақши асосӣ доштанд, аз байн рафтанд ва дар кишвари мо низоми муайяни таҳсили хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ амал намекард. Аммо барои рушди минбаъдаи соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули ҷавҳари кадрии ин соҳаи муҳим зарур буд. Дар навбати худ, ташкили низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ маҳаки асосии рушди захираҳои инсонии хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина ба такмилу таҳкими давлату давлатдории навини миллӣ мусоидат мекард.
Вобаста ба зарурати бамиёномадаи таҳсили хизматчиёни давлатӣ бо дарки масъулияти баланди рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ ва давлату давлатдории миллӣ барои ташкили низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 – уми октябри соли 2002, № 926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фаъолияти таълимӣ дар собиқ Донишкадаи мазкур аз ташкили аввалин курсҳои такмили ихтисос 26 – уми майи соли 2004 оғоз гардида буд.
Дар оғози фаъолият тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимӣ тасдиқ ва машғулиятҳо дар Донишкада амалӣ карда мешуданд. Соли 2007 тибқи ислоҳоти хизмати давлатӣ ва тағйирот ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар моддаи 19 муқаррар карда шуд, ки тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар асоси Фармоиши давлатӣ, инчунин талаботи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил собит намуд, ки барои баланд бардоштани неруи зеҳнию ақлонӣ ва инкишофи захираҳои инсонии хизматчиёни давлатӣ танҳо ташкили курсҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ кифоя нест.
Бо назардошти ин ва ҷиҳати ба талаботи замон мутобиқ гардонидани самаранокии идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 – уми августи соли 2013 №1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”таъсис дода шуд. Дар натиҷа Донишкада дар баробари азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ тайёркунии касбиро дар шакли бакалавриат ва магистратура (дар шаклҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти дуюм) ба роҳ монд.
Моҳи ноябри соли 2013 дар асоси тағйир ёфтани мақоми Донишкада имтиҳони қабули аввалин довталабон доир гардида, 82 нафар ба номи донишҷӯ мушарраф гардиданд ва аз 7 –уми январи соли 2014 дар таърихи собиқ Донишкада марҳилаи нав оғоз гардид. Дар факултетҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил дар бакалавриат оғоз гардид.
Моҳи сентябри соли 2019 дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимию маъмурии Донишкада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи Оиннома муассиси Донишкада ба ҳисоб мераванд, ба ин даргоҳи илму маърифат ташриф оварданд. Дар суханронии хеш Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Барои таъмин намудани пешрафти бонизоми давлати миллӣ мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ниёз дорем. Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои балналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем. Ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст”.
Вобаста ба ин, дар ин ҳамоиш Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми феврали соли 2020 №1463 муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд.
Ҳадафи асосии Академия тайёркунии касбии мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, инчунин бунёди низоми доимоамалкунандаи муосири баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Самтҳои асосиии фаъолияти Академия:
Академия барои пеш бурдани фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию интишорӣ дар самти идоракунии давлатӣ таъсис дода шуда, дорои вазифаҳои зерин мебошад:
- тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ,
- тайёркунии мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ;
- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, инчунин равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ;
- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
- хизматрасонии иттилоотию таҳлилӣ ва машваратӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
- дастгирӣ ва тарғиби сиёсати дохиливу хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ва ҳисси ватандӯстӣ.
Ҳамзамон, самтҳои муҳими фаъолияти Академия: таълимӣ, таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ, таҳририю интишоротӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва робитаҳои байналмилалӣ мебошанд.
Ҳайати роҳбарикунандаи Академия: ректор, ноибони ректор оид ба таълим, оид ба илм ва инноватсия, оид ба робитаҳои байналмилалӣ, оид ба корҳои идеологӣ ва тарбия, оид ба молия ва хоҷагӣ, раёсатҳо шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва кафедраҳо дар бар мегирад. Мақоми иҷроияи дастаҷамъӣ – Шӯрои олимони Академия мебошад.
Сохтори Академия аз ректор, ноиби якум ва ноибони ректор, 2 пажӯҳишгоҳ, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, 6 раёсат, 4 факултет, 16 кафедра, шуъбаи магистратура, котибот ва ёвари ректор, шуъбаҳо, китобхонаи илмӣ, бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона ва парки технологӣ иборат мебошад.
Донишкада ва факултетҳои Академия:
- Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, дорои ҳуқуқи таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, тайёркунии кадрҳои роҳбарикунандаи сиёсӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
- Факултети идоракунии давлатӣ, вазифаи асосии он тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура мебошад.
- Факултети дипломатия ва сиёсат, фаъолияти худро барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, омӯзиши амиқи дипломатия, ҳуқуқҳои байналмилалӣ, маъмурӣ ва конститутсионии давлатҳои хориҷӣ, такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайраро амалӣ менамояд.
- Факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои асосии сохтори Академия ба ҳисоб рафта дар асоси Қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикист аз 30 – юми августи соли 2023 таъсис ёфтааст. Факултет маркази асосӣ ва пешбарандаи таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баҳри таҳқиқу омӯзиши паҳлуҳои гуногуни илмҳои ҳуқуқшиносӣ мақоми хосаро доро мебошад.
- Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ, дорои ҳуқуқи таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, ҳамзамон тайёркунии кадрҳоро барои мақомоти давлатӣ ба тариқи фосилавӣ ва дар зинаи бакалавриат анҷом медиҳад.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академия таҷрибаи хуби илмӣ педагогӣ дошта, бо тайёрии махсуси амалияи фаъолияти ташкилӣ, таълимӣ, илмӣ ва маъмурӣ – идоракунӣ мусаллаҳ мебошанд ва дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилотии хориҷа ва дар ҷумҳурӣ мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.
Дар Академия шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ амал мекунад. Ҳамзамон бо мақсади тайёр кардани кадрҳои илмӣ – педагогӣ ташкили шӯроҳои диссертатсионии доктор Рhd аз рӯйи самтҳои мухталиф ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло дар зинаи докторантура-доктори фалсафа (PhD) нуҳ ихтисос амал мекунад: (6D051000 – Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ; 6D020200 – Муносибатҳои байналмилалӣ; 6D060200 – Методҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ; 6D030100 – Ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ; 6D030100 – Ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи судии конститутсионӣ; 6D052000 – Бизнес – мудирияти соҳибкорӣ; 6D051100 – Идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ; 6D050600 – Иқтисодиёт; 6D050200 – Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ.
Академия дорои заминаи ҳозиразамони таълимию методӣ ва моддию техникӣ мебошад.
Дар назди Раёсати таълим маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил карда шудааст. Дар ҳамаи ошёнаҳои Академия таҷҳизоти тақсимкунадаи интернет (бе ноқил) ва 148 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидааст. Серверҳое, ки барои ҷамъоварии маълумот ва нигоҳдории он пешбинӣ шудаанд, дар утоқи алоҳида насб гардида, тамоми маълумотҳои заруриро дар бораи донишҷӯёну магистрантон ва омӯзгорону кормандон ба системаи автоматикунонӣ ворид карда шудаанд.
Китобхонаҳои муҷаҳҳаз бо мавод ва адабиёти таълимию илмӣ, синфхона ва толорҳои бо воситаҳои техникии замонавии таълимӣ ва таҷҳизоти аудио-видеоӣ таъмин гашта, дар ихтиёри донишҷӯён, магистрантҳо ва шунавандагон мебошанд.
Фаъолияти илмии Академия. Дар Академия ба масъалаи тадқиқоти илмии бунёдӣ оид ба масъалаҳои муҳимми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, инчунин равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Омӯзиши таҷрибаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии кишварҳои пешрафта ва равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир низ яке аз самтҳои муҳимми корҳои илмию тадқиқотиро ташкил мекунанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии Академия таҳияи лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва дар доираи онҳо анҷом додани корҳои илмӣ мебошад. Дар Академия то имрӯз лоиҳаҳои илмӣ –тадқиқотии зерин анҷом дода шуда, таҳқиқи баъзеи онҳо идома дорад:
- тадқиқи масъалаҳои таъмини рушди устувори Тоҷикистон дар қаринаи расидан ба ҳадафҳои ҳазорсола;
-таъмини рушди устувори Тоҷикистон дар асоси коркарди фишангҳои танзими қарзи хориҷӣ;
- идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон: назария, амалия ва инноватсия;
- фарҳанги истилоҳоти хизмати давлатӣ» таҳия гардида, нашр гардид.
- дар доираи лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» 2 ҷилд китоб таҳия ва нашр гардида, ҷилди сеюми он барои нашр омода гардидааст.
- дар доираи лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотии «Энсиклопедия идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон» китоб дар ду ҷилд таҳия гардида, ҷилди якуми он ба нашр омода гардидааст.
Дар Академия то имрӯз китобҳои таълимӣ, илмӣ, адабиёт ва дастурҳои методӣ оид ба масъалаҳои назария ва амалияи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва масоили мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар дастурҳои илмӣ – методӣ дар бораи масъалаҳои идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ ва равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир таҳия ва чоп гардидаанд.
Кормандони Академия мунтазам дар конференсия, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ иштирок ва баромад мекунанд. Дар маҷмуъ тамоми дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои илмӣ – таҳқиқотии кормандони Академия сол ба сол афзуда, дар муқоиса ба солҳои пешин назаррас аст.
Магистратура. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 дар самти тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамкории судмандро бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Германия) ба роҳ мондааст ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратура аз рӯйи ихтисоси “Идоракунии давлатӣ” фаъолият дорад.
Ҳадафи асосии таъсиси магистратура пеш аз ҳама омода намудани мутахассисони баландпояи касбӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мебошад, ки имрӯз кишвари мо воқеан ба чунин мутахассисон ниёзи бештар дорад.
Ҳамзамон, Академия бо дастгирии молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тайёр намудани магистрҳо дар шаҳри Остона аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ» ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст ва ҳар сол дар асоси озмун хизматчиёни давлатӣ барои идомаи таҳсил ба ин кишвар фиристода мешаванд.
Дар баробари ин, дар Академия таҳсил дар зинаи магистратура аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии ҳайати кадрӣ ва аз соли 2019 аз рӯйи ихтисосҳои менеҷменти молиявӣ, менеҷменти сиёсӣ, идоракуни мақомоти маҳаллӣ ва худидораи маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2019 баъд аз таъин гардидани роҳбарияти нав ва 1 – уми сентябр дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ташриф овардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академия дар фаъолияти он гардиши куллӣ ба амал омад.
Дар ин рӯз бо иштироки Пешвои миллат маросими ифтитоҳи иншооти замонавӣ – бинои нави таълимӣ ва маъмурии Академия ба амал омад. Бинои навбунёд аз 12 ошёна ва ду қисм – қисми таълимӣ бо 1320 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 130 нафар иборат мебошад ва масоҳати умумии сохтмон қариб 20 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамзамон Пешвои миллат дар суханрониашон кайд намуданд: «Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои балналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем».
Бо назардошти ин суханони Пешвои миллат «Нақшаи мушаххаси рушди стратегии Академияи идоракунии давлатӣ таҳия гардида, дар сохтор ва низоми идоракунии раванди таълим дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид гардид. Дар раванди таълим тайёр кардани кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои нав: менеҷменти молиявӣ, менеҷменти сиёсӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ, идоракуни мақомоти маҳаллӣ ва худидораи маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Робитаҳои байналмилалӣ. Академия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷуён, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозира – замон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конфренсияҳои илмӣ – амалии байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар равона карда шудааст.
Ҳамзамон, Академия дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамкориҳои судманди тарафайни илмӣ, таълимӣ, тайёркунии касбӣ ва такмили ихтисосро бо академия ва институтҳои зиёди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ мондааст.
Айни замон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ташкили таҳсилу таҷрибаомӯзии кадрҳо дар хориҷи кишвар Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Федератсияи Россия, Академияи миллии идоракунии назди Президенти Украина, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Белорус, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ӯзбекистон, Донишкадаҳои минтақавии идоракунии давлатии Орёл, Донишкадаи идоракунии Поволже ба номи П.А. Столипини шаҳри Саратов ва Донишкадаи идоракунии давлатии шаҳри Владимири Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Федератсияи Россия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Бунёди Ҳаннс Зайдели Германия, филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи байналмилалии Эразмус ва ғайра ҳамкориҳои судманду фаъоли илмӣ ва таълимӣ дорад.
Дар Академия аз соли 2005 нашри маҷаллаи илмӣ – сиёсии «Паёми Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ» ба роҳ монда шуда буд. Аз ибтидои соли 2014 маҷаллаи илмӣ – сиёсии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав бо унвони “Идоракунии давлатӣ” дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном карда шудааст. Маҷалла 30 майи соли 2019 ба номгӯи маҷаллаҳо (нашрияҳо)-и тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Ҳамзамон, дар Академия аз моҳи сентябри соли 2019 моҳнома бо номи «Сарвар ва миллат», ки дар Вазорати фарҳанг таҳти №145/РЗ-97 аз 28 июли соли 2019 ба қайд гирифта шудааст, таъсис дода шуда, бо теъдоди 1000 нусха мунтазам нашр мегардад.
Дар Академия сомона (вебсайт) www.apa.tj ва почтаи электронии info@apa.tj амал мекунанд, ки барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ ва самарабахш ба роҳ мондани робитаи электронии байни Академия ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимию илмӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Таъминоти илмию методии таълим шарти муҳими амалишавии ислоҳоти низоми таҳсилот аст. Фароҳам овардани заминаи илмию методӣ имконият медиҳад, ки барои ба фарҳанги идоракунӣ воридсозии фазои эҷодӣ шароит муҳайё намуда, ба хизматчиёни давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, таъсири мусбат расонад.
Дар шароити рушди муосири ҷомеа ва раванди ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳиме, ки дар назди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии дорои донишу ҷаҳонбинии муосири ба талаботи ҷаҳони имрўза ва идоракунии муосири давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.
Академия минбаъд низ фаъолияти таълимию илмии худро дар самти тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ равона мегардонад. Дар ин самт роҳбарият ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, баланд бардоштани самаранокии он, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ бо талаботи рӯз, таҳкими иқтидори кадрӣ ва техникии Академияро дар маркази фаъолияти худ қарор медиҳад.
Ректорони Академия (Донишкада): Иноятова М. А. (2003-08), Ғаффорова Н. А. (2008-10), Шарофзода Г. (2010-13), Нуриддинов Ҳ. (и.в. ректор аз ноябри соли 2013 то январи соли 2014), Розиқзода А. Ш. (2014-15), Абдулхолиқзода Л. А. (2015-2019), Ғафурзода А.Д. ( 2019-2024 ), Сафарзода Даврон Ҷурахон (2024 то ҳоло)