АҚИДАҲОИ ПЕДАГОГИИ МУТАФАККИРОНИ ФОРСУ ТОҶИК ДАР РУШДИ ИЛМ ВА МАОРИФ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Хосияти аслии ҷомеаи инсонист, ки ҳар як пешрафти таҷрибаи фарҳангӣ — таърихиро аз як насл ба насли дигар мегузаронад ва ошно менамояд. Комилан табиист, ки инсонҳо зимни дастёбӣ ба розҳои ниҳонии ҷаҳон донишу ихтирооти худро барои ояндагон бигузоранд. Замоне ки донишҳо роҷеъ ба муҳити атроф зиёд набуд ва дар доираи таҷрибаҳои аввалин мутобиқшавӣ ба воқеияти атроф қарор дошт, масъалаи расонидани ин донишҳо низ мушкилии зиёде эҷод наменамуд. Дар давраҳои баъдии инкишофи фарҳангӣ, замоне ки пояҳои таҷрибавӣ ва назариявии шинохти илмии воқеият гузошта шуданд, мутаффакирони бузург ба фикри ин афтоданд, ки бо чи тариқе битавонанд донишҳои андӯхтаи хешро ба наслҳои баъдӣ бисупоранд.
Бевосита, рушду тараққиёти мамлакат ба саъю талоши насли эҷодкор алоқаманд аст ва ҷомеаи имрӯзаи кишвари моро зарур аст, ки дар тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд муносибати бомасъулият дошта бошад. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури ҷавонон бедор намудани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва идоракунии демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат намуданд, таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат қарор доранд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки объекти педагогикаро он қисмат аз зуҳуроти воқеияти мавҷуда ташкил медиҳад, ки худ сабабгори рушду инкишофи инсонанд. Ба шакли дигар, он иборат аз донишу маърифатест, ки илмҳои зиёде мисли фалсафа, психология ва ҷомеашиносӣ ба омӯзиши он машғуланд. Фанни педагогика бошад фарогири маълумоту маърифатест, ки ҳамчун раванди воқеӣ ва ҳақиқии педагогика дар институтҳои махсуси иҷтимоӣ, аз қабили оила, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ — тарбиявӣ ба роҳ монда мешавад.
Агар ба таърих назар афканем мебинем, ки олимону мутафаккирони бузург аз қабили Суқрот (бунёдгузори педагогикаи Юнони қадим), Афлотун (асосгузори академияи Афлотун дар Афина), Я.А. Каменский (поягузор усули пай дар пайи омӯзиш), К.Д. Ушинский (аввалин бор андешаи “Донистани тамоми ҷанбаҳои инсон”-ро асоснок намуд) Сухомлинский В.А (педагогҳои машҳури асри XX), Макаренко А.С (назария ва усулҳои тарбияро таҳия намуда, дар амал раванди таълимро бо меҳнати истеҳсолӣ ягона сохт) дар бораи вазифаҳо, роҳу усулҳо ва муайян кардани қонуни инкишофи вуҷуди инсонӣ саҳми бориз доранд.
Педагогика ҳамчун илм дар бораи таълиму тарбия вазифадор аст, ки ба таври аниқу равшан муайян намояд, ки бо чӣ тарзу тариқе таъсири тарбиявиро ба шахсият бояд расонид. Шаклу усулҳои гуногунро истифода бурда муҳимтар аз ҳама роҳҳои равона намудани таълиму тарбияро ба самтҳои лозима бояд донист.
Вобаста ба ин омӯзиши ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷик дар рушди илм ва маориф метавонад то дараҷае роҳи ҳалли ин мушкилот ба ҳисоб равад.
Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (1184-1293) омӯзгор ва мутафаккири асри XIII — и форсу тоҷик буда, ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз донишмандони аҳли дин буданд. Дар такомули маънавии ӯ саҳми падараш хеле бузург буд. Падараш ба Муслиҳиддини хурдсол талқин менамуд, ки муаллиму устодро бояд эҳтиром кард, зеро онҳо ҳукми падари маънавиро доранд. Аз ин лиҳоз, бо талқину таъсири падар Муслиҳиддин минбаъд ба муҳит ва зиндагӣ бо ҷиддият ва бо чашми ибрат нигариста, дар ҷустуҷӯи маърифат қадамҳои устуворро гузошта буд. Саъдии Шерозӣ эҷодиёти бою рангинро аз худ боқӣ гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо китобҳои “Гулистон” ва “Бӯстон” мебошанд. Мундариҷа ва муҳтавои осори Саъдии Шерозиро ҳалли масъалаҳои таълиму тарбия ва ахлоқ гашкил медиҳад. Ӯ ба кувваи таъсири тарбия бо шубҳа наменигарад ва дар ташаккули шахсияти инсон онро муҳим медонад. Аммо дар баробари ин қайд мекунад, ки шахси аслан баду нобакор ва бадзот бо тарбия ислоҳ намешавад, зеро тарбия дар тағйир додани ҷавҳару асли одамӣ қодир нест, фарзанди кундзеҳнро оқилу олим кардан ғайриимкон аст, чунки дар ҷавҳари ӯ истеъдоди фитрӣ нест. Аз ин рӯ мефармояд:
Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.
Ҳеҷ сайқал накӯ надонад кард,
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) дар деқаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Таҳсилро дар ибтидо назди падараш ва сипас дар мадрасаи “Низомия”-и шахри Ҳирот фаро гирифтааст. Вай баъди сафарҳои тӯлонӣ зимни шиносоӣ бо ҳаёти халқҳои гуногун ва олимони варзидаи он ҷойҳо ҳамчун мутафаккири тавоно ба воя мерасад. Ӯ аз худ осори илмию адабии зиёде ба мерос гузоштааст, ки миёни онҳо “Баҳористон” (1486) ҷойи махсус дорад.
Дар ин асар агар аз як тараф соддагӣ ва оммафаҳмии забон, дар зиёд истифода намудани ҳазлу шухӣ ва ҳаҷв намудани нуқсонҳои давр дида шавад, аз тарафи дигар шоир ҳангоми танқиди нуқсонҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавии давр бештар ба эҷодиёти даҳанакии халқ муроҷиат мекунад. А.Ҷомӣ бо ин асарҳои баландмазмун ва тарбиявии худ дар баробари намояндаи варзидаи соҳаи адабиёт буданаш, инчунин ҳамчун педагоги машҳури асри XV — и форсу тоҷик шинохта шудааст.
Абдураҳмон Ҷомӣ дар радифи ин гуфтаҳо инчунин ба паҳлӯҳои дигари ҳаёт, ба монанди ростиву ростагорӣ, некию дӯстӣ, пос доштани қадри омӯзгор ва ғайраҳо эътибори ҷиддӣ додааст. Вай некиву бадиро оммафаҳм карда, онҳоро зидди ҳам гузошта, суду зиёни онҳоро кушода додааст ва дар таърифу танқиди ин калимаҳои зидмаъно чунин гуфтааст:
Нек кун, то нек пеш ояд туро,
Бад макун, то бад нафарсояд туро.
Вай инчунин дурӯғ ва дурӯггӯёнро маҳкум намуда, дар ситоиши ростӣ ва росткорӣ ақидаронӣ намуда, онро чун василаи сарбаландӣ, арҷмандӣ , сулҳу амният ва растагорӣ ташвиқ менамояд:
Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин,
Рост гӯ, рост шунав, рост нишин.
А.Ҷомӣ инчунин ба дигар ҷабҳаҳои ҳаёт, чун вафову вафодорӣ, сахову карам, ҷавонмардӣ, адаб, эҳтироми устод, падару модар, пиронсолон ва хурдтаракон, сабру таҳаммул, ҳифзи обрӯ, ҳиммат, қаноат, назарбаландӣ, ҷидду ҳазл, хушхулқӣ, лутфу эҳсон ва амсоли инҳо назарандозӣ кардааст.
Аҳмади Дониш (1827-1897) аз мутафаккирони бузурги асри 19 буда, хондану навиштанро дар мактаби хусусие, ки модараш барои саводомӯзии кӯдакон кушода буд, ёд гирифтааст. Дар ин хусус менависад: “…ва пеш аз он ки маро ба дабиристон барои таълиму тааллум ниҳанд, дар хона ба ҳузури атфол пеши модар ба муколамаи абҷад ва тахтаи лавҳ вуқуфе ба хат ва хондани он ба ҳосил бурдааст. Ва ба хотир дорам, ки дар овони туфулият ба қаламу мавод ба деворҳои холӣ хатҳову шаклҳо мекашидам”. Аз ин бармеояд, ки Аҳмади Дониш кӯдаки боистеъдод буд ва қобилияти фавқулоддае доштааст. Ӯ ба кӯр — кӯрона ёд кардани ибораҳои душвору номафҳуми арабӣ қаноат накарда, кӯшиш менамояд, ки ба маънии ҳар ҷумлаю калима сарфаҳм равад.
Дар мероси илмӣ, фалсафӣ ва маорифпарварии Аҳмади Дониш ду асари ӯ махсусан аҳамияти педагогӣ доранд ва онҳо “Наводир-ул-вақоеъ” ва “Рисолаи таърихӣ” мебошанд. Дар “Наводир-ул-вақоеъ” оид ба тарбияи насли наврас, доир ба ахлоқ ва муомилаи табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, дар бораи рафторҳои ноодилонаи ҳукмронҳои замонаш — қозиву муфтӣ, вазиру қушбегӣ ва ғайра андешаронӣ кардааст ва мавқеи иҷтимоии худашро низ муайян намудааст. Масалан, дар таҳқиқи ҳуқуқи волидайн (падару модарон) ва ҳадди ҳуқуқи онҳо меоварад, ки падарони бадахлоқ фарзандонро ба дуздиву нопокӣ тарғиб мекунанд ва модарони сабукпо духтаронро ба роҳи бад мебаранд. Пас, бояд волидайн хайри фарзандонро бихоҳанд. Илова ба он таъкид менамояд, ки агар ҳар шахе истеъдод ва хоҳиши тарбия намудани ахлоқи худ дошта бошад, пас насиҳатҳои китобҳои гузаштагон ба вай асар мекунад.
Мутафаккир ба масъалаи усули таълим ва таҳсили нодурусти мадрасаҳо эътибори ҷиддӣ додааст. Дар баробари ин, барномаву китобҳои дарсиро зери танқид гирифта, беҳбудии онҳоро талаб менамояд. Баъди ду сафари Аҳмади Дониш ба Русия муносибати ӯ ба мактабу маориф тағийр ёфт ва дигаргуниро дар ин соҳа дар кишвараш мехост. Вай мехост ҳамватанонашро соҳибақлу бохирад бубинад ва аз ин хотир мегуяд, ки инсон дар дунё тавассути илму маърифат барои обод кардани ҷаҳон омадааст:
Ақлу давлат қарини якдигаранд,
Ҳар киро ақл нест, давлат нест.
Масъалаи муҳими педагогиро, ки Аҳмади Дониш баррасӣ менамояд, касбу пешаҳои инсонӣ аст. Инсон тавассути касбу пешаҳо неъматҳои моддиву маънавиро ба даст меорад. Ӯ атрофи зарару зиён ва нафъи ҳар касбу пеша андешаронӣ карда, интихоби бошууронаи онҳоро тавсия медиҳад. Ӯ боз қайд менамояд, ки инсон барои ҳақиқатро фаҳмидан ба ҳар чиз бо назари танқид бояд нигарад.
Аҳмади Дониш ба масъалаҳои тарбияи оилавӣ, зебоӣ, ҷисмонию рӯҳӣ, мусиқӣ ва беш аз ҳама ба тарбияи фарди мувофиқи замони худ дар осори назмиву насрии худ низ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Хулоса дар ривоҷи афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷики дар боло ишорашуда саҳми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ ва дигарон низ арзанда мебошанд. Асарҳои ин бузургон асосан афкори педагогии халқи тоҷикро ифода карда, дар тарбияи одами асил нақши калон мебозанд.
Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
директори маркази омӯзиши
“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”