БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА

48657485616_7639df89a4_o

Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ пурпечутобу мушкил ва хеле пуртаззод буда, ҳар як зинаи инкишофи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс муташаниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.  Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллии худро гум кардаанд. Зеро натавонистаанд, имконияти таърихие, ки баҳри пойдории онҳо фароҳам омада буд, мақсаднок  истифода баранд, имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкин аст.

 

Соҳибистиқлолӣ фазои иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод. Плюрализми идеологӣ ба интихоби арзишии шахсият мусоидат намуда, баҳри ҳимояи мақсаду манфиатҳои ӯ имконияти фарохро фароҳам овард. Дар арсаи сиёсии мамлакат қувваҳои гуногуне пайдо шуданд, ки талоши ҳокимиятро доштанд. Дар натиҷа, фалаҷ шудани ҳокимияти сиёсӣ, авҷ гирифтани қувваҳои ба ном “демократӣ”, вазъи муташанниҷи сиёсӣ, тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат, авҷи аълои маҳалгароӣ ва зуроварӣ, бесарусомонию  саргардонӣ — чунин буд авзои сиёсии давлати тозаистиқлоли тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90-уми қарни гузашта.

 

Хусусияти хоси марҳилаи нави рушди ҷомеа вобаста ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҷалби фаъолонаи тамоми қишрҳои иҷтимоию демографиро ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат тақозо менамояд. Бинобар ин дар ин марҳила савол бояд дар масъалаи зан ё мард, ҷавонписар ё ҷавондухтарнабошад. Масъала бояд сари тафаккури созанда, ақлу идрок, малакаи касбӣ, ҳисси баланди ватандорию худшиносӣ ва таҷриба бошад. Зеро бунёди давлати мустақили миллӣ дар марҳилаи кунунии тақвияти равандҳои ҷаҳонишавӣ кори саҳл нест.

 

Яке аз масъалаҳои муҳим ва таркибии тақвияти ниҳоди сарварӣ дар замони муосир ин масъалаи ташаккулёбӣ ва рушди сарварии занон мебошад. Хусусияти ин масъала ба он вобаста аст, ки нигоҳи ҷомеа дар тӯли асрҳо ба ин мавзӯъ мухолиф буд. Аксаран дар он ақида буданд, ки макони аслии зан оила буда, имкониятҳои зеҳнию ҷисмонии занон барои ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул шудан мувофиқ нестанд. Аз ин рӯ, бояд мавқеи асосиро дар ҷомеа мардон соҳибӣ намуда, ҳамчун нигаҳбон ва муҳофизи занон баромад намоянд.

Мутаассифона, то ҳоло дар ҷомеа ақидаҳое мавҷуданд, ки вазифаи асосии занро нигоҳубини оила ва тарбияи фарзанд меҳисобанд. Дар чунин муҳит воқеан ҳам имкониятҳои зан ба назар гирифта намешаванд. Ё ин ки оид ба шахсияти зани сарвар чунин ақидае мавҷуд аст, ки занони сарвар аксаран занони танҳое мебошанд, ки ҳаёти оилавии худро барпо карда натавонистаанд ё агар зан кӯшиши фаъолияти сарварӣ намояд, пас ҳаёти шахсии худро бояд қурбон намояд.

 

Ташаккул ва таҳкими сарварии занон дар Тоҷикистон заминаҳои амиқи давлатӣ ва ҷамъиятии худро дорад. Заминаҳои давлатии дастгирии сарварии занон, пеш аз ҳама дар татбиқи сиёсати давлат баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва мардон, инчунин таъмини имкониятҳои баробари онҳо таҷассуми худро ёфта, мавқеи роҳбарияти сиёсии мамлакатро дар ин самт нишон медиҳад. Қайд намудан ба маврид аст, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои занон дар қатори аввалин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қарор гирифтааст.

 

Сиёсати Президенти кишвар дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар сиёсат заминаи қавии меъёрию ҳуқуқӣ дошта, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба тасвиб расидаанд. Пеш аз ҳама, моддаи 17 Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз  моҳи декабри соли 1999, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз соли 2005, Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардон ва занон, Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар сиёсат то соли 2020, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст ва ғайраҳо мебошанд, ки баҳри иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

 

Азиза ҲАФИЗОВА,

магистранти Академия

Похожие записи