БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАВЗӮИ “АСОСҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ”

IMG_4898

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” имрӯз, 19 майи соли 2021 дар Академия таҳти унвони “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” семинар-машварат доир гардид.

 

Дар он устодону кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Акдадемия ва намояндагон аз Муассисаи давлатии “Маркази милии патенту иттилоот” иштирок намуданд.

 

Семинари мазкурро сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия Салоҳиддинов Восиф Юсуфалиевич ифтитоҳ намуда, мақсад аз баргузории чорабиниро дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ арзёбӣ намуд.

 

Боиров Фарҳод, сардори раёсати ҳуқуқи Маркази миллии патенту иттилоот дар мавзӯи “Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” маъруза намуда, иброз дошт, ки: “Ҳуқуқи муаллиф ба асари илм, адабиёт ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгирӣ, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиятгароӣ шарт нест. Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи асар сабт ёфтааст.

 

Сипас, Сорбони Саидҷалол, сардори раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилоот дар мавзӯи “Ихтироъ: мафҳум, моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он” баромад намуда, қайд кард, ки ихтироъ офаридаи нави техникие мебошад, ки имконият медиҳад масъалаҳои мушаххаси истеҳсолот ва соҳаҳои дигари фаъолияти инсон ҳал карда шаванд. Ихтироъ натиҷаи муҳимтарини фаъолияти эҷодӣ буда, шароити зиндагии одамро моҳиятан дигар мекунанд.

 

Дар идомаи семинари мазкур Шодиқулов Исфандиёр, сармутахассис-коршиноси раёсати бақайдгирии миллии тамғаҳои молии Марказ дар мавзӯи “Тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ” суханронӣ намуда, оид ба вазифаи тамғаҳо, нишонаи он, бақайдгирии тамғаҳои молӣ ва хизматрасонӣ, таснифбандии онҳо маълумот дод.

 

Ҳамчунин дар рафти семинар-машварат дигар иштирокчиён бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Баъд аз ироаи маърузаҳо миёни маърузачиён ва иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт.

Похожие записи