БА САФИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯ БОЗ ЯК НАФАРИ ДИГАР ШОМИЛ ГАРДИД

4

1 октябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOА-030 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Шеров Шодиҷон Салуматшоевич, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва робитаи бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Шеров Ш.С. рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Робитаҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи муҳоҷират” бо роҳбарии Искандаров Акбаршо – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон – номзади илмҳои сиёсӣ, директори муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси: 23.00.04 – Масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ: рушди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ сарбаландона дифоъ намуд.

 

Шеров Шодиҷон зимни суханрониаш доир ба муҳиммият ва зарурияти таҳқиқоташ дар мавзӯи мазкур иброз дошт, ки муҳоҷирати аҳолӣ дар ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчун манбаи асосии робитаҳои байнидавлатӣ дар шароити муосир буда, боиси инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва одамон, алалхусус соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мегардад. Муҳоҷират имрӯз ба як падидаи ҷаҳонӣ табдил гардида, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Сабаби асосии ин ба тараққиёти наборобари мамлакатҳои дунё вобаста аст, ки аҳолии мамлакатҳои сусттараққӣ рӯ ба мамлакатҳои тараққикарда меоранд. Омилҳои асоси ин зуҳурот дар фарқияти калони сатҳи маош, сатҳи баланди бекорӣ, сатҳи маорифу маълумотнокӣ ва нишондиҳандаҳои демографӣ мебошад. Агар вазъи кунунии муҳоҷиратро дар мамлакат мушоҳида кунем, бузургтарин ҷараён муҳоҷирати меҳнатӣ маҳсуб мегардад. Ҳолати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ тасаввур кардан номумкин аст, зеро бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ҷорӣ барои таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо кор қодир нест. Пас барои истифодаи неруи худ аҳолии қобили меҳнат ба бозори меҳнати кишварҳои хориҷӣ рӯ меорад. Раванди муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа асосан дар охирҳои асри XX дар баробари аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ шуруъ гардид, ки тадриҷан дар миёни тамоми аҳолӣ паҳн шудааст. Қобили зикр аст, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони шӯравӣ низ тавассути роҳхатҳои корӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия ва Қазоқистон ҷалб мешуданд, ки муҳоҷирони дохилӣ маҳсуб мегардиданд.

 

Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар сатҳи баланд доир гардида, дар он раиси Шӯро доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҷононов Сайдамир ва 12 нафар аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ширкат намуданд.

 

Баъд аз ҳимояи бомуваффақонаи кори илмиаш Шеров Шодиҷон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ёдовар шуда иброз дошт, ки: “Далели зиёд шудани сафи олимони ҷавон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба мо, насли ҷавон мебошад. Маҳз ҳамин дастгириҳо буд, ки имрӯз мо, ҷавонон барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ корҳои номзадию докторӣ анҷом медиҳем”.

 

Ҳамчунин, Шеров Шодиҷон иброз намуд, ки: “Миннатдорӣ ва изҳори сипоси бевоситаи худро ба Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ҷиҳати роҳнамоию дастгириҳои пайвастаи олимону муҳаққиқони ҷавон мерасонам”.

 

РАЁСАТ ВА ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРОВ ШОДИҶОН САЛУМАТШОЕВИЧРО БА ИН ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНДИ ИЛМӢ ТАҲНИЯТ ГУФТА, ДАР КОРҲОИ МИНБАЪДАИ ИЛМИАШ БАРОРУ МУВАФФАҚИЯТҲО АЗ ИН БЕШТАРРО ОРЗУ МЕНАМОЯНД.

Похожие записи