ҶОИ ДУЮМИ ДОНИШҶӮИ АКАДЕМИЯ ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

гуштин 1

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳуриии Тоҷикистон Р.Боҷиев оид ба гӯштини дзю-до байни ҷавонону наврасон баргузор шуд.

 

Ҳалимов Фаррух Ғайратович, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур иштирок намуда, дар вазни 66-кг сазовори ҷои дуюм гардид.

 

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 100 нафар варзишгарон аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, Водии Рашт, ШНТМ, ВМКБ ва шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон байни ҳам қуввозмоӣ намуданд.

 

Дар фарҷом ғолибон бо Диплом ва медал аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.

Похожие записи