БА ҚАДРИ ОРОМИИ ХЕШ РАСЕМ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Имрӯзҳо Тоҷикистонро дар ақсои олам ҳамчун давлати сулҳофар, ботамаддун, башардӯст ва пешрафта мешиносанду эҳтиром менамоянд. Дастгириву қобили қабул пазируфтани пешниҳоду ибтикорҳои созандаву наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби бонуфузтарин минбарҳои ҷаҳонӣ далели равшани ин гуфтаҳост.
Сол аз сол афзун гардидани шумораи сайёҳон аз гӯшаву канори дунё, ба ватани азизу биҳиштосои мо бевосита аз оромиву озодӣ ва зебоиву фарҳанги баланди башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат медиҳад. Бояд ошкоро иқрор намуд, ки ин ҳама неъматҳои пурарзиш ба осонӣ ба даст наомадааст. Барқарор намудани сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият, ҷамъ намудани гурезагони пошу пареш бо ибтикору ҷонбозиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, фарзонафарзанди миллат, фарди наҷибу ыоннисор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
Вале ин ҳама пешравию тараққиёт барои баъзе аз афроди нотавонбину ватанфурӯш, бегонапарасту хоин хуш наомада, аз рӯзҳои аввали фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар дому дасиса ва ҳадафҳои нопоки хешро ба ҳар роҳу восита барои барҳам додану шикастани пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва иснод овардан бар миллате, ки шахсиятҳои бузургу таърихиро ба монанди Нуъмон ибни Собит, Имом Тирмизӣ, Имом Бухорӣ, Исмоили Сомониву Спитамен, Восею Деваштич ва ҳазорони дигарро тақдими оламу одам кардааст, амалӣ менамоянд.
Бо исботу факт ва бурҳонҳои зиёду пай дар пай яке аз чунин афроди бевиҷдону муассиси сохтори сӯзандаи на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ – ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломро метавон муаррифӣ кард. Ҳама амалу ибтикори ин ҳизб хилофи ҷомеаи солиму созгори ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, бо шиору овезаҳои бардурӯғи хеш дар ятиму бешавҳар, бехонаву беватан, беамниву нооромии кишвари азизамон нақши муассир дорад.
Миллати башардӯсту соҳибтамаддуни мо як маротиба нақшаву лоиҳаи ин ҳизби хунхоро дарк намуд. Бинобар ин, хуб мешавад, ки халқи ботадбири мо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бо тамоми донишу малака ва тавоноияшон бар муқобили аҳдофи ғализу авомфиребонаи ин тоифа муборизаи рустамона баранд. Зимнан, ба қадри оромии Тоҷикистони азиз — Ватани маҳбубу дилороямон расему нагузорем, ки касе ба он халал ворид созад.
ШОҚУРБОНОВ Д.,
магистранти Академия