БОЗТОБИ ВОЖАҲОИ “БАҲОР”-У “НАВРӮЗ” ДАР АШЪОРИ УСТОД АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Падари шеъри форсии тоҷикӣ Одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар осори безаволи худ, ки теъдоди хеле ками он дастраси мост, васфи баҳор кардааст. Дар ашъори баҳорияи устод робитаи наздики инсон бо табиат инъикоси худро ёфтааст ва ҳамин аст, ки Наврӯз дар ашъори устод Рӯдакӣ ба гунаи густурда инъикос ёфта, абри сарояндагиашро дар замини наврӯзӣ фаровон борида ва сувари хаёлаш мамлу аз табиату аносири табиӣ аст. Устод Рӯдакӣ, ки “сари шоирон” унвон гирифтааст, чи гуна метавонад нисбат ба ҷашнҳои миллии мо-Наврӯз, Меҳргон ва Сада меҳр надошта бошад?
Амири Мовароуннаҳру Хуросонро расм чунин буд, ки дар рӯзҳои фархундаи наврӯзӣ бар хасм битозад. Рӯдакӣ ба унвони шоири дарбор бояд дар рикоби шоҳ бошад. Аммо ҳамеша дил дар гарави Наврӯз дорад. Аз ин лиҳоз, аз Наср бинни Аҳмади Сомонӣ хоҳиш мекунад, ки пеш аз он ки Наврӯз фаро бирасад, рӯзро бар душман тираву тор созад, то ки Наврӯз рӯзи фараҳу пирӯзӣ бошад:
Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз,
Дар маҳи баҳман битозу ҷони аду сӯз.
Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам,
Бо наю бо рӯду набиди Фанорӯз!
Аз омӯзишу баррасии ашъори боқимондаи шоир маълумамон гашт, ки устод Рӯдакӣ 3 маротиба аз Наврӯз ва 15 бор аз “баҳор”ва “навбаҳор” дар осори худ истифода кардааст.
Устод Рӯдакӣ аз бузургии сухану ҳифозатгарии шамшеру ҳикмати қалам сухан ба миён оварда, ин серо ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ медонад ва мегӯяд, ки агар дар дасти ҳукмронон ин се қарор дошта бошанд, он гоҳ онҳо мояи пирӯзианд. Рӯдакӣ барои амирон панд медиҳад, ки ба сухан арҷ гузоранд, зеро он рукни асосии забон аст ва ба шамшер хуни душманон бирезанду меҳанро ҳимоят кунанд ва ба қалам фармони эҳдои ризқу рӯзии мардумро нависанд:
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ!
Ба сухан май ба забон бошу ба шамшер бирез
Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ.
Муборизаи беамони сарсупурдагони миллат (сарбадорон), ҷустору талошҳои ҳамешагӣ, кашфи асрори зиндагӣ чун Наврӯз ифтихору фараҳмандӣ афзун менамуданд. Донишмандону адибон ҳам дар осори илмию адабӣ ва фарҳангӣ чунин ҷашну оинҳоро таҳқиқ намуда, давра ба давра вижагиҳои наву тозаашро пайдо мекарданд. Дар байти зер устод Рӯдакӣ миёни ҷашни миллии Наврӯз ва иди мазҳабии Қурбон баъзе умумият дида гуфтааст:
Бод бар ту мубораку хуншон
Ҷашни Наврӯзу гӯспандкушон!
Устод Рӯдакӣ таҷлили Наврӯзро дар соле як маротиба дониста, дидори дӯстону наздиконро дар ин рӯз як муждаи дубора афзуншавии меҳру муҳаббати инсонҳо медонад:
Як бор бувад ид ба ҳар сол, ба як бор,
Ҳамвора маро ид зи дидори ту ҳамвор .
Ҳар бор ба сол андар як бор бувад гул,
Рӯйи ту маро ҳаст ҳамеша гули пурбор.
Рӯдакӣ фарорасии баҳору борони найсони баҳориро барои бедоршавии табиат ва тару тоза гардидани сайёраи Замин як меҳрубонии Илоҳӣ нисбат ба бандагони рӯйи Замин медонад, ки бо омадани фасли баҳор мардуми рӯзгордидаву солхурда низ бо машоми баҳорӣ даврони ҷавониашонро ба ёд меоранду зиндагиро рангин эҳсос мекунанд ва аз хуш истиқбол намуда, онро мояи сарсабзию зебоии табиат, файзу баракат ва шодию сурури инсонҳо медонад:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб…
Ҳарчанд навбаҳори ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа хубтар, он меҳтари ҳасиб.
Шоир аз рафтани фасли зимистон ва фаро расидани баҳор сухан ронда, зебоиҳои ин фаслро шабеҳ ба китоби пур аз нақшу нигори Монӣ медонад:
Он саҳни чаман, ки аз дами дай,
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ,
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.
Ё ин ки дар абёти зер баҳор дар тасвири ҳунармандонаи устод Рӯдакӣ дорои мазомини тоза ва рамзҳои шоирона мебошад:
Гули баҳорӣ, бути таторӣ,
Набид дорӣ, чаро наёрӣ?!
Набиди равшан, чу абри баҳман
Ба назди гулшан чаро наборӣ?!
****
Омад ин навбаҳори тавбашикан,
Парниён гашт боғу барзану кӯй!
****
Май гусор андар такуки шоҳвор,
Хур ба шодӣ рӯзгори навбаҳор.
Бад-ин сурат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯз бо такбайтҳое метавонад аз яғмои рӯзгор бигрезад ва дар дарозои таърихи нобасомон дар ҳазору анд байти ба ёдгормонда, аз шоири “тирачашму равшанбин”, равшангари хотироти таърихӣ гардад.
Сайидамир БОҚИЕВ
донишҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати Академия