ВАРЗИШ ОМИЛИ СИҲАТӢ ВА БАҚОИ ҲАЁТИ СОЛИМ

333583499_2518320038319115_7264513078628751879_n

 

Мусаллам аст, ки варзиш ва тарибияи ҷисмонӣ аз омилҳои муҳимм дар ҳаёти инсон ба ҳисоб рафта, он ба шахс сиҳатӣ, ба ҷамъият солимӣ ва тандурустӣ мебахшанд. Хусусан, дар замони муосир инсон ҳаёти худро бе варзиш тасаввур карда наметавонад ва аҳамияти варзиш бештар ва рӯзафзун гашта истодааст. Варзиш омили такондиҳандаи сиҳатӣ ва бақои ҳаёти солиму пойдори инсон буда, барои ташаккули ҷамъияти солим мусоидат менамояд.

Acoсгузори cyлҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки ҳуҷҷати мукаммали раҳнамо мебошад, қайд намуданд, ки ҷавонони солим ин сутуни давлату миллати хеш буда, имрӯз давлату ҷамъияти мо ба онҳо ниёз дорад. Роҳбари давлат ба ҷавонон такя намуда, қайд намуданд, ки ҷавонон барои пешбурди ҳаёти имрӯзаи мо яке аз қувваҳои муҳимми ҷомеа мебошанд. Аз ин гуфтаҳо мо, омӯзгорон ва мураббиёни соҳаи варзиш илҳом гирифта, онро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, бояд ҷавононро солиму бардам тарбия намудa, онҳоро ба роҳи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар ҳидоят намоем.

Чӣ тавре, ки маълум аст, варзиш дар таърихи куҳанбунёд ва фарҳанги ҷаҳоншумули мо, миллати тоҷик ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад. Аз қадимулайём аҷдодони мо ба рушди соҳаҳои мухталифи варзиш таваҷҷуҳ ва аҳамият дода, барои рушди он саҳми калон гузоштаанд. Гузаштагони мо ба чунин навъҳои варзиш аз қабили гӯштин, чавгонбозӣ, бандкашӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, вазнбардорӣ, шоҳмотбозӣ, ғулакандозӣ, шамшерзанӣ, чиликдангалбозӣ, буҷулбозӣ ва ғайра машғул шуда, онҳоро ривоҷу равнақ додаанд ва ба мо мерос гузоштаанд.

Барои ҳар як қавму миллат истиқлолият орзуи дерина, муқаддастарин ва пурарзиштарин комёбӣ ва дастоварди миллӣ ба шумор рафта, муаррифкунандаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо бисёр анъанаҳо, аз ҷумла, анъанаҳои варзишӣ эҳё карда шуданд. Хусусан, бо таваҷҷуҳи хосса ва доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба варзиш, хусусан, навъҳои варзиши миллӣ эҳтиром мегузоранд, дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни варзиш на танҳо рушд карданд, балки ба бисёр комёбиҳову дастовардҳо ноил гардиданд. Вобаста ба ҷашну маросимҳои миллӣ бисёре аз навъҳои варзиш, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва қариб аз байн мерафтанд, аз нав на танҳо эҳё гардиданд, балки равнақ дода шуданд. Дар ин замина бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор муассисаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар соҳаи варзиш бо заҳмату ғамхориҳои Роҳбари муаззамамон дар саросари кишвар чандин иншоотҳои варзишӣ coxтa, ба истифода дода шуданд. Имрӯз дар ин иншоотҳои варзишӣ наврасону ҷавонони мо таълим ва тарбия гирифта истодаанд. Инчунин, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҳама муассисаҳои таълимӣ фанни тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки яке аз воситаҳои баланд бардоштани солимӣ ва обу тоби бадан мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Самараи ҳамаи ин ташаббусҳо ва иқдомҳо буд, ки имрӯзҳо ҷавонони мо ба соҳаҳои мухталифи варзиш, хусусан навъҳои миллии он, шавқу рағбати зиёд доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гашта, шаъну шарафи миллати куҳанбунёди худро баландтар менамоянд. Баъзеи варзишгарони мо ҳатто сазоворӣ унвони ҷаҳонпаҳлавон гардиданд, ки боиси ифтихори ҳар яки мо аст.

Варзиш, ин ҷисми солим, рӯҳи солим ва ақли солим аст!

 

ШАҲБОЗИ О.,

муаллими калони кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии Академия

Аксҳо

Похожие записи