ВАТАНДОРӢ АЗ ДОНИСТАНИ ЗАБОН ИБТИДО МЕГИРАД

Шавкат О

Мо бояд аз он ифтихор намоем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановати забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем. Эмомалӣ Раҳмон

 

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвар барои инкишофи забони тоҷикӣ шароити басо мусоид фароҳам гардид ва барои забони адабии мо замони нав оғоз шуд. Бо талошу заҳмати аҳли илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз чун ганҷинаи гаронбаҳо ба мо ёдгор мондааст. Фарзандони барӯманди тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ барои забон ва адабиёти тоҷик саҳми босазое гузошта, дар пояндаву ҷовидон мондани он ҷонбозиҳо кардаанд.

 

Пӯшида нест, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист. Агар забон аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихорӣ ватанпарастӣ ва ҳувияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқҳои бегона гаравиш меёбад ва оқибат рӯ бар завол меорад. Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ чунин давлатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки забону фарҳанги худро аз даст дода, ба забону фарҳанги дигар халқу миллатҳо пайвастаанд.

 

Забони тоҷикӣ волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун дурдонаҳои пок то ба давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва ин ҳам аз заҳмату талошҳои мардуми фарҳангиву тамаддунофари тоҷик дарак медиҳад. Бузургтарин вазифаи мо пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани он мебошад.

 

Забони тоҷикӣ аз давраҳои пайдошаш то имрӯз бисёр марҳалаҳои сангини таърихиро аз сар гузаронидааст. Душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик мехостанд бо ҳар роҳу восита забону фарҳанги бузурги тоҷикро аз байн баранд. Хушбахтона мақсадҳои нопоки онҳо ҷомаи амал напӯшидааст ва нахоҳад  пӯшид. Дар ин росто мардуми тоҷик ҳамеша ба арзишҳои волои худ, аз ҷумла забон арҷ мегузошт ва мегузорад.

 

Бояд донист, ки аввалин шарти ватандорӣ донистани забони давлатист. Надонистани забони давлатӣ надонистани қадру манзалати худ аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ватандорӣ аз донистани забон, таърих ва фарҳанги миллӣ ибтидо меёбад”. Донистани забони давлатӣ бар манфиати ҳар як шахси соҳибмаърифат буда, роҳи онҳоро ба сӯи ояндаи нек мекушояд ва дурахшон мегардонад.

 

Забони тоҷикӣ дар таърихи давлатдории мо, тоҷикон нақш ва мартабаи бузургеро дорост. Маҳз тавассути ҳамин забон мо имрӯз соҳиби як давлати ободу озод ва хубу нозанин ҳастем. Моро мезад, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани он саъйю талош варзем.

 

Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор менамояд ва ба хубӣ дарк мекунад, ки миллат бе забон амсоли парандаест, ки аз болу пар маҳрум гардида, парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Миллати тоҷик хуб медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати  дӯстдории забон хеле хуб гуфтаанд: “Дӯст доштани забон – ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст”.

 

Мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз ба забони худ эҳтироми хосса доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Дар тӯли тамоми таърих забон барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт. Хусусан, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем.

 

Шавкат ОСТОНАЕВ,

сармутахассиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи