ВАТАНДОРӢ БА МО ЗЕБАД, НА БАР ҲАР ДУШМАНУ ХОИН

Шавқат

Имрӯзҳо чун ба сомонаҳои иҷтимоӣ назар мекунем, наворҳои дурӯғину беасоси Муҳаммадиқболи Садриддин давр мезананд, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд ва билкул бофтаву сохтаи хаёлоти хоми худи ин мухолиф ва ҳаммаслаконаш мебошанд.

 

Вақте Муҳаммадиқболи Садриддин аз шахсиятҳои намоёни миллати тоҷик сухан меронад, аз ҳақиқат дур будани ҳарфҳои бофтааш ба куллӣ возеҳу равшан мегарданд. Ҳарчанд мехоҳад бо ин гуна маводҳои дурӯғини худ мафкураи мардумро ба гумроҳӣ барад, сад шукр, ки ба орзуву ормонҳои дили худ намерасад. Ӯ ҳанӯз ҳам дар ҳамон ақида аст, ки гӯё мисли солҳои 90-уми асри гузашта мардумро гумроҳ намудан осон аст, зуд ба гапҳояш мардум бовар мекунанду ба зудӣ силоҳ мегиранд ва зидди миллату давлати орому осудаи худ иғвогарӣ менамоянд. Шояд меандешад, ки бо чунин кирдорҳои ноҷавонмардонаи худ ҳама пайравӣ ба ӯ менамоянд. Хаёлҳои хомашро ба хок хоҳад бурд!

 

Чун ба номи ин шахсият назар кунем, номи бузурги Муҳаммадро ба худ гирифта, аммо фитнаро миёни мардум ҷорӣ намуда истодааст. Имрӯз ба суханони нопоку носазои худ он иқболеро, ки Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) ба даст оварда буд ва он то ҳанӯз пойбарҷост, миёни мардуми Сайёра ба поён бурда истодааст. Ба мардуми сайёра дини мубини исломро ҳамчун дини фитнаву қатлу куштор ва дасисаҷӯву парокандае, ки дар ихтиёри худ нест, нишон дода истодааст. Магар ин афродро мо метавонем ҷонибдорӣ намоем?! На, на, ҳаргиз намегузорем, ки ин гуна афродони бадхоҳ бо кору фаъолияти худ ба обрӯву нуфузи миллатамон доғеро ворид намоянду бо хоҷагони худ табли шодӣ зананд.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯзҳо сагеро мемонад, ки дар занҷири хоҷагони худ мустаҳкам баста шудааст ва аз он раҳоӣ надорад. Ҳар мавзӯеро пешниҳод кунанд, дар доираи он мавзӯъ беасос аккос мезанад ва мардумро аз бӯйи даҳонаш нороҳат месозад.

 

Ман аз ҳаммиллатонам, хусусан аз ҷавонони барнодилу созандаи ватану миллат даъват ба амал меорам, ки ба суханҳои беасос ва бофтаи хоинон гӯш наандозанд. То тавонанд зарбаҳоеро ба даҳони ин афрод бизананд, то аз онҳо ному нишоне боқӣ намонад.

 

Боварии комил дорам, ки ҷавонони ободкору ташаббускор суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, мисли ангуштони як даст муттаҳидии худро аз даст намедиҳанд, чун:

Ватандорӣ ба мо зебад, на бар ҳар душману хоин,

Ки хоин ин Ватанро рӯ ба рӯ бо марг месозад.

 

Шавқат ОСТОНАЕВ,

сармутахассиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи