ВАТАНДӮСТӢ – АСОЛАТИ ТАЪРИХИИ МО

321797404_893381941844793_5901449223284621633_n

Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад.

 

Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст.

Тарбияи ватандӯстӣ оғоз мешавад, аз меҳри Ватан, дӯст доштани Ватан, модар, зану фарзанд ва ин пеш аз ҳама аз ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад. Дар шароити ноустувори сиёсии замони муосир, ки манфиатҳои геополитикиву сиёсии абарқудратҳо дар минтақа ва ҷаҳон бархӯрд мекунанд, маҳз ватандӯстӣ ва тарбияи он дар замири шаҳрвандон метавонад, амнияту осоиштагӣ, оромиву тинҷӣ ва бехавфии кишварро таъмин кунад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

Тақозои замон аст, ки кишварҳои рӯ ба рушд, миллӣ ва тозаистиқлол барои ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва анъаноти ниёгони худ дар замони шадиди бархӯрди тамаддунҳо шаҳрвандони худ ва бахусус насли ҷавони мамлакати худро аз хатарҳои навини ҷаҳонӣ эмин нигоҳ доранд. Ин маҳз тавассути тарбияи ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва дӯстдориву муҳаббат нисбати таърихи бойи сарзамини аҷдодӣ метавонад амалӣ гардад.

Ба ин масъала дар Тоҷикистони соҳибистиқлол диққати махсус дода шуда, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад ва он бевосита дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, соли 2017 дар кишвар “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул гардида буд. Ин барнома бо мақсади муайянсозии тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир таҳия гардида буд. Дар муддати начандон тӯлонии амали худ барномаи мазкур тавонист, ки дар замири ҷавонон ҳисси муҳаббату садоқатро нисбат ба Тоҷикистони азиз бедор кунад. Аммо ҷаҳони муосир низ мисли инсонҳо рӯз ба рӯз гуногунранг ва гуногунсамт мешавад. Ин аст, ки барномае, ки барои муддати кӯтоҳ ва маҳз ба хотири як қишри ҷомеа қабул карда мешавад, натиҷаи камтар нишон медиҳад. Вобаста ба ин соли 2022 бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон” омода карда шуд ва он 24 декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи расмии худро ёфт. Муқаддимаи қонуни мазкур қайд мекунад, ки ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат аз мақсадҳои асосии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва сар задани хатарҳои мухталиф, аз қабили бархӯрди тамаддунҳо, нестшавии фарҳангҳо, ҷангҳои иттилоотӣ ва амсоли ин, бояд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” огоҳ бошад. Зеро ин қонун ба ҳар яки мо моҳияти аслии Ватан ва ватандӯстиро шарҳ медиҳад. Дар моддаи 1-и қонуни мазкур мафҳуми “Ватан” ва “ватандӯстӣ” чунин шарҳ дода шудааст: “Ватан – Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд; – ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан”.

Дар маҷмуъ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди кишвари мо, шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таъмини рушди устувор ва бақои давлату давлатдории миллист.

Бо татбиқи Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сартосарӣ устувор монда, масоили ҷойдоштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ марҳила ба марҳила бартараф, ҳадафҳову нақшаҳои стратегӣ ҳосил ва кишвари мо дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон пешрафта мегардад.

Зимнан, бояд амиқ дарк созем, ки аҷдодони мо аз таърихи дур миллати ватандӯсту ватандор буданд ва дар ҳама ҳолат барои ҳифзи амнияту сулҳу осоиштагии Ватани худ мубориза мебурданд. Моро зарур аст, ки бо пайравӣ аз гузаштаҳои худ асолати таърихии хешро зинда нигоҳ дошта, ватандӯсту хештаншинос бошем. Дар ин раванд зиёиёни мамлакатро низ зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур пешсафӣ нишон дода, барои мардуми кишвар намунаи беҳтарини ибрат бошанд.

 

Дaврон СAФAРЗОДA,

ноиби якум, ноиби ректор оид бa тaълими Aкaдемия,

номзaди илмҳои педaгогӣ, дотсент

Похожие записи