ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

IMG_6683

Қобили тазаккур аст, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур изҳори назар намуда, ба сохторҳои дахлдор дасуту супоришҳо медиҳанд.

 

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ин масъала низ таъкид гардид, ки:  “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.

Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намуданд, зеро заминаи рушди ҳар як давлат ва ҷомеа ин дарки баланди ватандӯстӣ ва дар тафаккури шаҳрвандон эҷод намудани ҳисси садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан мебошад.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии худро ҳанӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) мегирад. Зеро дар моддаи 43 он пешбинӣ гардидааст, ки: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Минбаъд, раванди таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз қабули санадҳои меъёри ҳуқуқии зерқонунӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мегирад.

Маҳз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт аст, ки дар ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст, пешниҳод гардид ва он 16 декабри соли 2022, №332 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда  шуд. Ин Қонун 24 декабри соли 2022 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд. Ҳамзамон, дар радифи қабули ин Қонун дар ҷумҳурӣ як қатор стратегияю барномаҳои давлатӣ қабулу мавриди амал қарор дода шудаанд, ки инҳо “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027” ва “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” мебошад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҳамзамон, барномаҳои давлатӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд амалӣ саривақтӣ буда, барои тақвияти масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон, ҷиҳати дар тафаккури онҳо эҷод намудани дарки бошуурона ва ҳисси баланди садоқат ба Ватан, хизмати фидокоронаю беғаразона ба халқу Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбубамон чун Тоҷикистон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгонамон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки вазъи ҳасосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус, терроризму экстремизм (ифротгароӣ), бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Маҳз, аз ин нигоҳи назар қабули қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027” амалӣ саривақтӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки қабули чунин цонун дар миқёси давлатҳои пасошӯравӣ аввалин мебошад, зеро то ба ҳол дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳо ин масъала дар сатҳи қонуни ягона танзими худро наёфтааст. Танзими ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷумҳуриҳои болозикр қисман дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ танзим гардидаанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, дар қаламравҳои алоҳидаи Федератсияи Россия, аз қабили Перм (Қонуни қаламрави Перм аз 2 июни соли 2018 № 229-ПК “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Перм зиндагӣ мекунанд”), Калуга (Қонуни вилояти Калуга аз 4 ноябри соли 2002 № 143-ОЗ “Дар бораи Барномаи мақсадноки минтақавии “Тарбияи ватандӯстии аҳолии вилояти Калуга барои солҳои 2003-2005”), Волгоград (Қонуни вилояти Волгоград аз 9 январи соли 2007 № 1407-ОД “Дар бораи Барномаи мақсадноки минтақавии “Тарбияи ватандўстии шаҳрвандон” барои солҳои 2007-2010” (эътибори гумшуда), Ҷумҳурии Саха (Қонуни Ҷумҳурии Саха (Якутия) аз 28 апрели соли 2022 2490-З N 891-VI “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Саха (Якутия)”), Ҷумҳурии Тува (Қонуни Ҷумҳурии Тува аз 12 январи соли 2018 № 351-ЗРТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тува”) қабул гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Дар моддаи аввали Қонуни болозикр мафҳуми ватандӯстӣ оварда шудааст, ки тибқи он ватандӯстӣ — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан аст.

Воқеан, падидаи ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати рӯҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин хиссиёт, одатан дар шахс аз оила ва мактаб ба вуҷуд меояд ва ҳангоми аз тарафи давлат қабул кардани барномаю стратегия ва қонунҳо барои огоҳи доштан ва такмилу муқовимат нишон додан бар зидди ҳамагуна таҳдиду амалҳои номатлуб бедор карда мешавад.

Мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ бошад, мувофиқан ба Қонуни номбурда, ҳамчун — фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Қобили қайд аст, ки меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” на танҳо ба мақомоти давлатию шахсони мансабдори онҳо, балки ба ҳар як наврасу ҷавонон, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансубият, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти ватандории паҳн мегардад.

Ҳамзамон, дар Қонуни болозикр мафҳумҳои Ватан, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳисси шаҳрвандӣ ва дигарҳо оварда шудааст.

Бо эътимоду эҳтироми хосса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро мебояд, ки қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии хешро барои ҳифзи Истиқлолияти комилан орому озодӣ Тоҷикистони азизамон равона сохта, барои эҳёи ғояву арзишҳо миллӣ – ватандӯстӣ, дарки баланди онҳо, ташаккули худшиносии миллӣ, такмили ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватани азизамон равона созем. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “… ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.

 

Ҷумабек РУСТАМЗОДА,

сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Похожие записи