ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ШВКД-И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
21 феврали соли равон бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар байни ҷавонону наврасон ва нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташакилона, кибертероризм, ҷанги иттилоотӣ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи самти корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултети идоракунии давлатӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур намояндаи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполкавники милитсия, муовини сардори ШВКД дар н. Исмоили Сомонӣ Ботуров Ёрмаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, дар вохӯрии мазкур декани факултеи идоракунии давлатӣ, н.и.ҳ., дотсент Қодирзода Д.С. аз дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки: “Дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ҷавонон ҳамеша дар мадди аввал буда, Пешвои миллат зимни ироаи ҳар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз ин қишри неруманд ёд мекунанд. Бахусус, дар Паёми имсола Сарвари давлат иброз доштанд, ки: “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд”.
Сипас, подполкавники милитсия Ботуров Ёрмаҳмад, ки бевосита ба самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону фаъолият менамояд, бо донишҷӯён суҳбат намуда иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо фарорасии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва изҳор дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ бо ибтикору ҳамдилӣ метавонем ҳама гуна ҷиноятпешагӣ, ҳуқуқвайронкуниву амалҳои ношоистаро дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ намоем. Зимни суханронӣ оид ба истифодаи оқилона аз телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамида ва дигар масъалаҳои судбахш барои ҷавонон изҳори назар намуд.
Дар идомаи вохури декани факултеи идоракунии давлатӣ, дотсент Қодирзода Д.С. баромад намуда, қайд намуданд, ки донишҷӯёни факултети идоракунии давлатии Академия имрӯз масъулияти баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳӣ доранд. Қодирзода Д.С. изҳор дошт, ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, забономӯзӣ, тарзи ҳаёти солимро дар байни ҷавонон дар мавқеи аввал гузошта, пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Инчуни изҳор доштанд, ки ҷавонони бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадру эҳтироми дастоварди бебаҳои таърихии худ расида, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Баъд аз хотимаи суханронии Қодирзода Д.С. донишҷӯён бардошти худро аз вохӯрии навбатии донишҷӯёни факултет бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ баёнд карданд.