ВОХӮРИИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ БО МАУ ВЛАДИМИР АЛЕКСАНДРОВИЧ

IMG_8387

29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бо ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Мау Владимир Александрович баргузор гардид.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои зичи тарафайн имкониятҳои васеъро дар самти такмили донишҳои илмӣ ва касбӣ, омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат инчунин, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва табодули омӯзгорону донишҷӯёнро фароҳам меоварад.

 

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода изҳори боварӣ намуд, ки АИДНПҶТ фаъолияти таълимии худро дар сатҳи байналмилалӣ густариш дода, ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан омодагӣ мебинад.

 

Мау Владимир Александрович аз ҳамкориҳои судманди тарафайн изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия омода аст, теъдоди бурсияҳоро дар зинаҳои магистратура ва докторантура барои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд намояд.

 

Ҷонибҳо инчунин доир ба баргузор намудани машғулиятҳои муштараки илмию амалӣ ва нашри асарҳои муштараки илмию таълимӣ ба мувофиқа расиданд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий