ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ

o-099lkkl

Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қимату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард.

Эмомалӣ Раҳмон

Забондонӣ аз давраҳои пеш то ба имрӯз воситаи асосии омӯхтани илм дар ҳама давру замон, муомилот ва муошират байни одамон, мубодилаи захираҳои маънавӣ ва омили асосии пешрафти тамаддунҳо буда, донистани ин ё он забон ба шахс имконият медиҳад, ки аз талаботи рӯзмарраи ҳаёти худ огаҳ бошад. Инчунин, донистани забони хориҷӣ ин огоҳ будан аз таърих, фарҳанг, тамаддун ва воқеияти ҳаёти халқу миллатҳои дигар кишварҳо аст. Мавқеи таърихии ҳар як миллат ба он вобаста аст, ки маънавияти ӯ ба чӣ поя расидааст ва забонаш чӣ иқтидоре дорад. Аз ин рӯ, пеш аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ мо бояд забони модарии хешро ба хубӣ донем. Зеро, ки ҳар як миллатро пеш аз ҳама забони модариаш ҳифз ва зинда медорад:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони миллати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Забони тоҷикӣ дар байни забонҳои хориҷӣ яке аз ғанитарин забон ба шумор рафта, донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд. Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ сарвати бебаҳои фарҳангӣ ва шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки забони модарии хешро хуб аз бар намуда, асолати миллии худро ҳеҷ гоҳ гум нанамоем ва барои насли оянда шароити хуби забономӯзиро фароҳам созем. Устоди бузург, Лоиқ Шералӣ дар ин мавзуъ чунин фармудааст:

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Донистани забони хориҷӣ миллатро ба бузургӣ, инсонро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият будан ноил мегардонад. Шахсе, ки донандаи хуби якчанд забонҳои хориҷӣ аст, сарбаланду боифтихор буда, дар зиндагӣ ноумед намемонад.

Дар шароити имрӯза барои муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз дар баробари донистани забони тоҷикӣ, мебояд ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ аҳамияти хоса дода шавад. Зеро, ки забономӯзӣ ин гирифтани калиди ганҷинаи маърифат буда, дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Имрӯзҳо хушбахтона бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то насли наврас сатҳи забондонии хешро боз ҳам беҳтару хубтар намоянд.

Яке аз бузургтарин файласуфон ва равшанфикрони асри 18-и фаронсавӣ, Волтер дар мавриди донистани забонҳои хориҷӣ чунин баён намудааст: “Донистани забонҳои зиёд маънои доштани калидҳои зиёди як қулфро дорад”.

 Зарина САФАРАЛИЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи