ЗАМИНАҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

IMG_6683

Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия яке мавзуъҳои мубрами рӯз ва проблема дар замони муосир ба шумор меравад, зеро он дар қатори дигар падидаву омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳон давлате нест, ки зидди ин падидаи номатлуб мубориза барад. Алҳол ин проблема ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия яке аз самти муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлатӣ низ эътироф гардидааст, ки ҳар сол он зимни ироаи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба мақоми Олии қонунгузорӣ аз 26 апрели соли 2013 қайд намуданд, ки “Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад”.

Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ба он асос меёбанд, ки чораҳои зиддикоррупсионӣ дар шакли механизми махсус таҳиягардидаи маҳдудиятҳо ба фаъолияти ҳамарӯзаи мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамгироӣ карда шуда, аз тарафи онҳо мунтазам анҷом дода мешаванд.

Қобили тазаккур аст, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти институтҳои байналмилалӣ низ табдил ёфтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти хатари коррупсия дар барҳам задани устуворӣ ва бехатарии ҷомеа ва таҳдиди он чораҳои қатъӣ андешида, муборизаи давлатҳоро бар зидди он дар як самти муайян ба роҳ мондааст. Дар ин самт, нақши Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Зидди коррупсия”, ки аз 3 октябри соли 2003 қабул шудааст ва қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад, 25 сентябри соли 2006 аз ҷониби Тоҷикистон ба имзо расида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2008, №952 тасдиқ гардидааст, муҳим мебошад.

Конвенсияи болозикр аз дебоча, 8 бобу 71 модда иборат аст. Дар Конвенсияи мазкур ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла моддаи 17 тасарруф, ғайриқонунӣ азони худ кардан ё истифодаи ғайримақсадноки амвол аз ҷониби шахсони мансабдорӣ оммавӣ, моддаи 18 сӯиистифода аз нуфуз бо мақсадҳои ғаразнок, моддаи 19 сӯиистифода аз ҳолати хизматӣ, моддаи 20 бойшавии ғайриқонунӣ, моддаи 22 тасарруфи амвол дар бахши хусусӣ, моддаи 23 қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва ғайраҳо муқаррар шудааст.

Мувофиқи боби 4-и Конвенсияи мазкур, ки ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида шудааст, омадааст, ки давлатҳои иштирокчӣ аз рӯи масъалаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқӣ, агар ин мувофиқи мақсад ва мутобиқи низоми дохилии ҳуқуқии онҳо бошад, ҳамкорӣ менамоянд. Дар Конвенсияи мазкур ҳеҷ чиз чун уҳдадории муқарраршудаи супоридан тафсир карда намешавад. Давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади амалӣ намудани супоридан ё ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба банданд.

Тибқи талаботи Конвенсия ҳар як давлати иштирокчӣ мақомоти марказиро таъин мекунад, ки барои гирифтани дархост оид ба ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ё барои иҷрои он ё ҳамроҳи кардани он ба мақомоти ваколатдор ҷавобгар ва дорои ваколатҳои дахлдор мебошад.

Барои назорати иҷроиши муқаррароти Конвенсия мақоми махсус — Конференсияи давлатҳои иштирокчии Конвенсия таъсис дода шудааст. Ин мақом мунтазам аз давлатҳои иштирокчӣ маълумотҳоро оид ба тадбирҳое, ки давлатҳо барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии Конвенсия андешидаанд, инчунин мушкилотеро, ки ҳангоми татбиқи меъёрҳои Конвенсия рӯи кор омадаанд, дастрас мекунад. Ҳар як давлати иштирокчӣ ба Конференсия маълумотро оид ба барномаву нақшаҳо, инчунин чораҳои таъсиррасонии қонунгузорӣ ва маъмурие, ки бо мақсади татбиқи Конвенсия таҳрезӣ шудаанд, пешкаш менамояд.

Муқаррароти моддаи 6 Конвенсияи СММ “Зидди коррупсия” пешбинӣ менамояд, ки ҳар як давлати иштирокчӣ мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ мавҷудияти мақом ё ҳангоми зарурат мақомоти пешгирикунандаи коррупсияро таъмин мекунад. Бодарназардошти ин муқаррарот, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 мақомоти махсусгардонидашуда ─ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Таъсиси чунин мақомоти махсусгардонидашуда иродаи қатъии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муқовимати доими бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва расидан ба ҳамфикрии байни ҳамаи қувваҳои солими ҷомеа ва дар маҷмуъ дар амал ҷорӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ мебошад.

Моддаи 5 Конвенсияи СММ “Зидди коррупсия” масъалаи сиёсат ва пешгирии коррупсияро муқаррар менамояд, ки тибқи он “Ҳар як давлати  иштирокчӣ мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ сиёсати самаранок ва ҳамоҳангшударо бар зидди коррупсия таҳия ва амалӣ менамояд, ки он ба иштироки ҷомеа мусоидат карда, принсипҳои тартиботи ҳуқуқӣ, идоракунии дахлдори корҳои оммавӣ ва амволи оммавӣ, бовиҷдонӣ, устуворӣ, шаффофият ва ҷавобгариро инъикос менамояд”.

Бо мақсади амалӣ намудани ин муқаррарот, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, бо ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудааст.

Дар банди 4 моддаи 60 Конвенсияи болозикр таҳия намудани стратегия ва нақшаи фаъолият бар зидди коррупсия оварда шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудан ин муқаррарот се маротиба ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионӣ, аз қабили “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, минбаъд Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки то қабули Конвенсияи СММ “Зидди коррупсия”, яъне санади алоҳида дигар санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсияи СММ “Зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ” аз 15 ноябри соли 2000 (бо резолютсияи Ассамблеияи Генералӣ таҳти №55/25) ба тасвиб расида буд. Ин Конвенсия аз 41 модда иборат буда, баҳри тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии давлатҳо дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо ҷиноятҳои муташаккили трансмилӣ, аз қабили ҷиноятҳои коррупсионӣ низ мебошад.

Дар банди “а” — и моддаи 2 Конвенсияи мазкур муқаррарот атрофи аз тарафи шахс ва ё ба воситаи миёнарав ваъда, таклиф ё пешкаш намудани ягонхел неъмату бартариятҳои ғайриқонунӣ ба ашхоси оммавии мансабдори давлатӣ ҳамчун амалӣ коррупсионӣ оварда шудааст.

Банди “б” моддаи 2 Конвенсияи СММ “Зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ” муқаррароти гирифтани бартарияти ғайриқонунӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ ё шахсан аз ҷониби шахси мансабдори оммавӣ ё ба воситаи миёнарав пешбинӣ намудааст.

Ҳамин тавр, санадҳои байналмилалии болозикр санадҳое мебошанд, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар самти муқовимат ба коррпусия нақши бориз доранд. Ин санадҳо аз ҷониби бештари давлатҳои иштирокчии СММ қисман ва пурра қабул карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқии миллии муқовимат ба коррупсияро дар ҷумҳурӣ санадҳои зерин ташкил медиҳанд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 20 августи соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 декабри соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5 марти соли 2007 ва ғайраҳо.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротибаи дигар низ қонунҳо дар самти мубориза бар зидди коррупсия қабул гардида буд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25 июли соли 2005.

Қабули қонунҳои болозикр ба инкишофу рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ба талаботи меъёрҳои пешбини намудаи конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид заминаи ҳуқуқи гузоштанд.

 

РУСТАМЗОДА Ҷ.Ю.,

сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Похожие записи