ЗАНИ ТОҶИК — МЕРОСБАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

IMG_0668

Ҳар як миллат дар шинохт ва муаррифии арзишҳои миллӣ, вобаста ба тағйирёбии марҳилаҳои таърихӣ кӯшиш менамоянд, ки қимматтарин ҷанбаҳои онро ҳифз намуда, ба ояндагон ба мерос гузоранд. Дар қатори сарзамини аҷдодӣ, забони миллӣ, осори ниёгон, либоси миллӣ низ яке аз рукнҳои муҳимтарини арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Либоси миллии тоҷикӣ барои зан – бонуи тоҷик ифодагари шарму ҳаё, зебоӣ, иффату латофаташ буда, дар пойдории суннатҳои миллӣ,  урфу одат, мавқеи ҷуғрофӣ, фаъолияти инсон, ҷашну маросимҳо, идҳо бо вижагиҳои худ нақши бориз дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки зан — модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, дар миёни фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё яке аз нишонаҳои асосӣ либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои зани тоҷик — олиҳаи ҳусн  ҷилвагар мегардад.

Аз сарчашмаҳои қадима маълумотҳои  оид  ба либоси ниёгони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва чинӣ ба назар мерасад. Бозёфтҳои археологӣ, тасвирҳои рӯйи деворҳою сангҳо шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои навъҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва ашёи ороишу зебу зинати миллӣ будаанд.  Либоси миллии мо низ аз ниёгони мо мерос гузошта шуда, ифодагару инъикосгари фарҳанги қадимаи миллатамон мебошад.

Баъди садсолаҳо соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон ба масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ таваҷҷуҳ бештар гардид, ки он дар сиёсати давлатдории миллии мо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, махсусан бо ташаббусу ибтикороти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷи тоза гирифт. “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, дар заминаи он “Барномаи рушди фарҳанги Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015”, “Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” ва “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020” қабул гардида, ҷиҳати иҷрои он барномаи махсус дар шароити ҷаҳонишавӣ ва оммавӣ гардидани фарҳангҳо дар тамоми кишвар силсила тадбирҳо андешида шуда, ҳоло низ идома доранд.

Тараққиёти ҷаҳони муосир бо пешрафти “муд”-аш  кӯшиш бар он дорад ба фарҳангҳои кучаку заиф ғолиб ва онҳоро ҳукмрон шавад. Чун барои амалӣ намудани онҳо мехзанизмҳои гуногуни таъсиррасониро доранд.

Солҳои охир мушоҳида мегардад, ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.

Сабаби пайравӣ ба фарҳанги бегонаро бархе аз духтарону бонувони мо тақозои замон меҳисобанд, яъне шиори зиндагиашон “Замона бо ту насохт, ту бо замона бисоз”. Албатта пешрафти замона-рушди тараққиёти технологияиҳои навин, ки боиси осон ва тезонидани раванди корро дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад, амалӣ намояд. Мушкилии онҳо дар надоштани фарҳанги либоспушӣ ва  дарк накардани иртиботи хеш ба либоси миллӣ ва фарҳанги миллии худ мебошад, ки ҳамин паҳлӯҳо таҳлил ва омӯзиш мехоҳад.

Дар ҷаҳон фарҳанги тоҷиконро бо атласу адрас, чакан ва рӯймол мешиносанд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон чандин ҳунарҳои мардумии мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.  29 ноябри 2018 бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — пироҳани зани тоҷик “Чакан” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Ин рисолатамонро даҳчанд менамояд, ки мо бояд барои нигоҳ доштани фарҳанги қадимаи худ кӯшиш ба харҷ диҳем, то ба насли ояндаи худ тарзи либоспӯшиамонро мерос гузорем ва бо бегонапарастӣ онҳоро ба роҳи хато набарем.

Ҷиҳати қадрдонии зан-модари тоҷик дар сиёсати имрӯза ҳамасола таҷлили “Рӯзи модар” дар саросари кишвар ба рукни анъана даромадааст, ки дар робита ба масъалаи дар фавқ зикршуда  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи модар чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Дар ин росто, мақсадҳои гуногуни пайравӣ ва тақлиди ин фарҳангҳоро узви фарҳангҳои дигар қабул ва эътироф кардан, амалест ношоиста. Чун ҳифзи симои аслии миллат дар ҳифзи арзишҳои миллии он маҳсуб меёбад, ки соҳибфарҳангон фарҳанги либоспушии наслашро, ки  сасдсолаҳо умр дорад,  нигоҳ ва танзим намояд.

Ҷалолуддини Балхӣ  мутафаккири тоҷик, ки  шуҳрати ҷаҳонӣ дорад  дар оянданигарии насли хеш таъкид ва васияте карда буданд:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Барои аз байн бурдани фарҳанги бегона ва тарғибу ташвиқ намудани либоси миллӣ, мо бояд унсурҳои миллӣ ва муосирро омезиш диҳем, ки ба менталитет ва фарҳанги мо муносиб бошад.

Зани тоҷик ҳамон вақт манфиатовар буда метавонад, ки воқеан ҳам фарзандону ҳамватанонаш зиндагонии орому осуда дошта бошанд. Зани тоҷик рамзи зебоӣ, назокат, фарҳангу маънавиёт, ҳиммату заҳмат, посдори шарафу номус, офарандаи меҳру садоқат, намоди иффат, зани содиқ ва модари меҳрубон шинохта шудааст. Пас, занони тоҷикро мебояд сазовори ин умед, унвон ва шарафи бузург бошанд.

Гуландом АБИЛЗОДА,

мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академия,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Похожие записи