ЗАНИ ТОҶИК – ПОСДОРИ ШАРАФУ НОМУСИ МИЛЛАТ

Аҳмадзода З.

Зан аз аввал, дар фарози таърих миёни ҷомеа обрӯ ва мартабаи хосро соҳиб буд. Корномаи занони тоҷик ва шуҷоати онҳо бар муқобили ғасбгарону ғоратгарони аҷнабӣ, беадолативу разилӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои таърих эҳсос мешавад. Васфи занони шуҷоъро бисёре аз гузаштагони мо дар асару достонҳои худ ҷой дода, тавсифи шуҷоати онҳоро намуданд. Чунончи дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар радифи симои мардон симои занон низ мавқеи махсуси худро дорост. Дар мисоли Рудоба – модари ҷаҳонпаҳлавон Рустам, Гурдофарид – ҳимоятгари Ватан, Гурдия – зани ҳунарманду покниҳод ва соҳибҷамолу бофаросат, ки барои гирифтани пеши роҳи ҷанг кӯшиш менамуд ва ғайраҳо. Симои ин қаҳрамонзанҳо гувоҳи онанд, ки зани тоҷик дар ҳама давру замон ва дар ҳама гуна шароит дар баробари мардон пешбарандаи ҳаёти ҷамъиятӣ дониста шудаанд.

 

Тоҷикистон дар солҳои аввали  соҳибистиқлолӣ, бахусус, дар марҳилаҳои гузариш аз як низоми сиёсию иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рӯбарӯ гардид. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фаро гирифта буд. Занони тоҷик, ки дар ҳамон давраҳои вазнин вазифаҳои асосӣ ва намояндагии халқро бар уҳда доштанд. Аз ҷумлаи Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова, Гулафзо Савриддинова ва Адолат Узоқова аз чеҳраҳои намоёни солҳои вазнин ба шумор мерафтанд. Борҳо гуруҳҳои оппозитсионию руҳониён ва мухолифони сиёсӣ ба онҳо таҳдид менамуданд, вале онҳо дар иродаи худ қавӣ буданд, тарсу ваҳм надоштанд ва сулҳи ватанро ҳимоя менамуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин занони ҷасур дар яке аз маърузаҳояшон зикр намуданд: “Занони бонангу номус дар оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намудаанд ва ба муқобили ноадолатиҳои ҷомеа мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат ва ваҳдати миллӣ ҳиссаи хешро гузошта, дар мубориза бар зидди афроди тундрав, хурофотпараст ва шахсони дорои ақидаҳои нопок аз худ асорату мардонагӣ нишон доданд ва номуси ватандориро баробари иффати хеш муқаддасу муқтадир ҳифз намудаанд”.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин изҳор намуда буданд: “Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷомеаи устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем” ва қонун “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”-ро пешниҳод ва қабул намуданд. Ин қонун барои таҳким бахшидан ба мақому манзалати зан, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо, афзалияти нуфузи фаъолияти онҳо дар корҳои роҳбарикунанда, густурда гардонидани имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои сиёсию иҷтимоии кишвар, фароҳам овардани шароити муфид барои занон, масъулияти онҳо дар таълиму тарбияи фарзанд, ба таҳсил ҷалб намудани духтарон ва ғайра заминаи қавӣ гузошт.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба он ҳуқуқҳое ноил гашт, ки дар тамоми таърихи мавҷудияти худ онро орзу карда ҳам наметавонист. Ҳоло занон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро на танҳо дар оилаҳои худ, балки ба тамоми ҷумҳурӣ мерасонанд.

 

Зани тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ барои сулҳу озодӣ ва ягонагию якдилии кишвару миллати худ мубориза бурдааст, то ин ки аҳли хонавода ва фарзандони ӯ орому осуда бошанд. Вале бадбахтона заноне низ ҳастанд, ки бо ниқоби сиёҳ чеҳраи худро пинҳон намуда, ба ҷинояту хиёнат даст мезананд, обрӯю иззат ва эътибори миллатро поймол мекунанд.

 

Дар даврае, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол босуръат ба пеш, ба сӯи қуллаҳои орзу раҳсипор аст, зани тоҷикро низ мебояд, ки ҳамқадами замона бошад, эътибори зани тоҷикро дар байни дигар кишварҳо боло бардорад.  Ба монанди дигар заноне, ки дар сатҳи хизматчии давлатӣ ва намояндагии халқ фаъолият намуда, ба тақдири кишвар ҳиссагузор ҳастанд, ба монанди олимаҳо, занони ихтироъкор, табиб, муаллимаҳо, соҳибкорзанон, варзишгарзанон ва ғайра.

 

Зани тоҷик ҳамон вақт манфиатовар буда метавонад, ки воқеан ҳам фарзандону ҳамватанонаш зиндагонии орому осуда дошта бошанд. Зани тоҷик рамзи зебоӣ, назокат, фарҳангу маънавиёт, ҳиммату заҳмат, посдори шарафу номус, офарандаи меҳру садоқат, намоди иффат, зани содиқ ва модари меҳрубон шинохта шудааст. Пас, занони тоҷикро мебояд сазовори ин умед, унвон ва шарафи бузург бошанд.

 

Зулфия АҲМАДЗОДА,

ноиби ректор оид ба идеология, тарбия

ва робита бо ҷомеаи Академия,

номзади илҳмои педагогӣ, дотсент

Похожие записи

Оставьте нам комментарий