ИБТИДОИ ҲАСТИИ БАШАРИЯТ

318749891_2577626025734603_1805040163248220484_n

Модар баъд аз Худо офаридгор асту мо, фарзандон, як умр назди ин олиҳаи меҳр қарздорем. Ҳама бузургони олам васфи ӯ гуфтаанду хидматашро аз дилу ҷон ба ҷо овардаанд, зеро ризои модар, ризои Худо гуфтаанд.

 

Фарзанд новобаста аз бузургию ҳашамату ҷалол бояд сар бар қудуми модар гузошта бошад, зеро ниҳоли қомати мо аз дуои ӯ сабз мегардаду мазраи армонамон аз ашки шодии ин шахси азиз шодоб мегардад. Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башариат мебошад, ки ӯ умеду ормонҳои зиндагии моро рангин мегардонад.

Мутаассифона, имрӯзҳо гоҳо аз забони кӯдакону наврасон, ҷавонон, ҳатто мардони миёнаумру солдида дашномҳои қабеҳро ба унвони МОДАР – инсони барои ҳар яки мо муқаддас шунида мешавад, табъамон хира мешавад. Суоле домани андешаро раҳо намесозад, ки ин дашномҳои қабоҳат ба унвони биҳишти фарзанд-модари ғамгусору дардошно дар забони хурду калон аз куҷо пайдо шудааст?

Миёни аҷдодони мо ин гуна беҳурматӣ нисбати модар ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт, зеро модар ин муқаддасоти олӣ ва биҳишти рӯи замин баҳри ҳар як фард ба ҳисоб меравад. Бо муқаддасот шӯхӣ намекунанд ва он фарзанде, ки фаҳш гуфтанҳои рафиқонашро ба унвони модараш ҳазл мепиндорад, гумроҳ аст. Ба ин гуна афрод Саъдии ширинбаён гуфтааст:

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

Бар кас маписанд бародари ман.

Гар модари хеш дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ бар модари ман.

Дар дунё мушкиле нест, ки ҳалли худро надошта бошад, ин беодобии ҳамзамонони моро низ даво ҳаст. Фақат роҳи ба зеҳни онҳо рехтани нӯшдоруи одобро ёфтан лозим аст. Аҷдоди мо дар мадрасаҳо ахлоқ ном фанне мехондаанд. Ин фан ба шогирдони мадорис рафтор, гуфтор, тарзи муошират, тоза нигоҳ доштани забон ва садҳо чизи дигарро дар бораи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ меомӯхтааст. Бигзор чунин нафарон то андозае аз рукнҳои асосии ахлоқи одамӣ огаҳ гарданд, зеро фаҳшгӯиҳо ба номи поки модар, ки ҳамрадифи ватанаш медонем, оқибати хуб надорад.

Ҳама бузургони олам бо панду андарзҳои хеш фарзандро ба хидмати модар роҳбаладӣ менамоянд. Ва ҳастанд шахсиятҳои таърихие, ки маҳз бо шарофати дуои модар ризои ҳақ таъолоро мушарраф гаштаанд.

 

Зимнан бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми зан – модарро дар ҷомеа баланд бардошта, ҳамеша аз манзалати модарон дифоъ менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати модарон чунин қайд кардаанд: “Модар азизтарин мавуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд ба Зан-модар қудрате атто намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад”.

Зан-модар, ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад. Зеро модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бо нангу номус, паҳлавони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбият карда ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба Ватан ва хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.

 

Фазлиддин МУЗАФАРЗОДА,

муовини декан оид ба корҳои тарбиявии

факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи