ЗАНОН ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ ОНҲО

photo_2023-03-01_09-16-07

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.  Ба ин хотир мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан – Модар аз бузургтарин офаридаи Офаридгор ба ҳисоб меравад. Қимати заҳматҳои шабонарӯзии ӯро наметавон бо ганҷе баркашид. Ба қавли бузургон модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад ва ба гуфти пайғамбар биҳишт зери қудуми модарон аст. Чуноне, ки шоир мегӯянд:

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,

Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

Дар солҳои охир инкишофу пешрафти ягон соҳаро бе иштироки занону бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирӣ ва кӯмакҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боис ба ёдоварист, ки Сарвари муаззами мамлакат меҳнату ҳаракат ва иқдомҳои занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияту меҳнати онҳо назари нек доранд ва қобилияту истеъдод, маҳорату малака ва андешаву афкори онҳоро пайваста дастгирӣ менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар кишвари мо баробарии гендерӣ риоя гардида, занон имрӯзҳо дар баробари мардон таҳсил намуда, соҳибмаълумот мегарданд ва дар соҳаҳои илму фарҳанг, маданият, иҷтимоиёту иқтисодиёт, саноат баробари мардон фаъолият мекунанд. Эшон аз иҷрои вазифаҳои худ бе мамониат мебароянд ва натиҷаҳои назаррасро низ нишон медиҳанд.

Дар ин баробар, давлату Ҳукумат ҳамасола ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи кишвар ҷиҳати тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо чораандешӣ намуда, як қатор нақшаву барномаҳои давлатӣ ва қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба тасвиб мерасанд.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суҳбату вохӯриҳои худ бо намояндагони сохтору мақомотҳои гуногун аз ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми арзандаи занон дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо самимият сухан мегӯянд ва аз нақши рӯзафзуни занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ изҳори болидарӯҳӣ мекунанд.

Махсусан, Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ мақоми занону бонувонро таъкид месозанд. Дар Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23 декабри соли 2022 дар радифи ҳамаи самтҳо ба нақшу мақоми занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, қайд карданд, ки: “Солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд”.

Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 шумораи занон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати солҳои пеш зиёд гардидааст. Ҳамчунин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд, ки ин худ гувоҳӣ аз мақому манзалати волои эшон дар ҷомеаи Тоҷикистон медиҳад.

Занони тоҷик имрӯз дар баробари иҷрои вазифаи модарии хеш, инчунин дар баробари мардон дар ҳалли масоили муҳимми сиёсӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ нақши созгор доранд. Дар Тоҷикистон ба ин қишри аҳолӣ баъзе бартариятҳо ва имтиёзҳо дода шудааст, ки бозгӯи диққати махсус додани давлату Ҳукумат ба ин қишри аҳолӣ мебошад.

Дар баробари дастгириҳои Сарвари давлатамон занону духтарони мамлакатро зарур аст, ки аз пайи таҳсили илмҳои муосир гарданд ва дар рушду инкишофи мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат кӯмак намоянд. Инчунин, аз ҳамаи модарону занон хоҳиш карда мешавад, ки барои тарбияи насли ояндасози мамлакат дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва тарбияи худшиносӣ дар замири фарзандони худ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ҳиссагузор бошанд.

Мунира НАЗИРОВА,

мутахассиси пешбари шуъбаи таҳрир ва таъбу нашри Академия

Похожие записи