Идоракунии давлатӣ дар замони муосир
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувинони вазирон, муовинони раисони кумитаҳои давалтӣ ва муовинони роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир», ки то 21 марти соли 2020 идома меёбад, ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ — Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Зулфия — муовини ректори Академия, Ғанизода Ибодат — директори донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Аюбӣ Бибиосия — муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Абдухалил Ғафурзода, ҳузури аҳли нишастро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ, ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Маҳз натиҷаи дастгирию ғамхориҳои Президенти маҳбуби кишвар ба соҳаи хизмати давлатӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи дониш ва таҷриба миёни хизматчиёни давлатӣ боло рафта, шумораи хизматчиёни давлатӣ рӯз то меафзояд. Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад». Ин ҳарфҳо аз ҳар як хизматчии давлатӣ масъулияти бештар дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ талаб намуда, онҳоро ба хидмати содиқонаву поквиҷдонона раҳнамун месозанд.
Мавриди зикр аст, ки дар курси мазкур лекторони асоси аз Академияи идоракунии давлатӣ, инчунин, аз дигар вазорату идораҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар ҷамъбасти курс мизи мудаввар дар мавзӯи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роҳбарияти, Академияи идоракунии давлатӣ, Агентии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор доир мегардад.