ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Саидмухторов-А-2-1-scaled

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Истиқлол чун арзиши волои давлатдорӣ, заминагузори тамоми дастовардҳои дигар мебошад. Тоҷикистон маҳз бо ба даст овардани истиқлолаш соҳиби обрӯ ва нуфуз гардид. Гузашта аз ин, бо шарофати ин арзиши муқаддас тамоми ҳастии миллати мо аз нав эҳё гардид. Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз эҳдо намуд. Имрӯз тамоми аҳолии кишвар дар фазои осишта дар заминаи соҳибистиқлолии меҳан кору фаъолият ва зиндагии осуда доранд. Аз ҳамин зовия моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он кӯшиши бештар намоем ва саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем.

 

Мутаасстифона ба назар мерасад, ки имрӯзҳо баъзе аз нафарон ба қадри неъмати истиқлолу озодӣ нарасида, онро нодида мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин афрод берун аз кишвар қарор доранд ва ҳич саҳму ҳиссае дар рушду нумуи кишвар намегузоранд. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гурӯҳ ҳатто аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ чун хоинони ватан ба майдон омада, кишварро ба ҷангу кашмакашиҳо рӯ ба рӯ намуданд: “Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд. Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд,”-таъкид кардаанд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Бояд дарк намуд, ки маҳз бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон шинохта ва эътироф гардид. Аз ҳамин нуқтаи назар истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик дар ҳама давр ба ҳисоб меравад. Бо ба даст омадани истиқлол тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа рӯ ба рушд ниҳоданд. Агарчи дар миён ҳиллаву найранги хоинони ватан сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ шуда бошад ҳам, вале гарди ғубор дар фазои софи Ватан дер давом накарду хоинон ба мақсади худ нарасиданд ва зуд чодари сиёҳ аз осмони кишвар бадар карда шуд.

 

Хушбахтона, имрӯзҳо мо дар фазои орому озод кишвари худро ба таври бояд рушд дода истодаем. Тамоми соҳоти кишвар ба таври назаррас пеш рафта истодаанд. Ободонию созандагӣ дар тамоми манотиқи кишвар ба назар мерасад ва рӯз аз рӯз дигаргуниҳои куллиро метавон мушоҳида намуд. Ҳадафҳои стратегии пешбиникардаи давлату Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд. Моро зарур аст, ки бо шукургузорӣ аз истиқлоли меҳан умед ба ояндаи пурсаодат бандему бо ҳам Ватани худро ободтару пешрафтатар намоем. Дар ин росто нагузорем, ки нохалафон ва душманони миллат ба оромию ободии кишвари мо рахна ворид намояд. Хуб огоҳ бошем, ки хоинон ҳамеша нооромӣ ва қафомондагии кишвари моро мехоҳанд. Натиҷаи амалҳои хоинони кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ далели гуфтаҳост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро чунин ёдоварӣ намуда буданд: “Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд”.

 

Моро зарур аст, ки ҳифзу нигоҳдошти истиқлоли давлатиро вазифаи ҷонии худ қарор диҳем. Дар партави сулҳу осоиштагӣ ва оромии меҳан кишвари худро боз ҳам пешрафта ва исқтилоли онро мустаҳкаму пойдор намоем.

 

Алишер САИДМУХТОРОВ,

мудири кафедраи ҳуқуқи

байналмилалии Академия

Похожие записи