КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОР
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Истиқлол ифодакунандаи озодии ин ё он халқу миллат мебошад. Озодӣ бошад, омили асосии пешрафти ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Бесабаб бузургони мо нагуфтаанд, ки ғуломи побанд ҳатто сӯзанро ихтироъ карда наметавонад. Ин аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ бисёр халқияту миллатҳо солҳову асрҳо мубориза бурдаанд, то истиқлолияти комили худро ба даст оранд ва на ҳамеша муваффақ гардидаанд. Истиқлол барои баъзеҳо ҳамчун ормони миллӣ боқӣ мондааст. Барои мисол метавон аз миллати курд ёдовар шуд.
Мо — тоҷикон миллати хушбахтем, ки гавҳари Истиқлолро дар даст дорем: дар ҳудуди давлати миллии худ метавонем озодона бо забони модарии худ гуфтугӯ кунем, урфу одат, анъанаҳои миллиямонро рушд ва ё дубора эҳё гардонем.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки чун миллати тоҷик гавҳари истиқлолиятро дар натиҷаи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ осон, бидуни талош ба даст овард, дар ибтидо ба қадри он нарасид ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон фазои сулҳу субот, ваҳдат, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ дар кишвари мо вайрон гардид ва дар натиҷа ҷумҳуриямон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.
Солҳои 1992-1997 барои миллати тоҷик душвортарину мудҳиштарин солҳо ба ҳисоб мераванд. Зеро дар ин давра дар натиҷаи зиддиятҳои мусаллаҳона талафоти зерин ба миён омад:
— 1 млн. нафар ҳамватанони мо ватани аҷдодии худро тарк намуда, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия кӯч бастанд;
— дар рафти муқовиматҳои мусаллаҳона зиёда аз 150 ҳазор ҳамватанони мо ҳалок гардиданд;
— оқибатҳои ҷанг ба он оварда расонид, ки 55 ҳазор кӯдакон ятим ва 27 ҳазор занон бешавҳар монданд;
— дар рафти амалиётҳои ҷангӣ 35 ҳазор хонаҳо қисман ё ин ки пурра вайрон гардиданд;
— Тоҷикистонро фазои гуруснагӣ, ҷинояткорӣ ва қашшоқӣ фаро гирифт;
— иқтисодиёти кишвар ба буҳрон рӯ ба рӯ шуда, тамоми мақомоту сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд.
Дар ин давра Тоҷикистонро хатари пора-пора шудан ва нестшавӣ ҳамчун давлати мустақил дар харитаи ҷаҳонӣ таҳдид мекард.
Лекин ақли солим, масъулият дар назди Ватан-Модар тарафҳои мухолифро водор кард, ки ба мизи музокира нишинанд ва низое, ки дар байни онҳо буд, масъалаҳое, ки дар байни онҳо вуҷуд доштанд, бо роҳи гуфтушунид, ба тарзи муколамаи сиёсӣ ҳаллу фасл намоянд. Ба ин хотир, 5 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав аввалин давраи музокироти тоҷикон баргузор гардид. 27 июни соли 1997 баъд аз 8 давраи гуфтушунид ва якчанд мулоқот дар сатҳи олӣ дар байни тарафҳои ба ҳам зид Созишномаи умумӣ «Дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо шуд, ки ин маънои ба итмом расидани ҷанг дар Тоҷикистонро дошт. Бо ҳамин сулҳу субот, ваҳдат боз дар мамлакатамон барқарор шуд.
Бояд қайд намуд, ки тағйироти куллиро дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, дар даврони соҳибистиқлолӣ метавон ба чор давра тақсим намуд.
Давраи якум солҳои 1991-1997 дар бар мегирад. Дар ин давра Тоҷикистон истиқлолиятро ба даст овард ва истиқлолияти ҷумҳурӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи дунё ва давлатҳои алоҳида эътироф гардид, зиддиятҳои сиёсӣ барои соҳиб шудан ба ҳокимият сар заданд, ҷанги байни тоҷикон оғоз гардид; кушторҳо, ғоратгариҳо ба амал омаданд, иқтисодиёти кишвар хароб гардид, сатҳи зиндагонии мардум паст шуд. Дар маҷмӯъ, метавон ин давраро “давраи харобии кул” номид.
Давраи дуюм, ки фарогири солҳои 1997-2007 мебошад, давраи имзо шудани сулҳ дар байни тоҷикон ва барқарор намудани харобиҳои ҷанги байнихудӣ: баргардонидани зиёда аз 1 миллион ҳамватанони мо дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он ба ҷойҳои истиқоматии доимии худ, расонидани кумаки молиявию маънавӣ ба онҳо, бунёду азнавсозии зиёда аз 35 ҳазор хонаҳои вайронгардида, барқарор кардани иқтисодиёт, саноат, хоҷагии кишоварзии кишвар ва ғайра мебошад. Ин давраро метавон «давраи барқарорсозӣ» номид.
Давраи сеюм, аз соли 2008 то 2017, давраи созандагию бунёдкорӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ин давра боғи устод Рӯдакӣ, Қасри миллат, аввалин меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе – Hayat Regens, НБО “Сангтӯда”, корхонаи ресандагии Олим-Текстайл дар ноҳияи Мастчоҳ, корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол, ҶСП “Ҷунтай Данғара”, ҶДММ Хуаксин Ғаюр дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҶММ “Хуаксин Ғаюр семент”, нақбҳои Шаршар ва Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Бӯстон-Чаноқ, хатти баландшиддати Ҷануб-Шимол, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Кохи боҳашамати Наврӯз, Боғи Парчами миллӣ, Боғи Хайём даҳҳо мактабу майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Соли 2018 давраи чорум – “давраи босуръати тараққиёт” оғоз гардид. Тибқи маълумоти оморӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 105 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо 1487 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 20 корхона бо 151 ҷойи корӣ, дар вилояти Суғд 38 корхона бо 561 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 23 корхона бо 443 ҷойи корӣ, ВМКБ 4 корхона бо 184 ҷойи корӣ ва НТЧ 20 корхона бо 148 ҷойи корӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуданд.
Муҳимтар аз ҳама, 15 ноябри соли 2018 аввалин агрегати НБО “Роғун” ба истифода дода шуд, ки барои тамоми миллати тоҷик як воқеаи бузурги таърихӣ ва хотирмон ба ҳисоб меравад.
Дар ин марҳилаи кӯтоҳ симои пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе куллан дигаргун шуд. Чанде аз боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, ба монанди боғҳои устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷавонон, Кӯли ҷавонон, Александр Мироненко ва ғайра тармим гардида, чанд боғи нав, мисли боғи Аҳмади Дониш ва Алишери Навоиву Абдураҳмони Ҷомӣ бунёд шуданд, ки ба шаҳр ҳусни тоза зам намуданд. Ҳамчунин, зиёда аз 100 майдончаҳои варзишӣ, даҳҳо истгоҳҳои нави замонавӣ сохта шуданд, нақлиётҳои мусофирбари замонавӣ (автобусҳо) ворид ва мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор гирифтанд.
Дигар воқеаи муҳими ин давра муносибатҳои Тоҷикистон бо ҳамсоякишварамон – Узбекистон хело хуб гардиданд, рафтуомад дар байни ду миллат — тоҷикон ва ӯзбекон баъд аз солҳои тӯлонӣ боз оғоз гардид.
Тамоми ин пешравиҳо, тамоми ин бунёдкориҳо бо баракати Истиқлоли давлатӣ ва бо заҳмату талош ва кӯшишҳои шабонарӯзии ҳомии Истиқлол — Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми меҳнаткаши тоҷик ба даст омадаанд.
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қутбнамои миллати тоҷик дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI буда, моро ба сӯи ояндаи дурахшон ва бунёдкориҳои азим раҳнамоӣ мекунанд.
Чун маҳз якдилӣ, якдигарфаҳмӣ, ваҳдат кафили пойдории истиқлоли миллӣ ва истиқлолият кафили рушди устувори давлат аст, тамоми тоҷикистониёнро мебояд дар гирди ин абармарди миллат сарҷамъ бошем, сиёсати пешгирифтаи он касро дастгирӣ ва дар амал тадбиқ намоем, барои рушду равнақи Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Гулихандони МАЛИКНЕЪМАТ,
ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ
ва ҳуҷҷатнигории Академия