КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “ИСТИФОДАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАҲАЛ”

IMG_5340

24 майи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мудирони шуъбаҳо (бахшҳо)-и муҳосибот ва хоҷагидорӣ (молия ва хоҷагӣ)-и дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи “Истифодаи буҷети давлатӣ дар маҳал” курси такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Зимни ифтитоҳи расмии он Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ — ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент ширкат ва суханронӣ карданд.

 

Ректори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар ифтитоҳи курс иброз дошт, ки рушди иқтисоди мамлакат ва танзими буҷети давлатӣ аз бисёр ҷиҳат ба истифодаи самараноку дурусти он дар сатҳи маҳал вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, доир намудани курси мазкур бо иштироки масъулони муҳосибот ва хоҷагидорӣ дар дастгоҳҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат басо саривақтӣ буда, минбаъд баҳри пешрафти фаъолият дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

 

Курси зикршуда то 29 май идома ёфта, барои шунавандагони курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (26.01.2021), сиёсати молиявӣ ва идоракунии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди тарбия ва маърифати экологии ҷомеа, ҷанбаҳои иқтисодии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030, моҳият ва нақши стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

 

Ҳамзамон, дар идомаи курс шунавандагон оид ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли истиқлол, услубҳои таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, психологияи муоширати касбӣ, дастгирии давлатӣ – кафолати рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва амсоли ин иттилоъ хоҳанд гирифт.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Истифодаи буҷети давлатӣ дар маҳал: ҳолат ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода мешавад.

 

Похожие записи