МАВҚЕЪ ВА НУФУЗИ РОҲБАРИИ ЗАНОН ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Зан муборизи қавиирода буда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро мебозад. Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи сиёсии мамлакатҳои гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ пурпечутобу мушкил ва хеле пуртаззод буда, ҳар як зинаи инкишофи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс муташанниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллии худро гум кардаанд.
Нимаи дуюми асри ХХ ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён оид ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ эълон дорад, аз нав тоҷи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро бо номи Тоҷикистон ба харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой диҳад.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва таркибии тақвияти ниҳоди роҳбарӣ дар замони муосир ин масъалаи ташаккулёбӣ ва рушди роҳбарии занон мебошад. Хусусияти ин масъала ба он вобаста аст, ки нигоҳи ҷомеа дар тӯли асрҳо ба ин мавзӯъ мухолиф буд. Аксаран дар он ақида буданд, ки макони аслии зан оила буда, имкониятҳои зеҳнию ҷисмонии занон барои ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул шудан мувофиқ нестанд. Аз ин рӯ, бояд мавқеи асосиро дар ҷомеа мардон соҳибӣ намуда, ҳамчун нигаҳбон ва муҳофизи занон баромад намоянд. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар ҷомеа ақидаҳое мавҷуданд, ки вазифаи асосии занро нигоҳубини оила ва тарбияи фарзанд меҳисобанд.
Тазаккур додан лозим аст, ки дар марҳилаи таҳкими заминаҳои давлатдории миллӣ истифодабарии самараноки неруи созандаи занон яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносию худогоҳии мардум хоҳад гашт.
Ташаккулёбии ниҳоди роҳбарии занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии давлат буда, хусусиятҳои хоси худро дорад.
Зикр бояд кард, ки ташаккулёбии роҳбарии занонро аз нуқтаи назари илми сиёсӣ метавон ҳамчун раванд маънидод намуд, ки ба арсаи муносибатҳои сиёсӣ боз як субъекти муносибатҳоро ворид менамояд. Аз ин рӯ, ҳама гуна раванд оғоз, марҳилаи рушд ва ё болоравӣ ва боз пастравии худро дорад.
Заминагузори оғози ин раванд бечунучаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба қувваи созандаи зани тоҷик эътимоди комил доштанд ва бо ташаббуси шахсии худ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кӯшиш намуданд фазои мусоидро баҳри ҷалби ҳарчи бештари занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа фароҳам оваранд. Таҳлили имрӯзаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, мавқеи онҳо нисбат ба равандҳои ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии қишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки мо айни ҳол мунтазам ба марҳилаи рушд рафта истодаем.
Роҳбарии занон, пеш аз ҳама, иштироки фаъолонаи онҳоро дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо дар идоракунии сатҳи гуногуни ҷомеа дар назар дорад.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар самти омӯзиши хусусиятҳои роҳбарии занон ин муайян намудани самти фаъолнокии онҳо мебошад, ки тавассути он имконияти гурӯҳбандии сохтории роҳбарии занон имконпазир мегардад.
Ташаккул ва таҳкими роҳбарии занон дар Тоҷикистон заминаҳои амиқи давлатӣ ва ҷамъиятии худро дорад. Заминаҳои давлатии дастгирии роҳбарии занон, пеш аз ҳама дар татбиқи сиёсати давлат баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва мардон, инчунин таъмини имкониятҳои баробари онҳо таҷассуми худро ёфта, мавқеи роҳбарияти сиёсии мамлакатро дар ин самт нишон медиҳад. Қайд намудан бамаврид аст, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои занон дар қатори аввалин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Тазаккур бояд дод, ки дар сатҳи миллӣ Барномаи давлатӣ, Стратегияи миллӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини баробарии ҳуқуқу озодиҳои занон ва мардон ва имкониятҳои баробари амалинамоии онҳо» қабул шуда, айни ҳол бомуваффақона амалӣ гашта истодаанд.
Тақвияти минбаъдаи ин замина фаъолияти якҷояи давлат, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро тақозо менамояд. Агар давлат ҳалли ин масъаларо тавассути муҳайё намудани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монад, пас ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд тавассути василаҳои самарабахши дигар амалӣ намоянд. Дар робита ба ин зикр кардан бамаврид аст, ки аксар ҳизбҳои сиёсӣ дар масъалаи пешбарии занон тактика ва стратегияи махсуси худро надоранд, ки инро таҷрибаи интихоботҳои парлумонӣ собит месозад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005 №89 бо мақсади таъмини баробарҳуқукии мардону занон қабул гардида, бавижа моддаи 10-уми қонуни мазкур баробарҳуқуқии мардону занонро ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ муқаррар менамояд. Иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас мебошад. Занон дар хизмати давлатии шаҳрандӣ дар маҷмӯъ 23,3фоизро ташкил дода, 19 фоизашон занони роҳбар мебошанд.
Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмӯи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунанд. Бояд дарк кард, ки баробарҳуқуқии сиёсӣ бо баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ зич алоқаманд буда, як бахши баробарҳуқуқии мард ва зан мебошад.
Ҳамин тариқ, масъалаи роҳбарии расмии занонро дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон таҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин раванд хусусияти динамикӣ дошта, вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи рӯз пайваста тақвият пайдо намуда истодааст. Дар оянда низ рушду такомули он метавонад асоси пешравиҳои минбаъда дар ин самти бениҳоят муҳим гардад.
Суҳайл АСРОРЗОДА,
мутахассиси пешбари
шуъбаи умумии Академия