Машқи пагоҳирӯзи бо иштироки устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
Санаи 4 — апрели соли равон ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаëти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш бо ташаббуси раёсати тарбия ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва илмҳои табиатшиносӣ дар саҳни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодон донишҷӯён машқи пагоҳирӯзи доир карда шуд.
Машқи пагоҳирӯзӣ субҳи имрӯз бо ҷалби доираи зиёди донишҷўёни истиқоматкунандаи хобгоҳ дар саҳни бинои Академия аз ҷониби Шаҳбози Одинашоҳ — мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва илмҳои табиатшиносӣ доир карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории иқдоми мазкур баҳри солимии ҷомеа, ҷалби ҷавонон ба варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Таъкид гашт, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҷониби устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми мазкур амалӣ карда мешавад.