“Сайри гули лола” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_8510

Санаи 3 апрели соли 2020 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни академиявии “Сайри гули лола” доир гардид.

Дар Фестивал доираи зиёди устодону донишҷӯёни факултетҳои Академия ширкат намуданд, маҳорату ҳунарҳои зебоипарастонаи худро дар олами гулҳо мавриди намоиш қарор доданд.

Зимни баргузории Фестивал-озмун Аҳмадзода Зулфия Кабир — муовини Ректор оид ба корҳои табиявӣ ба иштирокчиён баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмун пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҷавонону наврасон, инчунин, ободу зебо намудани ҳудуди шаҳри Душанбе ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавриди зикри хос аст, ки дар арафаи Фестивал-озмуни “Сайри гули лола” дар ҳудуди гулгаштҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 5 000 бех гулҳои лолаи гуногунранг шинонда шудааст, ки он ба ҳусни Академия зебоии навро зам намудааст.

Аксҳо

Похожие записи