МОДАР, СИПОСГУЗОРАМ АЗ ЗАҲМАТҲОЯТ!
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст. Маҳз бо туфайли ҷоннисории модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон меорему мегӯем: “Модар! Модарҷон!”
Зан – модар асоси зиндагонии мо, гули ботаровати ҳаёт ва сарчашмаи хушбахтии инсоният мебошад. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашӯнида ва аз шири зулолу сапеди ӯ баҳра наёфта бошад?
Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷилло мебахшад. Офтобест, ки дунёро равшанию ҳаёт мебахшад. Чи хуб буд, барои тасдиқи ин суханҳо боре ба ҳуҷрае ворид шавем, ки модар дар он ҷо набошад ва бубинем чигуна эҳсос хоҳем кард ва ҳамчунин, ба ҳуҷрае ворид шавем, ки модар он ҷо бошад, пас ҳардуро муқоиса кунем. Яқинан метавон гуфт, ки вақте модарро дохили ҳуҷра бинем, эҳсос хоҳем кард, ки модар равшандиҳандаи хонадон, қуввату мадори дилҳои мост. Чуноне бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан-модар нест, хушӣ ва рушноӣ вуҷуд надорад».
Дар ривояте омадааст, ки модаре намехост дар айёми пириаш хориву беэҳтиромиро аз фарзанди хеш бубинад. Аз ӯ чунин хоҳишу таманниёт кард: «Фарзанди азизам, замоне умрам ба пирӣ расад ва маро пиру аз кор афтода дидӣ ва ҳангоми ғизо хурдан либосҳоямро касифу ифлос кардам ва ё натавонистам либосҳоямро бипӯшам ва агар суҳбатҳоям такрор ва хастакунанда бошанд, сабур бошу даркам кун! Ёдат бошад, дар айёми хурдсолиат ту ҳам либосҳоятро ифлос мекардӣ ва маҷбур мешудам рӯзе чанд маротиба онҳоро иваз кунам. Барои саргармӣ ё хобониданат маҷбур мешудам такрор ба такрор достонеро бароят таъриф кунам. Вақте, ки бехабар аз пешравиҳои дунёи имрӯза суоле кардам, бо тамасхур бар ман манигар. Вақте барои адои калимот ё матлабе ҳофизаам ёрӣ накунад, фурсат бидеҳ ва дарҳол ғазаб карда, асабонӣ машав. Вақте пойҳоям тавони гаштугузор надоранд, дастонатро ба ман бидеҳ, ҳамон гунае, ки ту аввалин қадамҳоятро дар канори ман мебардоштӣ. Аз ин ки дар канори ту ва муҳтоҷи ту ҳастам, хаставу нороҳат мабош, ёриам кун, ҳамонгунае, ки ман ёриат кардам. Кумакам кун то ба неруву шикебоии ту ин пайраҳаи ҳаётамро ба поён бирасонам. Фарзанди азизу дилбандам, дӯстат дорам!».
Кош ин панду насиҳати модар ҳамеша дар гӯши ҳар яки мо садо диҳад, то дар дами пириашон асои дасти онҳо бошем ва бо дурустрафторию нармдилӣ ба паҳлӯи модар биншинему ба заҳматҳое, ки дар айёми тифлиамон кашиданд, чунин бигӯем: — Модарам, ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам, дар парешонҳолӣ шарикам, дар ғаму андӯҳ лаззатам ҳастӣ, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам ҳастӣ. Ту худ ҷон ба каф гирифта маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсурдаат ҳимоя. Модар, сипосгузорам аз заҳматҳоят! Пас бароям дуое бидеҳ то саодатмандиву баракати зиндагӣ насибам бошад.
Дар охирсухан, бо камоли эҳтирому шодмонӣ ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро, ки нишон аз самимият ва эҳтирому гиромидошти аҳли ҷомеа, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсияти занону модарон мебошад, ба ҳар як зан-модари тоҷик шодбош мегӯям. Хоҳони онам, ки зеботарин лаҳзаҳои зиндагӣ ба модарон насиб гардад, зеро зеботарин ва ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёташонро ба хотири мо аз даст додаанд.
Раҷабалӣ ДОДИХУОЕВ,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ
ва ҳуҷҷатнигорӣ, н.и.ф., дотсент