“МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ — ЭКОЛОГӢ ВА ВАЗЪИ ҲОЗИРАИ МУҲИТИ ЗИСТ”
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Таҳти унвон бо ташаббуси кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 2021 бо иштироки доираи васеи донишҷӯёну устодони кафедра маҳфили навбатии илмии “Математикони ҷавон” доир шуд.
Дар рафти маҳфил мудири кафедра номзади илмҳои физикаю математика Мирзораҳимов М., ноиби декан оид ба таълим Бобозода А., роҳбари маҳфил Ғуломшоева С. ва намояндагони раёсати илм ва инноватсия ширкат намуданд.
Маҳфилро мудири кафедра Мирзораҳимов М. оғоз бахшида, ҳозиринро хушомадед гуфт.
Сипас, ноиби декан оид ба талим Бобозода А. баромад намуда, шунавандагони маҳфилро бо моҳияти “Мушкилоти глобалӣ — экологӣ ва вазъи ҳозираи муҳити зист” шинос намуда, оид ба мавзӯи мазкур дар байни донишҷӯён саволу ҷавоб ва мубоҳиса ташкил намуд.
Дар охир, намояндаи раёсати илм ва инноватсия баромад карда, вобаста ба баргузории маҳфил ибрози ақида намуд.