МАГИСТРАНТИ АКАДЕМИЯ ҒОИЛИБИ ҶОИ ЯКУМИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ГАРДИД

1

Магистранти  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоев Беҳрӯз дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи гоеграфия байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ғолиби ҷои якум гардид.

 

Маросими ҷамъбастии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” 26 октбяри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор гардид.

 

Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба ғолибон ва иштирокчиёни даври шаҳрии озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” ироа намуда, қайд намуд, ки: “Ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имкониятҳои илм дар амал маҳсуб ёфта, он тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, таҳти №АП-44 дар доираи амалисозии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бори аввал роҳандозӣ мегардад”.

 

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” аз 4 то 6-уми октябри соли ҷорӣ аз рӯйи ҳафт номинатсия байни хонандагону донишҷӯён, ходимони илм ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор гардида, дар натиҷа ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби ходимони шинохтаи илми ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд, муқаррар карда шуданд.

 

Дар идома ғолибони озмун, ки аз рӯйи ҳафт номинатсия, ки 75 нафарро ташкил медоданд, бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Похожие записи