НАВРӮЗ – ПАЁМИ ҲИКМАТОМӮЗ АЗ ҚАЪРИ ҲАЗОРСОЛАҲО

IMG_7992

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст, ҷашни оғози сол, кишту кор, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор ва такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам ҳисоб ёфта, таблиғгари накӯкорӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳидоятгари гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек аст ва умри дарози беш аз шашхазорсоларо дорад.

 

Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз – рӯзи нав маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯзи байналмилалӣ ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби нуҷумшиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ азизу арҷманд нест. Наврӯзи байналмилалӣ пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишхои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгонамон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар таърихи навини давлатдориамон бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оин ва анъанаҳои наврӯзӣ дубора эҳё гардида, мақоми ҷаҳониро касб намудааст ва аз соли 2010-ум инҷониб Наврӯзи Аҷам дар сатҳи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро “Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик” номидаанд.

Наврӯз паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо аз қаъри ҳазорсолаҳост, ки накӯтарин ва зеботарин оини будану зистанро ба мардум талқин мекунад. Дар сиришти ин куҳанбунёди аҷдодӣ оромишу осоиш, эҳёву созандагӣ, назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳуму тавозун ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат таҷассум ёфтааст.

Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз имкон медиҳад, ки аҳли башар ба ин падидаи нодири бостонӣ ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро Наврӯз ва мазмуну муҳтавои он танҳо хоси маскани пайдоиши он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонад, ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.

Ҷашни Наврӯз шиносоӣ бо таърихи пурғановати миллиамон буда, ҳамаро ба зиндагӣ ва офарандагӣ даъват менамояд. Аз ин ҷост, ки кишвари офтобиамон сол то сол ободу зеботар гардида истодааст.

Боварӣ дорам, ки дар кишвари зебоманзари мо баргузор гардидани тантанаҳои Наврӯзӣ рӯҳияи идонаи мардуми моро дучанд намуда, ба марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ заминаҳои мусоидро фароҳам меорад.

Ҳоло кулли мардуми кишвар ба кишту кори баҳорӣ камари ҳимматро мустаҳкам бастаанд ва баҳри ободии диёри хеш, барои аз худ гузоштани нишонае ба ояндагон машғули шинондани ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, бунёди боғҳо мебошанд.

Бо роҳи бунёдкориву созандагӣ ва боварӣ ба сиёсати устувори давлат, ҷонибдорӣ дар роҳи амалигардонии ормонҳои давлатдорӣ мо бояд дучанд меҳнат кунем.

Аҷдодони мо дар ҳар давру замон маросим ва суннатҳои Наврӯзиро тақвият дода, онро дар ҳалқаи дӯстону оила таҷлил ва пайваста густариш бахшидаанд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз саховатмандӣ, ғамхорӣ ба ниёзмандон ва бахшидани ҳамдигар аз накӯтарин амалҳо ба шумор меравад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба ҳамаи сокинони кишвар бахту саодат, иқболи нек, рӯзгори хурраму бонишот ва умри бобаракатро таманно менамоям. Ба ватанамон суҳу амонӣ ва ба иқтисодиёт ва дигар ҷабҳаҳои давлатӣ комёбиҳои назаррасро хоҳонам.

Дар рӯи хони Навруз бояд ки боз бошад

Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.

Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,

Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

 

Хуршед САЙДАЛИЕВ,

 доктори фалсафа (PhD) дар иқтисодиёт, дотсент,

ходими пешбари илмӣ-дотсенти Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи