ОҒОЗИ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНӢ АЗ РӮИ БАРНОМАИ “АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

IMG_7946

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки солҳои 2021-2022 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

 

Дар ифтитоҳи расмии курси мазкур ноиби ректор оид бa илм ва инноватсияи Aкaдемия, номзaди илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ноиби ректори Академия Карамалишоев К.Н. зимни ифтитоҳи курси мазкур зикр намуд, ки дар доираи татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ва санадҳои барномавии дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Дар робита ба ин, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мунтазам такмил додани донишҳои ҳуқуқӣ ва соҳавии хизматчиёни давлатии ҷавон ҳамасола дар Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ курсҳои азнавтайёркуниро барои хизматчиёни давлатие, нав ба хизмати давлатӣ дохил шудаанд, пешбинӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба шарҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022), шаҳри Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, таърихи ташаккулёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи технологияҳои кадрӣ дар хизмати давлатӣ, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мақомоти давлатӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа гузаронида хоҳад шуд.

Дар интиҳои курси мазкур дар мавзӯи “Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатӣ ва Агентии хизмати давлатӣ миззи мудаввар баргузор гардида, баъд аз суҳбат — санҷиш ба хатмкунандагон Гувоҳномаи хатм супорида мешавад.

Похожие записи