НАФРАТИ ХАЛҚ БА ХОИНОНИ ВАТАН

Шукрона аз фазои соҳибистиқлолӣ, ки имрӯз ҳар як гӯшаи Ватан обод ва мардумаш пайи зиндагии осоишта мебошанд. Ободиву шукуфоии Тоҷикистони азизро ба ном озодандешони бурунмарзӣ хуш надоранд. Чаро? Албатта ба ҳамагон аён аст, ки мақсаду мароми онҳо сарнагун намудани ҳокимияти давлатӣ  ва ҷорӣ кардани қонунҳои ғайри инсонии худ мебошанд. Бо истифода аз усули якмаром, ки интишори манбаъҳои образнок аст, мудом миёни омма ихтилофҳои сиёси андохта мешавад, ки бо ин восита боварии мардумро нисбат ба давлат коста мегардонанд.

 

Қисмат намудани Ватан ва пос надоштани арзишҳои он зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки миллати тоҷик онро қаблан таҷриба намуда буд. Ҳоло бошад, хоинони ватан бо фармондеҳони хориҷии худ ба нооромии кишвар ба ҳар роҳу усул дахолат менамоянд. Рӯзе нест, ки атрофи сиёсати давлат хабаре набофанд.

 

Ба истилои русҳо “зарфи асал бе қатраи ифлоси намешавад”.

 

Ин хоинони миллат ифлосие дар байни мардуми тоҷик мебошанд, ки мехоҳанд ба руҳияи мардум таъсир расонанд.

 

Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанони сустирода бо пешниҳоди миқдори маблағи ночиз омодаанд, ҷони худу наздиконашонро зери хатар гузошта, ба гурӯҳҳои мухолиф шомил гарданд.

 

Аз ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки бозичаи дасти дигарон нашуда, бо матиниродагӣ барои фардои дурахшони Ватан пеши роҳи чунин нобасомониҳоро гирифата шавад.

 

Саидакрам ИБРОҲИМОВ,

сармутахассиси шуъбаи магистратура

оид ба таълими Академия

 

Похожие записи