НАҚШИ ЗАБОН ДАР ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳувият фароянди посухгӯйии огоҳонаи фард ба маҷмӯае аз пурсишҳо дар бораи ӯст, монанди “кист?”, “аз куҷост?”, “ба кадом қабила, нажод ё миллат тааллуқ дорад?” Андешамандони ҳавзаҳои гуногун сутуҳи мухталиферо барои ҳувият муайян кардаанд. Аз ҷумла, равоншинос Зигмунд Фрейд асоси шаклгирии ҳувияти инсонро дар мароҳили мухталифи рушди ӯ медонанд. Аз назари ӯ, ҳувият аз сатҳи фардӣ оғоз мешавад ва бо гузар аз сатҳи иҷтимоӣ  дар эҳсоси «ҳувияти миллӣ», ки олитарин сатҳи ҳувият аст, ба такомул мерасад.

 

Ҳувияти миллӣ, ки бархе онро ҳувияти меҳварӣ низ меноманд, навъе эҳсоси тааллуқи фард ба як сарзамину давлат–миллат ё кишваре хос мебошад. Бюзан ҳувиятро рӯҳи ҷомеа медонад, ки «посдорӣ аз он ба бутаи фаромӯшӣ супурда шудааст ва инак бо таваҷҷуҳ ба ҷараёнҳое чун муҳоҷиратҳои густардаву ҷангҳои қавмӣ лозим аст ба он таваҷҷуҳ гардад». Яке аз омилҳое, ки бунёди ҳувияти миллиро метавонад тағйир диҳад, ин раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Ҷаҳонишавӣ, рамзан метавон гуфт, гирдбоди азимест, ки аз роҳаш хасу хор ва ҳар чизи сабуку бебунёдро аз байн мебарад. Ҳамин гуна унсурҳои бебунёди ҳувият низ дар гирдбоди ҷаҳонишавӣ тоб наоварда, аз ҳам фурӯ мепошанд. Бояд гуфт, ки ба ҳувияти миллӣ ҳатто равобити муқаррарии байниҳамдигарии халқҳо, инчунин ҳамҷаворӣ, тасаллутҳо, динҳо муассир хоҳанд буд.

 

Барои он ки мардум бо якдигар ҳамҳиссӣ пайдо кунанд, ба сурати як маҷмӯа дароянду миллат шаванд, василае беҳтар аз забон надоранд. Ба қавли Стендел, нависандаи фаронсавӣ, забон нахустин санади нубӯғи як миллат аст, ҳар миллате, ки қасди нишон додану шиносондани нубуғу ҳувияташро ба ҷаҳониён дошта бошад, бояд ин корро аз тариқи забон анҷом диҳад.

 

Ин аст, ки зиёиёни тоҷик, пеш аз он ки истиқлолияти сиёсии худро таъмин намоянд, заминаҳои истиқлолияти забонии худро бо қабули Қонун дар бораи забони тоҷикӣ мустаҳкам намуданд.

 

Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо сиёсати давлат дар самти забон оқилона ба роҳ монда шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон қабул кардааст, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд. Аз ҳама муҳим, таваҷҷуҳ ва алоқамандии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба такягоҳу посдорони асосии забони модарӣ – занону бонувон таъкид намуданд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, одоби муошират ва суханвариро барои наслҳои оянда омӯзонанд.

 

Поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, яъне беҳдошти забон, бо раванди инкишофи ҷомеа алоқамандии зич дорад. Тамоми дигаргуниҳое, ки дар ҷамъият рух медиҳанд, дар забон инъикос меёбанд ва мунҷар ба таҳаввул ва ё таназзули забон мегарданд.

 

Таҳаввули забон раванди дар асоси қонуну қоидаҳои рушду ташаккули забон тағйир ёфтани сохти грамматикиву овоии он аст. Таназзули забон раванди азбайнравии забон бо таъсири омилҳои беруна мебошад.

 

Оқибатҳои мудҳиши маҳалгароиро дар солҳои 90-ум шоҳид будем. Барои аз байн бурдани маҳалгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳувият ва ваҳдати миллии мардум зарур аст, ки забони адабӣ ҳамчун забони миллӣ ба омма наздик гардад. Барои расидан ба ин ҳадаф чӣ бояд кард?

 

  1. Дар иқтибоси калимаҳо меъёрро бояд ба назар гирифт.
  2. Тарҷумаи саривақтии истилоҳотро бояд таъмин намуд.
  3. Таблиғи истилоҳоти тарҷумашуда ва умуман, забони адабиро дар миёни мардум тавассути ВАО, нашри китобҳои илмиву таълимӣ ва бадеӣ бояд дуруст ба роҳ монд.

 

Гулихандони МАЛИКНЕЪМАТ,

Азиза РАҲИМЗОДА,

омӯзгорони кафедраи

забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

 

 

 

Похожие записи