НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ КӮДАК
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Аз қадиммулайём оила ҳамчун институти ҷамъияти инсонӣ роҳи дурударози мураккабро аз шаклҳои қабилавии зиндагӣ оғоз карда, аз cap гузаронида аст. Хусусияти ин давра аз он иборат буд, ки инсонҳо ба танҳоӣ наметавонистаанд зиндагӣ кунанд. Танҳо бо гузашти солиёни дароз оилаҳои бузург ба оилаҳои хурд, ки аз падару модар ва кӯдакон иборат будаанд, табдил гаштаанд. Оила вазифаҳои анъанавии махсуси худро дошт ва рукни муҳимми хоҷагӣ ба ҳисоб мерафт, ки аз ин нигоҳ дар хонавода зиндагӣ намудан ниҳоят зарур буд ва инсоне, ки хонавода надошт, бадбахт ҳисобида мешуд. Дар оила қабл аз ҳама пояҳои ахлоқии вай муқаддас ба ҳисоб мерафт ва устувории оиларо нигоҳ медошт.
Имрӯзҳо чизе дигаре, ки дар оиладорӣ фарқкунанда мебошад, ин сохтори нави он аст. Яъне аксари хонаводаҳои шаҳрӣ камшуморанд (иборат аз як ё ду нафар). Агар пештар оила зимни муносибатҳои хешовандӣ туфайли пайванди зичи кӯдакон ва волидайн устувор буд, дар ҳоли ҳозир бошад, дар асоси муносибатҳои зану шавҳардорӣ устувор аст.
Муносибатҳои волидайну фарзандон дар дараҷаи дуввум меистанд, ҳарчанд аҳамияти онҳо ниҳоят бузург аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки муносибати волидайн бо фарзандон дар камолоти инсонӣ ва тарбияи кӯдак нақши хеле бориз дорад. Чунки таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ҷомеае, ки институти оила дар он мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Нақши оила дар тарбияи фарзанд хеле калон мебошад. Агар оила ноустувор бошад, боис мегардад, ки оилаҳои нопурра пайдо шаванд ва эътибору обрӯи волидайн паст гардад. Ҳамзамон таъсираш ба саломатии кӯдакон ва калонсолон низ хоҳад расид.
Бояд тазаккур дод, ки тамоми рафторҳо ва муносибатҳои мусбию манфии падару модар аз ҷониби фарзандон назора карда мешавад. Кӯдак мебинад, ки бо кадом роҳу воситаҳо низоъ ва моҷароиҳо миёни волидайн ҳаллу фасл мегарданд. Онҳо бештар сифатҳоеро назорат менамоянд, ки (дағалӣ, дурӯягӣ, меҳрубонӣ, назокат ва ғ) дар онҳо ояндаи худро мебинанд ва барои муносибатҳои шахсии худ дар оянда нақши мураттаб месозанд. Чуноне, ки педагоги рус Сухомлинский В.А қайд менамояд: “Дар оилаҳое, ки муносибати ҳамсарон мусолиҳатомезу муносиб аст, роҳ барои фарзандон ҳамеша боз аст. Дар ин оила эътимоду бовариҳо бо зебогиҳои инсоният ва ороишу амнияти ботинӣ зиёд аст. Онҳо ба ҳар чӣ, ки ғайриахлоқӣ ва ё зиддиҷтимоӣ аст, оштинопазирона муносибат мекунанд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ташаккули шахсияти кӯдак муносибатҳои дохили оилавӣ нақши бузург мебозад. Аҳамияти ин муносибат дар инкишофи фарзандон вобаста ба он аст, ки онҳо намунаи махсуси муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Инчунин ба ташаккулу инкишофи шахсияти кӯдак як қатор омилҳои таъсиркунанда аз қабили таркиб, ҳайат ва сохтори оила, хусусияти муносибатҳои байни падару модар; ҳамоҳангсозии нақшҳои оилавӣ ва аз ҷониби аъзоёни оила дастгирӣ намудани низому тартиби мавҷудаи оила; сатҳи маълумоти волидайн, мувофиқат ва фазои умумии психологӣ дар оила; муносибати падару модар ба кӯдак ва таъсирбахшии онҳо нақши бориз доранд.
Омӯзонидани меъёрҳои ахлоқӣ яке аз роҳҳои асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдакон ба ҳисоб меравад чунки рафтору муносибатҳои калонсолон барои кӯдакон намунаи ибрат аст. Инчунин ба рафтору кирдори кӯдак рафтору амали мардуми атроф низ метавонад таъсир расонад. Маълум аст, ки кӯдакон бо қобилияти хуби тақлидкуниашон фарқ мекунанд. Онҳо тарзи рафтору кирдори калонсолонро аввал тахлил намуда, сипас ба онҳо тақлид карда, тарзи арзёбӣ ва баҳодиҳиро аз калонсолон қабул менамоянд. Баъд аз он, ки муносибати эмотсионалии кӯдак нисбат ба худаш пайдо мешавад, дар ӯ кушиши ба талаботҳои калонсолон мувофиқ шудан ба амал меояд. Ҷиҳати мусбати ин кӯшиш ҳиссиёти ахлоқӣ ва ё виҷдон аст. Дар ин давра барои кӯдак лозим аст, ки ӯро ҳамчун шахсият бишиносад ва ба ӯ ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.
Дар ин ҷо бо мақсади ташаккули алоқаҳои маънавии мустаҳкам миёни волидайну кӯдакон сатҳи баланди эътимоди дуҷониба миёни онҳо, эҳтирому боварӣ ва ҳусни тафоҳум лозим аст. Барои ташаккули шахсияти кӯдакон ҳар як рӯйдоду ҳодисаи номатлубе, ки дар оила мегузарад, метавонад таъсиргузор бошад. Масалан, агар волидайн рафтору кирдори кӯдакро ба таври манфӣ баҳогузорӣ намоянд, дар ӯ бисёре аз хислатҳо ба таври бояду шояд рушду нумуъ намекунанд. Кӯдак метавонад беташаббус, тарсончак, нобовар ба воя расад. Дар ҳолате, ки агар волидайн рафтору кирдори фарзанди хешро маъқул шуморанд, кӯдак ба қувваву нерӯи худ боварӣ ҳосил карда ташаббускору қавиирода ба воя расида фаъолияти худро хуб идора ва танзим менамояд.
Мусаллам аст, ки ояндаи фарзандон дар дасти худи волидайн аст. Набояд фаромӯш сохт, ки кӯдак ҳар қадар, ки аз тарафи падару модар меҳри кам бинад, ҳамон қадар оҳистатар ҳамчун шахс ташаккул меёбад, чунки шуури кӯдак бо сабаби набудани таҷрибаи зиндагӣ хусусияти баҳодиҳии яктарафаро дорад. Ҳангоми аз тарафи падару модар ва одамони наздики худ дидани дағалӣ, номеҳрубонӣ, бетарафӣ ва амсоли инҳо ӯ ба чунин хулосае меояд, ки одами бегона қодир аст ба ӯ зарари бештар биёрад. Дар чунин мавридҳо ҳисси нобоварӣ, эҳсоси шакку шубҳа ва тарсу бими кӯдак бештар мегардад. Бинобар ин, кӯдакон гоҳҳо ба хотири ин ки ба шароитҳои душвор мутобиқ шаванд ва ё аз ғазаби калонсолон халос гарданд, аз роҳҳои гуногун истифода мекунанд. Масалан, дурӯғ мегӯянд, фиребу дурӯягӣ мекунанд ва ғайраҳо.
Яке аз омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдак мавқеи тарбиявии падару модар мебошад, ки тарзи умумии тарбияро муайян менамояд. Мавқеъҳои мувофиқи падару модарро дар оила чунин гуруҳбандӣ менамоянд:
- Мавқеи радкунанда — падару модар тарбияи кӯдаконро тибқи ин мавқеъ ҳамчун вазифаи мушкил ҳисобида ва ба ҳар роҳ мехоҳанд, ки аз ин бори сангин халосӣ ёбанд. Бинобар ин, кӯдакро доимо танбеҳу сарзаниш карда танқид менамонд;
- Мавқеи дуршавӣ — волидайн аз худ муносибати сарду бетарафона нишон медиҳанд, кӯдак комилан озод ва беназорат аст;
- Мавқеи ҳукмфармона дар муносибат бо кӯдакон — ба ин мавқеъ қатъият ва сахтгирии калонсолон нисбат ба кӯдакон хос аст. Тамоюли маҳдудсозии талаботҳо, озодии иҷтимоӣ ва мустақилии онҳо ба амал меояд. Методҳои асосии ин намуди тарбияи оилавӣ интизом, тахдид ва ҷазо ба ҳисоб меравад.
- Мавқен радкунанда ва маҷбуркунанда — тибқи ин мавқеъ падару модар кӯдакро маҷбур менамояд, ки ба тарзи рафтори пешниҳодкардаи ӯ пайравӣ кунад. Дар ин маврид хусусиятҳои фардӣ ва мустақилияти кӯдак ба назар гирифта намешаванд;
- Тарзи демократии тарбия — тарбияи кӯдакон аз ҷониби волидайн зимни муҳаббату эҳтироми дуҷониба ва таваҷҷуҳу ғамхорӣ сурат мегирад. Дар оилаҳое, ки аз ин тарз истифода мекунанд, кӯдаконаш хеле барвақт дар фаъолиятҳои хонаводагӣ иштирокчии фаъол мегарданд. Калонсолон бо кӯдакон масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки дастраси фаҳму зеҳни кӯдаканд. Волидайн саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки фарзандони худро хуб бифаҳманд, сабабҳои амали хуб ва бади онҳоро бидонанд. Волидайн зимни пешниҳоду талаботхои худ ба шуури ӯ такя намуда, ташаббусашро маъқул мешуморанд. Ҷазо дар чунин оилаҳо маъмулан ҷой надорад, зеро як сухани сарзанишомез ё озурдагии падару модар метавонад мушкилии мавҷударо рафъ созад. Кӯдаконе, ки дар чунин оилаҳо тарбия ёфтаанд, кушодарӯ ва хушмуоширатанд.
Доир ба масъалаи мазкур профессор А. С. Спиваковская ҳашт намуди оилаҳоро бо чунин муносибатҳо ҷудо менамояд:
- Оилаи зоҳиран ором. Дар ин оилаҳо ҷараёни ҳодисаҳо орому мусолиматомез аст. Чунин ба назар мерасад, ки муносибати байни аъзои хонавода муназзам ва мувофиқ аст.
- Оилаи вулконӣ. Дар ин оилаҳо муносибатҳо тағиирёбанда ва кушода аст. Зану шавҳар доим байни худ даъвову ҷанҷол мекунанд, аз якдигар розӣ намешаванд, гоҳҳо аз нав ба ҳам меоянд, якдигарро дӯст медоранд ва самимиҳои пешин боз аз нав такрор мешаванд, аммо ин фазои номуносиб ба инкишофу ташаккули шахсияти кӯдак таъсир мерасонад.
- Оила — осоишгоҳ. Дар чунин оилаҳо рафтори волидайн монанди андешае аст, ки дар осоишгоҳанд. Тамоми солҳо кӯшиши хешро ба он равона мекунанд, ки барои худ маҳдудиятро эҷод намоянд. Тамоми вақтро бо ҳам мегузаронанд, мехоҳанд фарзандон аз наздашон дур нашаванд. Фазои тарсолуду бимнок эҷод мекунанд.
- Оила — қалъа. Хусусияти ин гуна оила он аст, ки дар чаҳор девори он ҳама чиз дар чаҳорчӯбаи муайян сурат мегирад. Тамоми муносибатҳои дохили оилавӣ ё берун аз он зери назорат ва дар доираи муайян қарор мегирад. Чунин оила — қалъаҳо кӯдакро доимо дар як вазъияти пурихтилоф ва сермоҷаро мегузорад ва ин дар навбати худ метавонад ба зуҳуроти аломатҳои касалиҳои асаб сабаб шавад.
- Оила — театр. Дар чунин оилаҳо устувории оила ба воситаи тарзи махсуси зиндагии “театрмонанд” нигоҳ дошта мешавад. Тибқи маъмул дар чунин хонаводаҳо яке аз волидайн доим ниёзманд ба таваҷҷуҳи махсус аст ва мехоҳад дӯстдору азизи хонавода бошад. Онҳо назди бегонагон чунин нишон медиҳанд, ки гӯё ба фарзанди худ ғамхорӣ мекунанд ва ӯро дӯст медоранд. Дар асл бошад, онҳо ба таври рӯякӣ вазифаи зарурии худро нисбат ба фарзандон назди ҷамъият иҷро менамоянд. Дар хонаводаҳои “театрмонанд” бисёр вақт муносибати махсус нисбат ба фарзандон пайдо мешавад, то ин ки камбудиҳои ӯ рупӯш карда шаванд. Ҳамаи ин боиси сусту заиф гаштани зудназораткунӣ ва интизоми дохилии ӯ мегардад.
Набояд фаромӯш сохт, ки фарзандро нахуст дар оила ахлоқ бояд омӯхт. Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хосае зоҳир мекардаанд. Имрӯзҳо шароити кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар замони инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ ҳамчун падидаи нав то андозае тавонистааст, ки ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсоният таъсири худро расонад.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар омилҳо ба таълиму тарбия низ таъсири худро расонида истодааст. Ҷавонони мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд ҳамқадами кишварҳои пешрафта ва рушдёфта бошанд, вале дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле назаррас аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созанда ва ташаккули шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки таълиму тарбияи дуруст ба ташаккули инсони комил ва оилаи солим мусоидат намуда, имрӯзу фардои ҷомеаро рӯшан месозад, чунки маърифати оиладорӣ, омода кардани насли ояндасози кишвар ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,
директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории
Эмомалӣ Раҳмон”-и Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент