ОИЛА–САРЧАШМАИ МУҲАББАТ

IMG_9670

Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.

 

Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15-уми май таҷлил мегардад. Инак 30 сол мешавад, ки ин сана дар сатҳи байналмилалӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти рӯзафзуни оилаву оиладорӣ қайд мегардад.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашн — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда буданд.

Ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Ин маъно ифодагари он аст, ки бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештареро дар оила ва ҷомеа мегузоранд.

Волидайн низ бояд аз ин огоҳ бошанд ва дар тарбияи авлоди худ тавре муносибат кунанд, ки онҳоро дар роҳи росту мустақил ҳидоят намуда, муваффақ бошанд. Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки оилаи солим ба ҷамъият наслҳои солим тарбиягирифта, поквиҷдон, росткор ва ба Ватан содиқ буданро ба воя мерасонад.

Оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳиме дар ҷомеаи инсонӣ мебозад. Оила беҳтарин сохтор барои баркамол расидани фарзандон аст. Оре шахсе, ки маърифат дорад, савод дорад, ақлу тамиз дорад, зиндагиаш шаҳдбор, хуррам, беолоиш мегузарад.

Оила ин худ давлати хурде мебошад, ки қонуну қоидаи худро дорад, дар ҳамин макон агар фарзандон дуруст тарбия ёбанд, чун фарзандони солиму бардам ва баору номус, пас ба халқу Ватани худ содиқона хизмат менамоянд.

Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандоне, ки ҳамарӯза аз ин дабистоне, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Таъсири оила ба инкишофи минбаъдаи шахсият ҳиссагузор мебошад.

Ҳар як инсон аз хурдӣ дар дил орзуи ҳаёти хушбахтиро мепарварад, вале баҳри расидан ба ин орзуҳо марҳилаҳои гуногунро паси сар менамояд, то ки ба орзуҳо ҳадафрас бошад. Яке аз ин марҳилаҳои муҳими зиндагӣ бунёди оила мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст.

Оила қисми таркибии ҷомеа ва зинаи аввали ташаккули инсоният ба шумор рафта, шакли ҳастии инсонро муайян менамояд. Вобаста ба ин, ягон миллат ё ҷомеаи маданӣ аз доираи оила берун қарор надорад ва фаъолияти худро дар таносуб бо падидаи оила ба роҳ мемонад.

Мафҳуми умумипазируфташудаи оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ онро ба сифати гуруҳи хурди иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, дар заминаи он муносибатҳои хешутаборӣ, буҷети ягона, муҳити иҷтимоии умумӣ, масъулияти байниҳамдигарии ахлоқӣ ва ҳуқуқиро арзёбӣ менамояд.

Ҳифзи оила, модарӣ ва кӯдакӣ фарогири ақди никоҳи озод аст. Никоҳ асос ва пояи ташаккули оила маҳсуб шуда, дар ақди ризоияти дуҷониба ва ихтиёрии он барои ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила аҳамияти фавқулода дорад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади асосии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ шартҳои никоҳ, бо розигии дуҷонибаи муносибатҳои оилавӣ шартҳои никоҳ ва ба синни  никоҳ расиданро ҳамчун эътирофшуда муқаррар кардааст. Кодекси оила ҳамчунин ҳолатҳоеро, ки мавҷудияташон монеаи никоҳ мегарданд, пешбинӣ намудааст. Муқаррар намудани  шартҳои никоҳ баробарии мард ва занро дар ташкили оила таъмин мекунад.

Оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа талаб менамояд, ки диққати асосӣ дар раванди ташаккули оила, дар навбати аввал, маҳз ба муҳофизати манфиатҳои модару кӯдак дода шавад.  Зеро кӯдак тарбияи аввалро аз модар гирифта, дар назди модар қарор дорад. Вобаста ба ин муҳофизати манфиатҳои модару кӯдак на танҳо дар доираи қонунгузории оилавӣ, ҳамчунин дар доираи қонунгузории меҳнатӣ, қонунгузории молиявӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ амалӣ гардонида мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули оилаи солим ва нақши он дар пешрафти давлат ва тарбияи насли наврас  аҳамияти хоса зоҳир намуда, иброз доштаанд, ки “ … оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Хулоса, бунёди оила ҳавову ҳавас нест. Пас ба ҷавонон бояд моҳияти оила ва зиндагӣ фаҳмонида шавад, то ки дар оянда ба монеаҳо дучор нашаванд. Сабру таҳаммул асоси пойдории оила ба шумор меравад. Бояд ба ҷавонон одоби оиладорӣ фаҳмонида шавад, то ки дар зиндагии минбаъда дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ дар намонанд. Барои он ки эҳтироми байниҳамдигарии аъзоёни оила ҳамчун меъёри ахлоқӣ дар шуури онҳо ҷой бигирад, ҳам дар кор  ва ҳам дар муомила ба якдигар таҳаммул бояд кард. Ҳамчунин ишора мешавад, касе, ки бо зани худ хушмуомила аст, соҳиби маънавиёт ва ахлоқи баланд аст ва месазад, ки мо кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки хушунату зӯроварӣ дар оила набошад ва азобу шиканҷа нисбати занон аз тарафи мардон, хушунату зӯроварӣ аз тарафи хушдоман нисбати келин ва шиканҷа нисбати фарзандон бартараф карда шавад.

Бояд барои пойдории оилаи солим кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки масъалаҳои мушкили ҳалнашудаи зиндагӣ пошхӯрии оиларо ба амал биёварад. Дар бунёди оилаи солиму пойдор, тарбияи насли навраси инсондӯст, таҳаммулпазир, эҳтиромгузор ба намояндагони миллату мазҳаби гуногун ва сулҳхох дастурамали судманде хоҳад буд.

Зулфия АҲМАДЗОДА,

ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита

бо ҷомеаи Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Похожие записи