НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ ВА РУШДИ ХУДШИНОСИИ  МИЛЛӢ

48657637672_e9d365ff8f_o

         Боиси ифтихор ва фараҳмандии миллати  тоҷикон  аст, ки  имрӯзҳо  фарзанди фарзонаи миллат, инсони  қавиирода ва ватандӯст  бори гарони раҳбариву ҳукуматро  бар ӯҳда дошта, бо бадиву зиштӣ ҳамеша пайкор мекунад, саросари ҷаҳони ҳастиро бо нури аҳуроӣ меорояд, ростиро сармашқи кори худ карда, камолоти маънавӣ ва ахлоқиро тарғиб менамояд, порсоию покӣ ва андешаи некро манбаи асосии саодатмандию ҷовидонии инсон шуморида ҷони худро фидои ин миллату ин меҳан намуда истодааст.     

                                        

Ҳар як таълимот ва сиёсат фақат дар сурате пазируфта мешавад ва ба муваффақият умед баста метавонад, ки на танҳо ба дархостҳои маънавӣ ва мафкуравии замон, балки ба ниёзҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ҷавобгӯй бошад.  Инсон дар рафти мубориза ба муқобили ҳама гуна зӯрӣ, таҳдид ва дигар амалҳои бад на танҳо ғолиб мебарояд, балки пояи адлу инсофро боз устувортар месозад. Маҳз ҳамин абармарди миллат, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ташаккул ва инкишоф додани тафаккури сиёсии мардуми  тоҷик нақши муҳим бозад ва  принсипҳои асосии Зардуштия «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро  сармашки кори худ намуда ҳамчун яке аз сиёсатмадорони хирадманд  дар  саросари ҷаҳон маълуму машҳур гардад.

Ёдовар шудан ба маврид  аст, ки  ҳодисаҳои номатлуби солҳои навадум ва ҷангӣ шаҳрвандӣ исбот намуд, ки  аксарияти мардуми тоҷик ба хусус ҷавонон қишри хеле ҳассоси ҷомеъа буда қувваҳои иртиҷоӣ метавонанд аз нерӯи онҳо  ба манфиатҳои гурӯхии худ моҳирона  истифода баранд. Дар он рӯзгороне, ки душманони миллати тоҷик  мехостанд саросар дарахти дӯстиро решакан карда, ниҳоли душманӣ бисабзонанд, миллати пароканда ва бе сарвари сиёсӣ мондаро ҷамъ оварда, ба водии мурод расондан, раҳнамоии шахсиятеро мехост, ки дар сиришти худ ғаризаи таҳлилӣ — аналитикӣ, иродаи матину устувор, биниши бохирад, гавҳари суханро аз дарёи пурошӯби мантиқ берун бароварда тавонистан, ба дили даҳҳо соҳибдавлатони худбузургбини ҷаҳон роҳ пайдо кардан ва садҳо ҳунари дигари  давлатдорӣ дошта бошад, ки бо амри тақдир  ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Бо  шарофати соҳибистиқлол  гардидани Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат омӯхтани таърихи Ватан, эҳё ва рушди худшиносии миллӣ дар ҷомеа торафт меафзояд. Имрӯз ҳар як шаҳрванд ба худшиносӣ ва барқарор   кардани  хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Дар чунин шароит зарурияти пешниҳоди консепсияи нави тафаккури таърихӣ ба амал омад. Дар асару мақолаҳо ва паёмҳои, Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус, дар китоби бисёрҷилдаи “Тоҷикон дар оинаи таърих”, консепсияи нави тафаккури таърихӣ пешниҳод гардидааст. Ба шарофати ин консепсия шоҳроҳе гузошта шудааст, ки мардуми хирадманди тоҷик таърих ва фарҳанги қадимаи худро омӯхта сатҳи маданияти умумӣ ва сиёсии худро дар асоси анъанаҳои муфидӣ аҷдодон ғанӣ мегардонанд. Ҳангоми  омӯзиши  таърихи  гузаштаи худ шахс   ба дунёе ворид мешавад, ки пур аз воқеаҳои муҳим буда як ҷаҳон  асрори  ниҳоне дар он нуҳуфтаст, ки  равшанкунандаи роҳи оянда низ  мебошад. Чуноне,ки сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд “Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ  бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро  ба анҷом  бирасонем”.

Дар рафти омӯзиши таъриху фарҳанги худ   бояд пеш аз ҳама ба омилҳои зерин, яъне аз худ кардани таҷрибаи  муфиди таърихӣ, диққати ҷиддӣ додан ба фарҳангу тамаддуни ниёгон, таҳлили  обективонаи  мушкилиҳо, камбудиҳо ва каҷравиҳо дар гузашта ва равшан донистани вазифаҳои имрӯза ва ояндаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон диққати махсус дода шавад.

Дар  хусуси надонистан ва воқиф  набудан аз гузаштаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  чунин қайд кардаанд: “Агар кас гузаштаи худро надонад, инсони комил нест!” ин гуфтаҳо дар воқеъ инсониятро воқиф месозад, ки ба омӯзиши гузаштаи худ  диққати ҷиддие диҳад то дар ҷомеа мақом ва мартабаи худро ҳамчун инсони комил пайдо карда тавонад. Надонистани гузаштаи худ ин фоҷиаи басо бузург  ва зарбаи ниҳоят сахт аст ба пойдевори фарҳангу тамаддуне, ки миллат дар тӯли таърих бунёд кардааст. Агар аз рӯи ҳамаи он нуқтаҳое, ки дарҷ гардиданд хулоса барорем, пас он шаҳрвандоне, ки таваҷҷуҳ  надоранд ба меъроси гаронбаҳои миллати худ ва аз таъриху фарҳанг, тамаддуни гузаштаи миллати худ воқиф нестанд дар мудати начандон тулони хатари аз байн рафтани миллату тамаддун ва фарҳанг онҳоро таҳдид мекунад. Таърих  гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме  аз  давлату  миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз тамаддун ва фарҳанги офаридаи хеш  маҳрум  гардидаанд, ки  мутаасифона дар таърих ин гуна фоҷиаҳои даҳшатбор хело зиёд мебошанд.

    Ҳар як шахсро мебояд, ки ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ,  сабаб, натиҷа ва  муҳимтар  аз  ҳама  сабақи онро барои  имрӯз ва оянда дарк кунад. Ба ҳамин маъно Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардааст: “Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.

Роҳи худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ дар назари тоҷик арзиши  муайян пайдо кардани тоҷик аст, новобаста ба мансубияти маҳаллии он. Ин маънои онро надорад, ки нисбат ба дигар халқу миллатҳое, ки ҳамроҳи мо бародарона зиндагӣ мекунанд, беэътинои кард, ҳаргиз, чунки чунин гузориши масъала ба миллатчигӣ мебарад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллати тоҷикон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Худшиносии  миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст”.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти ба миён омадаро саривақт таҳлилу баррасии амиқ намуда, таъкид карданд: “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.

Забон  асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат буда ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг,  миллат ва ҳувияти миллат афзалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ давлат низ дер ё зуд тафаккур ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳанги бегонаро мепазиранд. Пас моро зарур аст, ки  ба ин муқаддасоти милли арҷ гузошта  фарзандони худро дар руҳия  поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ тарбия намуда ба воя расонем.

Дигар масъалае,ки зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад ин арҷ гузоштан  ба фарҳанги миллӣ, махсусан  ба либосҳои милли тоҷикона мебошад.Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафтанд. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.Аммо мутаасифона  он сару либосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳаллаҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳоти мамлакат ва гоҳо дар шаҳрҳо муд шудааст ва ягон асолати милливу динӣ надоранд   ин ҳама аз тақлиди кӯр-кӯрона ва нобасомони бонувон аст, ки реша дар ҷаҳолату нодонӣ ва ноогоҳӣ аз фарҳанги миллӣ дорад.

Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад.Пас зани тоҷикро зарур аст, ки  мафтуни серу ҷазобияти атласу адрас, гулбасти  чакани  Хатлон  ва  гулдӯзиҳои нотакрори минтақаҳои  худ буда, аз  рангҳои   пурҷило   истифода баранд. Набояд фаромӯш кард, ки арҷ  нагузоштан  ба  ҳунар  ва  тамаддуну  таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Либоси миллии тоҷикона ёдгорӣ аз аҷдодонамон аст, ки нишон, фарҳанг ва маданияти тоҷиконаро акс мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш, аз ҷумла Паёмҳои ҳамасола доир ба тарбияи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ суханрониҳо намуда таъкид менамоянд, ки “Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”.

Чуноне маълум аст барои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳае нест, ки аз пеши назарашон дур монда бошад ва ҳамин аст рисолати Пешвое, ки дар пайи бозовариву боздеҳии истеъдодҳои миллат мебошанд. Пас ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд,ки  ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи сулҳу ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмардона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.

                                   Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,

директори “Маркази омӯзиши

мактаби давлатдории  Эмомалӣ  Раҳмон”

Манучеҳр БЕГЗОДА,

магистрант