НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Рӯйдодҳои таърихӣ ҳамеша аз байни фарзандони миллат шахсиётҳои сиёсиву давлатиро ба майдон меорад, ки онҳо дар ҳолатҳои  басо мудҳишу сӯзон бори сангини тақдири халқу ватанро бо тамоми масъулияти баланд бар дӯши хеш  мегирад. Ва ҳар яке дар арсаи кору пайкор бо талошҳои шабонарӯзии хеш аз рӯи қудрату тавон, хираду ҳунар, фазилату дониш, ҷасорату дурандешӣ, кинаву бераҳмӣ, хашму ғазаб, дасисаву сиёҳкорӣ сина сипар карда, андак-андак мулку мардумро аз офатҳои азим, харобкорӣ, вартаи бадбахтиву нестӣ мераҳонанд, ҳатто ба истиқлоли сарзамин ва саодати қавми хеш замина мегузоранд.

 

Дар шароити кунунии соҳибистиқлолии мо намунаи олии чунин ватандорӣ ва чунин шахсият Эмомалӣ Раҳмон ва Мактаби давлатдории ӯ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон шахсият ва Пешвои хастанопазир дар роҳи ватандорӣ ва давлатсозӣ мебошад. Аз ҷумла, заминагузорӣ ба тамоми аркони давлатдорӣ, муқаддасоти миллӣ эҳёи забони тоҷик, фарҳангу таърих, арзишҳои тамаддунии миллат, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳабию динӣ аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлатамон ба ҳисоб меравад.

 

Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ яке аз масоилест, ки дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

 

Вазъияти кунунӣ густариши босуръати равандҳои ҷаҳонишавии дар дунё баамалоянда боиси сар задани як қатор хатарҳои ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили буҳрони экологӣ, шиддат гирифтани низоъҳои этникӣ, проблемаҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ мегардад. Муҳим ба ёдоварист, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ болоравии шуури динӣ оғоз гардида, тадриҷан сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани бархе аз ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои тундгароии динӣ-сиёсӣ, ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизби Таҳрир”, “Салафия”, “ҲНИТ”, ки ҳар кадоми онҳо нақшаҳо ва ғаразҳои барои арзишҳои миллию давлатӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан бегона ва мухолифро думболагирӣ мекарданд, сабабгор шуданд.

 

Ҳар яки ин гурўҳҳо эътиқод ва масири худро ҳаққу дуруст шумурда, пайравони дигар дину мазҳаб ва идеологияро ботил медонанд ва барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба дигарон даргир мешаванд. Онҳо барои ҷалб намудани афроди дигар аз роҳу воситаҳои гуногун истифода бурда, нафарони ҷоҳилу бефарҳанг ва хоину ватанфурўшро ба самти худ шомил месозанд. Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, фалсафа ва ба ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръону ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

 

Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат қайд менамоянд, ки «Мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ, ҳамчунин паҳншавии ѓояҳои зўроварӣ, тарѓиботи зараровари мазҳабию идеологӣ ва ба воситаҳои иттилооти омма роҳ ёфтани онҳо мебошад”. Набояд фаромӯш кард, ки муҳимтарин вазифаи дохилии давлат дар фазои иттилоотӣ — сиёсӣ муносибати ҷиддӣ намудан ва пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ аст. Зеро хунукназарӣ дар самти мазкур ба зуҳур гаштани таҳдидҳои нав, аз қабили фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва дигар созмонҳои тундгаро оварда мерасонад. Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ингуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ (профилактика) ва ахбори омма сурат гирад.

 

Барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ғояҳои давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷиҳати илмӣ омӯзиши масъалаи мазкур аҳаммияти зиёди сиёсӣ, фарҳангию динӣ ва стратегӣ дорад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати динии мардуми кишвар, яке аз муҳимтарин воситаҳои шинохти мақсад ва ҳадафҳои нопоки ин ҷараёнҳои ифротии ба ном исломӣ, вале дар асл ғайриисломӣ мебошад. Аз тарафи дигар, таъмини амнияти миллӣ ва давлати миллии мо тақозо менамояд, ки роҳи ҳамагуна зуҳуротҳои ифротӣ дастҷамъона гирифта шавад, то осудагию осоиштагии мамлакат ва бошандагони ҷомеаи мо таъмин гардад.

 

Қадамҳои устувор ва воқеӣ баҳри мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм дар асоси пешгирии амалии зер бояд сурат гирад:

— бароҳмонии мақсаду ғояҳое, ки на танҳо ба минталитет ва манфиатҳои як давлату миллат хос аст, балки он бояд манфиатҳои тамоми миллатҳои сайёраро таҷассум намояд;

— дар шуур ва ботини ҳар як шахс ҷой додан ва пазонидани андешаи ватандўстӣ;

— ҳамарӯза дуруст огоҳ шудан аз ҳодисаву воқеаҳои сиёсии дохилидавлатӣ ва ҷаҳонӣ;

— иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ;

— доштани мавқеи сиёсии солим ва созанда.

 

Дабирҷони МАҲМАД,

ассистенти кафедраи идоракунии

давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия

Похожие записи