ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Президент в ОООН

Мо фақат бо фаъолияти муштарак метавонем, ки ғояҳои наздикшавӣ ва ҳамкориҳои тамаддунҳоро дар амал татбиқ намоем. Эмомалӣ Раҳмон

 

Мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва ривоҷи ҳамкорӣ дар ин самт масъалаи ниҳоят муҳим ва мураккаб аст. Чунки аз муаррифӣ кардани давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ва аз тарзи ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақрибан тамоми соҳаҳои муҳими рушд ва шароити дохилии давлат ва ояндаи он вобаста аст.

 

9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки аз пайдоиши давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат дод. Албатта, ба даст овардани истиқлоли давлатӣ аввалин, волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлатӣ ба ҳисоб меравад. Вале барои давлати навтаъсиси тоҷикон рушди робитаҳои байналмилалӣ барои ташаккулёбии ҳамаи соҳаҳои барои кишвар муҳим аҳамияти хоса дошт. Барои ҳамин ҳам, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ бо кӯшиш ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон умдатарин манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуда, ҳамкории пайвастаро бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таҳким ва густариш дод.

 

Дар ин раванд қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 дар асоси Резолютсияи №46224, ки дар сессияи 46-уми Ассамблеяи генералии СММ қабул шуда буд, ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пазируфта шуд. Бо гузашти як сол баъд аз ба сифати узви чунин созмони бонуфуз  эътироф шудани ҷумҳурӣ 29-уми сентябри соли 1993 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро дар Маҷмаи умумии СММ ҳамчун давлати мустақил, ҷузъи комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ намояндагӣ ва муаррифӣ намуд. Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳои аввалаш таваҷҷуҳи аҳли башарро бештар ба мусоидат намудан ба барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон, ба созиш овардани тарафҳои даргири муноқишаҳои мусаллаҳона, барқарорсозии иқтисодиёти харобгаштаи кишвар ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ҷалб карда буд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пойдор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон аз соли 1997, дар баромадҳои ояндааш нафақат проблемаҳои дохилидавлатии Тоҷикистон, балки проблемаҳои глобалии барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳимро масъалагузорӣ мекард. Хусусан, қазияи бисёрсолаи Афғонистон, ки манбаи асосии хатари паҳншавии терроризму экстремизм ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба аксарияти давлатҳои ҷаҳон аст, масъалаҳои доимии маърузаҳои Эмомалӣ Раҳмон буданд.

 

Натиҷаи чунин масъалагузориҳои асосноки Президенти Тоҷикистон дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонидошта, аз ҷумла оид ба проблемаи таъмини дастрасии мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва шароити санитарӣ буд, ки аввалин маротиба соли 2003 бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд”.

 

Дар соли 1993 ба ғайр аз СММ ёздаҳ созмони байналмилалӣ, амсоли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ карданд.

 

Гуфтан ҷоиз аст, ки аз давраҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳад. Дар ин давра бо пешниҳод ва тавсияҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ (1945 ), Санади хотимавии Ҳелсинки (1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (1948), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф (1984) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ мешуморад.

 

Дигар масъалае, ки мо бояд ба он аҳамияти ҷиддӣ диҳем, ин проблемаи торафт афзудани таҳдиди терроризм, экстремизм ва ташаккулёбии ҷинояткории муташаккилона мебошад. Чуноне ки Президенти кишвар зикр карда буданд, дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

 

Дар ин марҳала барои мақомотҳои марбутаи кишвар пойгоҳи ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомотҳои ваколатдори давлатҳои хориҷӣ сохта шудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналмилалие, ки ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил равона карда шудаанд, эътироф намудааст. Асноди зерин аз ҷумлаи онҳоянд: Конвенсияи СММ ба муқобили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ (2000), Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм (1999), Конвенсияи Шанхай дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм (2001), Конвенсия дар бораи мубориза бар муқобили хариду фурӯши одамон ва истисмори фоҳишагӣ аз ҷониби шахсони сеюм (1950) ва ғайра.

 

Бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба натиҷаҳои ниҳоят назаррас ноил гаштааст. Дар доираи ин созмони минтақавӣ Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст. Беҳуда нест, ки бархе аз олимони сиёсатшиноси бурунмарзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори Федератсияи Россия, Белорусия ва Қазоқистон “локомотиви рушди ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ном мебаранд. Яке аз соҳаҳои ҳамкорӣ дар қатори соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ ин масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва исдирдод намудани ҷинояткорон мебошад, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле ривоҷ ёфтааст.

 

Тақвият додани мубориза бар зидди чунин падидаҳои номатлуб ҳамчун ҷинояткорӣ ва хусусан ҷиноятҳои фаромиллӣ барои давлатҳои ИДМ дар мадди аввал меистад. Барои ҳамин ҳам аз давраи аввали ба даст овардани истиқлолият, давлатҳои аъзои ин созмон ба бастани созишномаҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Хусусан, соли 1993 дар шаҳри Минск аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ ба имзо расид, ки шарт, тартиб ва муҳлатҳои расонидани ёрии ҳуқуқиро пешбинӣ намуд. Баъдан дар байни кишварҳои ИДМ як қатор шартномаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба қабул карда шуданд, ки асноди зерин аз ҷумлаи онҳоянд: Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ (2002), Конвенсия дар бораи бозпас додани ашхоси ба маҳрум шудан аз озоди маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо (1998), Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар бораи бозпас додани ашхоси ба маҳрум шудан аз озодӣ маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо (2004), Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ (1998), Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар бораи истирдод (2000) ва ғайра.

 

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки баъд аз ба даст овардани истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуд, дар мувофиқсозии санадҳои байналмилалие, ки сарчашмаи ҳамкориҳои Тоҷикистон гаштанд, саҳми беандоза гузошта, дар таҳким ва рушди чунин ҳамкориҳо ҷаҳду талош менамояд.

 

Фирӯз РАҶАБОВ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

 и.в. мудири кафедраи идоракунии давлатӣ

ва ҳуқуқи иқтисодии Академия

Похожие записи