ПАЙКИ НАҶОТ ВА ҲАДЯИ ТАЪРИХӢ
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — бунёдгари низоми давлатдорӣ, барқароркунандаи сохти конститутсионӣ, пойдоркунандаи сулҳу ваҳдати миллӣ, эъморгари давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, наҷотдиҳандаи давлату миллат аз нестшавӣ, раҳокунандаи халқ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳадяи таърихӣ ба кулли миллати тоҷик муборак бошад.
Таърихи бою куҳани миллати тоҷик воқеаҳои бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар аввали солҳои 90-ум бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид. Инчунин пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳо дар мамлакат ба вуҷуд омаданд. Дар чунин шароити душвор баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз гардид ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави мамлакат интихоб шуданд.
Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат, барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд. Вақт ва таҷрибаи таърихи 28 соли баъди Иҷлосия исбот намуд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи Иҷлосияи ХVI алтернативаи дигар надошт.
Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд. Иҷлосия тавонист, қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва ба роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Мо дар остонаи ҷашни 28 — солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Халқи тоҷик аз он рӯзи саиду фархунда ва фирӯзу нусратбахш дар бадали 28 сол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои беназирро ба даст овард.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз он ҷиҳат воқеаи таърихист, ки вай ба беҳокимиятии давлату ҷомеаи мо дар он рӯзҳои пурфоҷиа хотима бахшид ва ба саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин дохил гардид. Имрӯз бо гузашти айём бурду бохт, самараи неки Иҷлосияи мазкурро арзёбӣ намуда, ба хулоса омада метавонем, ки вай дар тамоми равандҳои инкишофи ҷомеа саҳми калон бозидааст.
Саҳифаҳои таърих гувоҳи он аст, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳӣ, тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард. Дар он рӯзҳои басо мушкил мақсаду мароми ягона ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад. Вақт, воқеаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва бартараф кардани тамоми душвориҳои бавуҷудомада бо раҳбарии Сарвари сулҳпарвар, адолатхоҳ, маорифпарвар, созанда ва бунёдкор — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки Пешвои миллат аз зумраи он сарвароне мебошанд, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи он бахшиданд. Пешвои миллат зимни суханрони нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат иброз намуда буданд: “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”. Суханрониҳо ва фаъолияти амалии Пешвои миллат дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти сокинони кишварро ба ин роҳбари ҷавону дурбин бештар намуд.
Ба халқи тоҷик Худо сарвареро ҳадя сохт, ки мақсаду маром ва даъвати асосиву доимиашон дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ягонагӣ буда, тавонистанд, барои сарҷамъии мардуми парешони халқи тоҷик муборизаи беамон баранд ва ба ин васила, ба сӯи муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳ кушоянд. Мақсаду ҳадафи асосии фаъолияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ то ба имрӯз барпо намудани сулҳ, ваҳдат ва якдилию якпорчагии Тоҷикистон ва пойдор нигоҳ доштани он дар ҳар хонадони миллати тоҷик буд. Тақдири миллати тоҷик дар иҷлосияи мазкур ҳал гардида, дар ҳамин ҷаласа аввалин сухан, аввалин ҳадаф ва аввалин қадам ба сӯи сулҳ, оромӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон гузошта шуд. Ҳанӯз соли 1992 Сарвари давлат таъкид намудаанд: “Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад…” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди тақдирсози Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ устуворона гуфта буданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам.” Дар он лаҳзаҳо на ҳар кас ҷуръати сухану татбиқи амал мекард. Зеро пайдо намудани фазои солиму созанда байни минтақаҳои гуногуни кишвар дар мадди аввал меистод ва масоили дигар пас аз он.
Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдорӣ, балки эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардаанд. Маҳз кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки мо соҳиби давлат шудему мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор гирифтем. Ҳамин аст, ки имрӯз мардуми шариф ва бонангу номуси тоҷик дар симои Пешвои муаззами миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд.
Дар партави ин талошҳои бесобиқву беназир ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти нотакрори миллат дар бунёди низоми давлатдорӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз кардаанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — иди миллӣ, ба тамоми устодону кормандон, магистрону донишҷӯёни Академия ва тамоми мардуми шарифи кишвар муборак бошад.
Поянда бод Тоҷикистони азиз, бо Пешвои маҳбубу сулҳпарвараш!