ПАЙКИ САРИВАҚТӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат саҳми бағоят бузург доранд.
Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам овард.
Аз аввали солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти низоми иқтисодиёти миллиро тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро анҷом дод. Дар ин самт барои гузаронидани ислоҳот қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд.
Бо дастгирию ҳидоятҳои ин марди хирад Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.
Бо мақсади амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.
Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустиалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад.
Дар охир қайд кардан ба маврид аст,ки хусусан аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва 2 соли мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ эълон гардид, ки барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он дар иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд. Аз ин лиҳоз месазад, ки дар атрофи сарвари худ камари ҳиммат баста, рӯй ба сӯйи фатҳи қуллаҳҳои бузург гузорем.
Шукрулло ШАМСУЛЛОЗОДА,
мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ