РИСОЛАТИ ЗАН-МОДАР ДАР МАХЗАНИ ТАЪРИХ

Иброҳим М.

Одамиро гар Худо овард нахуст,

Одамиятро кунад, модар дуруст.

Занону бонувони тоҷик аз ибтидо то имрӯз дар манбаҳои таърих бо нишони покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ, бомаърифат, далеру тавонманд ва бунёдгари ҷомеаи босубот сабти ном кардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии зан-модарро ситоиш намуда, гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

 

Аз ин лиҳоз нақши зан-модар дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд буда, бо салобату ҷасорати хеш тавонист дар маҳзари тавҷҷуҳи тамаддуни башар ҷойи худро соҳиб гардад.

 

Ба хотираи таърих нигарем, аён мегардад, ки дар бунёди аввалин ҷамоаҳо ва авлодҳо саҳми занон басо бузург аст. Аз ибтидои таърих зан-модар ташкилкунандаи аввалин ҷамоаҳои инсонӣ ба шумор рафта, дар ин замон ҷомеаи тудагӣ пароканда шуда, муносибатҳои хешу таборӣ ва авлодҳо падид омаданд, ки аввалин ҷамоаҳо ва авлодҳо модаршоҳӣ буданд. Меҳнат миёни зану мард баробар тақсим гардида, асоси маҳсулнокӣ ва иқтисоди оила ва авлодро ташкил медод, ки бо ин рисолат зан-модар дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башаррӣ ҷойгоҳи хос дорад.

 

Ба миён омадани афзоиш ва гаронии маҳсулнокӣ мақоми ҳукмфармоии зан-модарро ба зинаи дуюм оварда, ба мақоми мард иваз намуд, ки маънои рабурдани манзалати зан-модарро надошт. Зан модар дар назди оила ва ҷомеа рисолати дуюмӣ тавлиди тифл, тарбия ва дар роҳи дуруст ба воя расонидани насли оянда, нерӯи қавмӣ дар ҷодаи ҳукмфармоии мардҳо боқи монд.

 

Дар дарозои таърих бо матонату ҷасорат ва таҳамтаниаш баҳри ҳимояи фарҳанги милии давлатдорӣ, тавлид ва ба воя расонидани насли ояндасози миллат, ки даҳо ва садҳо бузургонро ба воя расонида то ба имрӯз рисолаташро аз даст надодааст, паҳлуи мардҳо таҳамтани намуда, бо назокту нафосати хосаш дар ҷомеа баробар хизмат менамояд.

 

Дар ин рисолат, мантиқан калимаи таҳамтании зан-модар ишора шуд, пеши назар яке аз аввалин занҳои ҷасуру диловар, дар сафҳаи таърихи фарҳанги милии тоҷикон бо маҳорати таҳамтаниаш маъмул гардида, дар тамаддуни башаррӣ ҷойгоҳи хосро соҳиб гардидааст, малика Томирис мебошад, ки бо маҳорати ҳукмфармоиаш дар набардҳои шадиди қавму қабилавӣ истодагари намуда, қавми худро аз хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Малика Томирис ва ба ин монанд зан-модари фидокору таҳамтан писаронашонро қурбони марг карда, тамоми неруи худро барои ҳифзи фарҳанги милии давлатдорӣ сафарбар намуданд.

 

Дар бархурди Эрону Турон ҷасорати Гурдофарид, дар бархурди Юнону Форс ҷасорати Рухшонаи Суғдӣ ва духтари қаҳрамони халқи тоҷик Спитамени шуҷоъ Апама, дар замони салтанати Сосониён Турондухту Озермидухт-духтарони Хусрави Сосонӣ, ки бо ҳусну латофат, ҷасорат ва таҳамтанӣ қавму қабилро аз разолату хунрезӣ, муқовиматҳои динию мазҳабӣ эмин нигоҳ доштаанд.

 

Дар бархурди тамаддунҳо дар замони ғуруби фарҳанги ориёи зардуштия ва тулуи фарҳанги олии худопарастӣ ислом дар Осиёи Миёна, ки ҳуҷуми арабҳо оғоз гардид, баробар ба қаҳрамонии малика Томирис маликаи бухоро Бухорхудот низ дар муқобили размандагони турку араб истодагари намуд. Бухорхудот зани отифа ва далеру шуҷоъ баҳри ҳифзи мулки Бухоро ва мустақилияти миллати тоҷик мубориз гардида, 7 маротиба пайи ҳуҷумҳои арабҳо истодагарӣ кард. Молу ашё, зару зевар, мардҳои ҷангӣ, аспони хушзоди тоҷикӣ, ҳатто кафшҳояшро баҳри ҳаёти осоиштаи мардуму мулкаш ба гарав монда, Бухороро раҳонид.

 

Бо назардошти муборизаҳо, зан-модар манзалати худро аз даст надода, баракси ҳол бо амри тақдир ва рисолати Паёмбари ислом Муҳаммад (с) мақомаш то дараҷаи аввал Худо пас Модар ҷаҳолату разолати пешаисломиро дар ҷаҳони араб аз байн бурда, ҷойгоҳашро дар посдории фарҳанги олии худошиносӣ пайдо кард. Аз хотираи таърих огоҳӣ дорем, ки дар замони пеш аз ислом дар ҷаҳони араб, манзалати зан-модар то дараҷае поин рафта буд, ки тифли навзод аз ҷинси латифро зинда ба хок мекарданд. Бо раҳмати Худо Сураи Нисо (Занон) нозил шуда, ин ҷаҳолат ва разолати қавми аз миён бурда шуда, ситоиши зан-модар манзалат дода шуд. Худои якто дар Қуръони карим дар боби зан-модар ба ин олиҳа қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Аз ин лиҳоз Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

 

Фарҳанги динии мо тоҷикон, ки ба ислом пайваст, аз ин неъмати тақдир низ зан-модари тоҷик огаҳи дошта, доираи фарҳанги милии худро дар ин муҳити солим парвариш дода, дар руҳияи худошиносию худогоҳӣ, тарбияи дурусти фарзанд, оила ва ҷомеа, дуст доштани Ватан, сарзамин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзу бум, сулҳу суботи сартосарӣ ва тарбияи дурусти Ватандорӣ насли ҷавонро ҳидоят мекунад.

 

Аз ин фармудаҳои таърих бар меояд, ки зан-модар дар қатори дигар муъҷизаҳо беҳтарин муъҷиза буда, Офаридгор онро офарида, ба ӯ зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст.

 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора мекунад, ки «Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад» Шояд ҳамин бепарвоии бархе аз сиёсатмадорони тоҷик дар дарозои таърих бо тақдири миллат буд, ки пас аз барҳам хурдани давлати бузурги Сомониён миллати тоҷик тули 10 аср зери фишангҳои сиёсӣ-иқтисодии қавму қабилҳои бегона монда, аз саҳнаи сиёсат дур монд. Бо назардошти бесару сомониҳои замони ниёгон, модари тоҷик олимону шоирон, ҳунармандону кишоварзон, муборизони истиқлолияти хешро тавлид ва тарбия намуда, баҳри пойдор нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, забон, урфу одатҳои миллӣ маҳаллӣ, расму оинҳо ҳидоят намуд, ки дар ин росто даҳо андарзномаҳо, таърихномаҳо, асарҳои гуногун эҷод шуда, таърих, фарҳанг ва миллати куҳанбунёди тоҷикро дар тамаддуни башар муаррифи намудаанд.

 

Зан-модари бо гардиши даврони таърихӣ ва ба миён омадани сохтори нави ҷамъиятиву сиёсӣ, барқарокунии ҳокимияти Шӯравӣ мубориз гардида, дар барҳам задани хурофоту бегонапарастӣ паҳлуи мардон истодагарӣ намуда, муборизи озодии комили хеш гардиданд.

 

Дар ин мубориза Зайнабиби Қурбонова узви президиум ва раиси Комитети иҷроияи ноҳияи Лақай-тоҷик, дар барқарор кардани сохтори Шӯравӣ Гавҳар Шарифова, Солеҳа Баротова, аввалин занҳое, ки чодар аз сар партофта, барои озодии хеш дар кӯҳистони Тоҷикистон муборизаи беамон бурдаанд Марямбибӣ ва Аламбибӣ мебошанд.

 

Заноне, ки дар маърифатноккунонии халқи тоҷик дар мактабҳои типи нав фаъолият карда, зери зулми хурофот ҷон бохтаанд, Чилабибӣ Ҳакимова, Маълумбибӣ Гадоева, Оламбибӣ Абдуллоева ва Давлатмоҳ Тоҳирова мебошанд. Заноне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидокорӣ кардаанд, комсомолдухтар С. Алибоева, коргарзан Одина Ҳакимова аз аввалинҳо буданд.

 

Қаҳрамонзанҳои муборизи тоҷик дар ҶБВ, ки бо касбу ҳунари худ қаҳрамони нишон дода, дар баланд бардоштани нерӯи зеҳнии насли наврас ва фарҳанги миллӣ ҷойгоҳ доранд, лиётчикзан Ойгул Муҳаммадҷонова, ҳамшираи шафқат А. Исоева, табибзан София Муҳаммадовна, Г. Ҳайдарова, Ҷ. Раҳимова, С. Алибоева ва бисёр дигарон якҷоя бо мардон истода корнамоиҳои ҷангӣ нишон додаанд.

 

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар он мамлакате, ки интизом, меҳнатдустӣ, ягонагӣ ва дустии халқҳо вуҷуд дорад, душман ғолиб баромада наметавонад. Ин мисол бори дигар далели корнамоиҳои зан-модари тоҷик аст, ки дар дақиқаҳои душвор бо матонати мардонагӣ истодагари карда тавонистаанд.

 

Албата кам нестанд чунин зан-модари фидокору қаҳрамон дар лаҳзаҳои барқарор кардани сохтори консититутсионӣ ва ҷодаи рушди босуботи фарҳангии милли тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ. Қадру манзалати зан-модари тоҷик дар хотираи таърих бо фидокориҳою тавонбахшӣ, дасти дуои хайр, муҳаббати самимии бахшандагӣ, зебогию латофат, эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо ҷой гирифта, дар ҷомеаи бунёди низ аз ҷониби сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми баланд дода шудааст.

 

Маҳз ин бузурги аст, ки дар ниёгони асотири тоҷикон бо номи олиҳаи об ва ҳосилхезӣ Аноҳито ва дар тақвими сол моҳе бо номаш Испандоромӯз гузошта шуда, ба сурати фариштаи хоси занони пок ва порсо қаламдод гардида, барои эҳтиром ва пайравӣ аз ин мазҳари пок дар рӯзи испандорҷашн тамоми модарон ва занони порсоро гиромӣ медоштанд. Аз Авесто бар меояд: Бигузор, як рӯзи баҳор рӯзи занон бошад. Дар тақвими ниёгон ин моҳ, бавижа ин рӯз иди занон буд ва мардон ба занон ҳадя медоданд ва ҳанӯз ин расм миёни тоҷикон маъмул аст, ки Рӯзи модар (8 март) ҷашн гирифта мешавад, ки дар замири фарҳанги муосири тоҷикон, қадам ба ҷашни бузург, гиреҳкушои шукуфоии табиат — Наврӯз мебошад.

Мусаламаст, ки саодату сарфарозии ҳар як нафари бедордил аз тинати поку ҳидояти неки модар дар марҳилаҳои гузариши таърих маншаъ гирифтааст.

Зан набошад зебу зинат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо.

Зан набошад нест дар руи замин нақши ҳаёт,

Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.

 

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки фарзонафарзандони миллат айёми валодати давлатдории хеш рисолати зан-модарро пос дошта, ба азамташ арҷ мегузоштанд. Ин рисолат дар зимоми давлатдории муосири тоҷикон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати муқаддасоти мондагори зан-модар нигини тоҷи фарҳанг ва кохи нуру зиё натанҳо шуҳрат, балки посдору дастёр ва шукӯҳи хосса дода шудааст.

 

Иброҳим МАҲМАДОВ,

декани факултети таҳсилоти фосилавӣ

ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия

Похожие записи