РОҲҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МАМЛАКАТ

photo_2020-11-11_14-31-34

Таҳти ин унвон аз 9 то 11 ноябри соли 2020 дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раис ва мутахассисони пешбар оид ба соҳаи кишоварзии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

 

Дар рафти курси мазкур Комилбек Амид Ёрбек — ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Абдуаллимзода Исмоил Иброҳим — ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ, Саъдуллозода Шамсиддин Сафиддин — муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, Авғонов Абдулваҳоб — намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва сухнронӣ намуданд.

Комилбек Амид, зимни суханронии худ иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои стратегияи миллии рушди мамлакат ба ҳисоб рафта, имрӯз дар марҳалаи амалишавӣ қарор дорад. Солҳои охир ба василаи татбиқи он бахши истеҳсолии мамлакат пеш рафта, аз ин ҳисоб сатҳи некуаҳволии мардум низ баланд гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафи стратегӣ ба таври мунтазам тадбирҳои судманд меандешанд.

Зикр шуд, ки роҳҳои пешгирии таъмини амнияти озуқаворӣ боиси арзонии нархи маҳсулот гардида, сокинон қариб ба ҳамаи анвои озуқа дастрасӣ пайдо мекунанд. Раванди татбиқи стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ бо ҷоннок гардидани тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ боиси коҳиш ёфтани арзиши бархе аз номгӯйи хӯрокворӣ гардида, гардиши заминҳои бекорхобида тавассути бунёду барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, тақвияти зоту тухмипарварӣ, ташкили боғу токзорҳои нав ва рушди саноати хӯрокворӣ ҳоло бо маром ҷараён доранд. Агар рушди самтҳои номбаршуда дуруст роҳандозӣ шавад, дар ояндаи наздик Тоҷикистон на танҳо аз лиҳози амнияти ғизо муваффақ мегардад, балки ба ҷумҳурии содироткунандаи маҳсулоти баландсифат мубаддал хоҳад гардид.

Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ қайд намуд, ки имрӯз Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Ҳукумати кишвар фаъолияти худро ба самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Дар охири курс ба шунавандагон “Гувоҳинома”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.